21:03:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДИАЛЕКТИКАИ ҲАЁТУ МАРГ ДАР ШЕЪРИ «МАДҲИЯИ АҶАЛ»-И УСТОД ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Масъалаи ҳаёту марг чун раванди диалектикии таҳаввулу тағйироти олами вуҷуд, аз қадим то ба имрӯз мавзӯи меҳварии афкори фалсафӣ, фарҳангӣ ва ахлоқию динии инсоният аст. Дар қатори андешаҳои мухталифи фалсафӣ, назму насри эҷодкардаи мардуми оддӣ то ба шоирони касбӣ саршор ва моломоли ғояи маргандешӣ, ё ин ки шинохти ҳикмати марг аст.

loiq-sherali 458955465895656Агар ҳама осори назмии эҷодкардаи мардуми тоҷику форсро оиди ин масъала гирдоварӣ намоем, шояд даҳҳо ҷилд китобро ташкил диҳад. Шурӯъ аз маликушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ тавсифи ин мавзӯъ дар эҷодиёти шоирони давру замони гуногун беканора аст. Агар устод Рӯдакӣ дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» манзараи ба марг наздикшавии инсонро қаламдод намудааст, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ дар достонҳои гуногуни он, Саъдии Шерозӣ қариб дар тамоми осораш ба ин мавзӯъ рӯй овардааст ва орифи забардасту мутафаккири ҷаҳоншумул Мавлоно Ҷалолиддини Вахшӣ сар ба сар дар «Маснавӣ» фаровон маргро ҷиҳати худшиносии инсон ситоиш менамояд. Донишманде чун Абӯалӣ ибн Сино, ба гуфти устоди равоншод Сотим Улуғзода –«Пири ҳакимони Машриқзамин» беҳуда ин рубоӣ, ки имрӯз вирди забони хамагон аст, эҷод накардааст:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал,

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Ба таври истисноӣ ягон шоири соҳибдевон ё «гумном»-ро дар фарҳангу адаби мо дарёфтан мушкил аст, ки рӯйи ин мавзӯъ сухан нагуфта бошад. Аз ҷиҳати мантиқию фалсафӣ тамоми ин ашъори сурудашуда, як навъ ҳушдории инсон барои маърифат ва дарку фаҳми воқеии арзиши ҳаёт буда, даъват ба худшиносию худогоҳии фардию иҷтимоӣ ва ҳамзамон саодати дунё ва охиратро таҷассум месозанд. Дар назми муосир, яъне охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 шоирони зиёде дар анвоъи гуногуни шеърӣ, осори хубу хондание ба мерос гузоштаанд, вале аз ҳама бештар шеъри шоираи машҳури эронӣ Фуруғи Фаррухзод бо унвони «Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид», ки овозхони маҳбуб Аҳмад Зоҳир онро бо оҳанги марғубе зам-зама мекунад ва дар назми муосири тоҷик «Мадҳияи аҷал»-и устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ маъруфият доранд.

Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз зумраи шоирони тавоно ва фарохандешаи миллати мост, ки дар ҳама мавзӯоти зиндагӣ бо таҷассуми фалсафаи ишқ, рӯзгор, таърих, фарҳанг, ахлоқ, зебоишиносӣ ва ғ. осори дилчаспу дилнишин ва хотирмоне эҷод намудааст. Устод бо фасоҳату балоғати ҳакимонаи шоирӣ дар масъалаи марг низ манзумаи фалсафие бо номи «Мадҳияи аҷал» ба ёдгор мондааст. Худ эҷоди чунин як шеъри баландмазмун дар мавзӯи зикршуда, ки мо дар осори ягон шоири муосири тоҷик ба ғайр аз устод Муъмин Қаноат вонамехӯрем, шаҳодати завқи баланди шоирӣ, биниши васеъ, паҳноварии андеша ва дар умум як шахсияти нотакрори фарҳангу адабиёти замони мо будани устод Лоиқ аст. Агар ба таъбири устоди соҳибэҳтиром ва некном, шодравон Худоӣ Шарифзода бигӯем:«Сухани шоир ва нависанда бозгӯии ҳунар, маърифату дониш ва маҷмӯан шахсияти вай аст».

Устод Лоиқ дар ин шеър бори дигар ҳунари волои шоирӣ ва дидгоҳи хоси худро дар тарҳи яке аз масъалаҳои мубрами башарӣ, масъалаи марг ба намоиш мегузорад. Аҷобат ин аст, ки устод дар пайравӣ ба дигар бузургони шеъру адаби мо маргро чун як ҳодисаи воқеӣ ва табиӣ, на мазаммату накӯҳиш, балки ситоиш мекунад. Ин гуфтаҳо дар ибтидо ва оғози ҳар банди шеър, ки бо мисраи «Меситоям маргро» шуруъ мешаванд, собитанд. Шоир диалектикаи ҳаёту маргро чун як раванд ва ҳодисаи таваллуду таҳаввули дунёи ҳастӣ, ба қалам дода, хонандаро дар шинохти ин тазодҳои ҳастӣ ба фикру андешаи дуруст равона ва водор месозад. Дар панҷ мисраи аввали шеър, ӯ маргро чун табиат ва муҳаббат-офаридгор, дар халоққият чун модар ва барои ҷомеа на қонуншикан, балки қонунгар ба тасвир меорад. Устод маргро василаи офаридани «зиндагии тозарӯ» ва оварандаи «наслҳои тозаҷӯ» медонад ва ба ин сабаб мегӯяд, ки «Маргро беҳуда коҳиш мекунанд, Барабас аз дасти ӯ фарёду нолиш мекунанд». Дар мисраъҳои баъдии шеър, назари ӯ ба устод Рӯдакӣ монандӣ дорад, зеро раванди пиршавии ҷисму ҷони инсонро ба риштаи назм кашида, таъкид месозад, ки аз ин ҳолати ҳузнангез ва ғамангези зиндагӣ, яъне дардмандию ранҷу азоби пирӣ фақат ва фақат марг аст, ки инсонро мераҳонад:

Меситоям маргро!

Хоса он аст, ки ӯро одамизод интизор аст,

Хоса он соат, ки пири маслухе

Синааш абгору чашмаш бешарор аст,

Дар раҳи ӯ чашми чор аст.

Аз фишору зиллату ранҷу ано

Лобаҳо дорад ба даргоҳи Худо:

Эй Худоё, марги осонам бидеҳ!

Интиҳои коҳиши ҷонам бидеҳ!

Шоир маргро василаи навшавии дунё, навоварию навгонии олам тавсиф карда, онро ба барфи нав, ки боиси покӣ ва мутаҳҳаршавии табиат аст, ташбеҳ медиҳад:

Меситоям маргро!

Ки мисоли барфи нав

Оби дарёро мутаҳҳар мекунад,

Зиндагиро мекунад таҷдидҳо

Кушта моро мекунад тавлидҳо.

Лоиқ дар ин шеъраш маргро мабдаи ба вуҷудоии оламу одами нав, ҳастии нав, зиндагии нав тавсифу ситоиш мекунад, то он ҷое, ки мегӯяд:

Меситоям маргро!

Баҳри он ки гар Дақиқиро намекушт,

Номе аз Фирдавсии тӯсӣ намебуд.

Марг воқеае аст, ки барои ҷомеаи инсонӣ хушоянд нест ва агар ба фарзияи маъмулӣ бигӯем, ҳеҷ кас мурдан намехоҳад. Мутаасифона на ҳама ба пирӣ мерасанд, қисмате аз одамон дар тифлию хурдсолӣ, бархе дар ҷавонӣ, сеюмӣ дар миёнасолӣ ба марг рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин ба пирӣ расидани инсонро ва ба марги табиӣ -дарвақтӣ вафот ёфтанашро дар ҳикмати мардуми мо «давлати одам» меноманд. Устод Лоиқ ҳам ба ин ибораи маъруфи халқӣ такя карда, дар шеъри мазкур мурдани дарвақтии инсонро сазовори табрику муборакбодиҳо медонад:

Пас чунон ки зодани одам сазовори

                                           муборакбодиҳост,

Мурдани дар вақти ӯ ҳам лоиқи табрикҳост

Пас барои мурдани дар вақт бояд шод буд

Пас барои мурдани дар вақт ҳам бояд сазовори

                                                         муборакбод буд!

Умуман, шоир нисбати ин ҳодиса хушбин ҳаст ва дар охири шеъраш низ бори дигар маргро ситоишу ҳамду сано хонда, онро «кашонандаи зиндагӣ сӯйи фардо» меномад ва зиндагиро бе марг як «қолаби афсурда» ва як» саҳнаи пурмурда» медонад ва ба ин мазмун мегӯяд:

Меситоям маргро!

Ҳамду сано мехонамаш!

Чунки бе ӯ зиндагӣ як қолаби афсурдааст…

Чунки бе ӯ зиндагӣ як саҳнаи пурмурда аст.

Матни пурраи шеъри «Мадҳияи аҷал»-и устод Лоиқ Шералӣ чунин аст:

Меситоям маргро!

Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди табиат.

Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди муҳаббат,

Баски ӯ дар халлоқият чун модар аст,

Дар назар қонуншикан бошад,

вале қонунгар аст.

Меситоям маргро!

Мурдаҳоро аз сари раҳ мерабояд,

То ки насли тоза ояд, пешпо нохӯрда

бар он мурдаҳо

Ҷониби оянда осон бигзарад.

Меситоям маргро!

Зиндагии тозарӯ меофарад.

Наслҳои тозаҷӯ меоварад.

Маргро беҳуда коҳиш мекунанд.

Барабас аз дасти ӯ фарёду

нолиш мекунанд.

Ҷурми ӯ нест!

Ҷурм ҷурми зиндагист!

Зиндагӣ аз рӯзи зодан то ба баъд

Мурдани пай дар пай аст,

Марг бар он нуктаи таммат гузорад.

Қомати хамгашта аз тазйиқи бори рӯзгор.

Дастҳои раъшадор,

Чашмҳои обрав

Гӯшони кар

Узвҳо коҳида аз ҳам рехта,

Устухонҳо об гашта,

Бандҳо бигсехта,

Сар дигар фикре надорад ғайри мурдан…

Дар ҳамин соат аҷал

Мешитобад зуд бар имдоди мо.

Ӯ фақат дар ин ҷаҳон,

ки кай ба доди мо расад

Мерасад бар доди мо

Меситоям маргро!

Кушта наслеро, ки баҳри зиндагонӣ мурдааст,

Насли дигарро музаффар мекунад.

Зиндагониро ҷавонтар мекунад.

Меситоям маргро!

Ки мисоли барфи нав

Оби дарёро мутаҳҳар мекунад,

Зиндагиро мекунад таҷдидҳо,

Кушта моро мекунад тавлидҳо!

Хоса он аст, ки ӯро одамизод интизор аст.

Хоса он аст, ки ӯро пири маслухе

Синааш абгору чашмаш бешарор аст.

Дар раҳи ӯ чашми чор аст

Аз фишори зиллату ранҷи ано

Лобаҳо дорад ба даргоҳи Худо

Эй Худоё, марги осонам бидеҳ!

Интиҳои коҳиши ҷонам бидеҳ!

Меситоям маргро!

Меситоям маргро, ки зиндагиро тоза медорад,

Ҷойи холӣ мекунад бар наслҳои навписанд,

Ҷойи холӣ мекунад бар бузрукони ҳушманд.

Меситоям маргро!

Баҳри он ки гар Дақиқиро намекушт,

Номе аз Фирдавсии Тусӣ набуд!

Мурдани мо ҳам ба сони зодани мо

Зиндагиро нав кунад.

Пас чунон ки зодани одам сазовори муборакбодҳост,

Мурдани дар вақти ӯ ҳам лоиқи табрикҳост.

Пас барои мурдани дарвақт бояд шод буд.

Пас барои мурдани дарвақт ҳам бояд

сазовори муборакбод буд!

Меситоям маргро бо он ки моро мекушад!

Меситоям маргро, ки зиндагиро сӯйи фардо мекашад!

Меситоям маргро!

Ҳамду сано мехонамаш!

Чунки бе ӯ зиндагӣ як қолаби афсурда аст,

Чунки бе ӯ зиндагӣ як саҳнаи пурмурда аст…

Мирзоҳусайни Бадалипур, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи

таърихи фалсафа ва фалсафи иҷтимоии факултаи фалсафаи ДМТ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi