14:53:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ - ШОИРИ ОШИҚ

БА ИФТИХОРИ 80 - СОЛАГИИ ШОИР

МУХТАСАР АЗ ЗИНДАГИНОМА

Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Вай аз синни хурдсолӣ аз падараш зиндаятим монда дар оғӯши гарми модар ва тарбияву меҳрубониҳои вай ба воя расидааст.

loiq-sherali 45895542114554Лоиқ соли 1954 мактаби 7 - солаи деҳааш ва соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро хатм кардааст. Вай соли 1959 бо маслиҳат ва дастгирии бародараш Қоришариф ба Сталинобод (Душанбеи имрӯза) омада, ба факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил мешавад ва соли 1963 онро хатм мекунад. Лоиқ Шералӣ фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон оғоз намуда, сипас ҳамчун корманди рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон", мудири шӯъбаи назми маҷаллаи "Садои Шарқ", мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон , сардабири маҷаллаи адабии "Садои Шарқ" ва дигар вазифаҳо кору фаъолият намуда, аз соли 1991 то поёни ҳаёташ ҳамчун раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кардааст. Мутаассифона, санаи 30 июни соли 2000- ум Лоиқ Шералӣ бар асари сактаи мағзи сар дунёи фониро падруд гуфтанд ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душаебе паҳлуи бузургони адаб дафн карда шудааст. Дар санги мазораш байти зерин аз худи шоир, ки ду сол пеш аз вафоташ васият карда буд, ҳаккокӣ шудааст:

Дар рӯйи замин намонд маъман,

Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.

ОСОРИ ШОИР

Устод Лоиқ Шералӣ ҳанӯз бо эҷод кардани аввалин шеърҳояш мавриди таваҷҷӯҳи бузургони адаб қарор гирифта буд. Чунончи нависандаи барҷастаи тоҷик Сотим Улуғзода баъди хондани нахустин шеърҳояш вайро бо унвони "Шоири ҷавони хеле боистеъдод" ном бурдааст. Шеъре, ки сабаби ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтани вай гаштааст, "Ба модарам" ном дорад ва дар аввалин маҷмӯаи ашъор, ки "Сари сабз" унвон дорад соли 1966 нашр шудааст. Баъдтар маҷмӯаҳои вай бо номҳои "Илҳом"(1968), "Нӯшбод"(1971), "Соҳилҳо"(1972), "Хоки Ватан"(1975), "Резаборон"(1976),"Марди роҳ"(1979), "Варақи санг"(1980), "Хонаи чашм"(1982), "Рӯзи сафед"(1984), "Хонаи дил"(1986), "Офтобборон"(1988), "Ману дарё"(1991), "Ҷоми саршор"(1994) ва охирин маҷмӯа ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш бо номи "Фарёди бефарёдрас"(1997) ба нашр расиданд.

ҶОИЗАҲО

Лоиқ Шералӣ ҳанӯз аз давраи эҷоди нахустин шеърҳояш мавриди таваҷҷуҳи устод Мирзо Турсунзода қарор гирифта буд. Аз ин ҷост, ки вайро соли 1965, ки он вақт хеле ҷавон буд бо назардошти истеъдодаш ба таври истисно ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул мекунанд. Вай соли 1978 барои маҷмӯаҳои "Хоки Ватан" ва "Илҳом аз "Шоҳнома" барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ гашта, инчунин ба унвони "Шоири халқии Тоҷикистон" сарфароз гаштааст. Ғайр аз ин Лоиқ Шералӣ соли 1999 бо Ҷоизаи байналмилалии "Нилуфар" мушарраф гаштааст.

ШОИРИ ОШИҚ

Устод Лоиқ Шералӣ табиатан шоири ишқиясаро, ба гуфтаи ғарбиён "лирик" ва ба гуфтаи худаш "шоири ошиқ" буда, эҷодиёти вай аз шеъри аввалин то ба сурудаҳои охиринаш тааллуқ ба навъҳои гуногуни шеъри ишқия, аз ҷумла, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ошиқона доранд. Чунончи худ фармудааст:

Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам,

Аз хомааам таровиши нақши азал расад.

Шеърҳои ошиқонаи Лоиқ хеле фаровон ва гуногун буда, ҳар касе мувофиқи ҳасби ҳоли худ аз онҳо чизе пайдо карда метавонад. Чуноне ки шоир Гулназар фармудааст: "Байтҳои Лоиқ номаҳои ошиқонаро оро медиҳанд, ҷавонон бо шеъри Лоиқ ишқварзӣ мекунанд". Дар ҳақиқат ҳам чунин аст, шеърҳои вай бо содагӣ, равонӣ ва оҳангнокӣ мавриди қабули хонанда қарор гирифта, лаҳзаҳои пурэҳсоси ҳаётро таҷассум мекунанд. Чунончи дар ин порча шеъри "Дараи Варзоб" омадааст:

Ҳар ду нишастаем,

Дар рӯйи тахтасанг.

Ҷорист рӯди маст,

Пуршӯру бедиранг.

 

Ҳар ду нишастаем,

Беҷурму бегуноҳ,

Дилҳои ташнаком,

Лабҳои бӯсахоҳ...

Дар эҷодиёти Лоиқ жанри ғазал, ки яке аз қолабҳои асосии суннатӣ буда, бештар барои ифодаи мавзӯъҳои ишқӣ созгор аст, мавқеи асосӣ дорад. Муҳаққиқон миқдори ғазалҳои вайро 406 - то гуфтаанд. Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст,

Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,

Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Баски аз пойи равон мондем ҳасрат мекунем,

Аз пайи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.

Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин,

Хештанро гум накардан ҳам санъат будааст.

Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр,

Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.

Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт гар симу зар аст,

Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ муҳаббат будааст.

Умуман, мавзӯи ишқ саросари эҷодиёти устод Лоиқ Шералиро дар бар гирифта, ишқе, ки вай тасвир намудааст, ишқи ҳақиқӣ, самимӣ ва воқеӣ буда, аз маҳорати баланд ва услуби хоси шоирии вай дарак медиҳад.

МАВЗӮИ ВАТАНУ ВАТАНХОҲӢ

Лоиқ Шералӣ дар ашъори ба Ватану ватанхоҳӣ бахшидааш анъанаҳои шеърҳои шоирони давраи аввал, чун Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ ва дигаронро идома додаааст. Вале дар ашъори вай мафҳуми Ватан маънои мушаххас гирифта он аз хурдтарин ашё, мисли сангу хок оғоз гардида, дар маҷмӯъ ба Ватани умумӣ ва ягона, яъне Тоҷикистон пайваст мешавад. Чуноне ки фармудааст:

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ҳамин тариқ осори Лоиқ дорои паҳлуҳои гуногун буда, мавзӯъҳои инсон, ишқ, Ватан, модар, сулҳу ваҳдат, ҳаёти иҷтимоӣ, ахлоқ ва дигар ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегирад. Албатта, дар ин мақолаи кӯчак ва маҳдудшуда бо чанд матолиби иҷмолӣ баёни муфассали онҳо ғайриимкон аст. Аз ин рӯ дар поёни сухан ба тариқи хулоса гуфтаҳои профессор Абдунабӣ Сатторзодаро ҳамчун иқтибос оварда, мутолиаи муфассали осор ва ашъори устод Лоиқро ба хонандаи нуктадону маънисанҷ ҳавола мекунем: "Шинохти шеъри Лоиқ ва шахсияти эҷодии ӯ гарави равнақи ояндаи адабиёт, забон ва фарҳангамон ва омили муассири таҳкими ваҳдати миллатамон ва пойдории истиқлолияти кишварамон мебошад".

Маҳмудҷони Абдулаҳад, "Тахти Қубод"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi