14:26:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВОЛОХИРАД

Солҳо мегузарад вале хотираҳо боқӣ мемонад, хубиву бадӣ, шириниву талхӣ, зебоиву зиштӣ, яъне ҳеҷ чизро набояд фаромӯш кард ва ҳақиқатро ба хотири таърих бояд донисту гуфт.

2021 Jurabek Nazri 2021Ҳарчанд ҳастанд «аъломаҳое», ки дар асари бедонишиву ноогоҳӣ, ё манфиат, ё бухлу ҳасаду нотавонбинӣ сиёҳро сафед мегӯянду мардумро ба сӯи саҳву хато мебаранд, ончиро менависанду мегӯянд, ки набояд набишту гуфт ва мутаассифона касеро ҳам коре нест. Ҳарфи бузургон аст, ки:

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Ин чунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Ибтидои тобистони соли 1967 буд. Вазири маданияти он вақт устод Меҳрубон Назаров маро ба ҳузур даъват карду гуфт: «Алиризо, ману Гурминҷ (ҳунарманди маъруф Гурминҷ Завқибековро дар назар дошт) дирӯз дар деҳаи Охтоқи ноҳияи Ленин меҳмони раиси колхози Телман Муродалӣ Ашуров будем. Дар ин нишаст як ҷавон, бо номи Ҷӯрабек барои мо суруд хонд, суруд не, савти ҳазор. Садои хушу муборак, лаҳни бисёр ширин, мусиқии дилкаш ва ҳар чӣ мехонд суруди маънӣ буд. Мо рафтанӣ будем, вале ба хотири шунидани ин ҷавон беш аз чаҳор соат нишастем. Ӯро пайдо намо ва дар сафарҳои ҳунарии дастаи консертиатон (он замон дар назди Театри академикии ба номи А. Лоҳутӣ дастаи ҳунарие фаъолият мекард ва ҳунармандони маъруф Карим Раҳимов, Барот Яхшиев, Малик Раҳматуллоев, Шукрихудо Хоҷаев ва дигарон ҷузви ин даста буданд) аз ӯ истифода кун. Номаш Ҷӯрабек, фамилияаш Назриев. Ӯ ҳоло донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи таъриху филологияи Университет аст. Зери назорат бигир то баъди хатми донишгоҳ ба Филармонияи давлатӣ ба кор биояд». Меҳрубон Назаров ин одатро дошт, истеъдод ҷустуҷӯ мекард. Аз устод суол кардам, ки Ҷӯрабеки гуфтагиатон аз кадом ҳофиз пайравӣ мекунад, суруди киро мехонад? (Он замон ҳунармандони афғонистонӣ Ҳафизулло Хаёл, Сорбон, Залонд ва ғайра, ҳамчунин ҳунармандони тоҷикистонӣ Акашариф Ҷӯраеви бузург, Абдулло Назриев, Одина Ҳошимов, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Хуршед Алидодов, Барно Исҳоқова, Лайло Шарифова, Иброҳим Кобулиев, Карим Раҳимов, Барот Яхшиев ва амсоли инҳо шӯҳрат доштанд). Эшон дар ҷавоб гуфт, ки суруди худашро мехонад, ҳатто «Қалъабандӣ»-и Акашарифро бо тарзи худ, устодона иҷро мекунад. Аҷиб он аст, ки дар яккахонӣ бори аввал дидам асбоби баян хуб истифода мешавад. Баяннавозаш Шайхалӣ ном ҷавони бадахшонӣ аст. Ҷӯрабек чунон хуб мехонад, ки мегӯӣ таълими садҳо устодро гирифта бошад. Ӯро пайдо кун, худат мебинӣ, ки чӣ истеъдоде дорад». Гурминҷ ҳам андешаҳои устод Меҳрубон Назаровро даҳчанд афзуд. Медонистам, ки Гурминҷ ҳар овозхонро қабул надорад. Вале ин ҷавонро ва ҳунари ӯро чунон васф кард, ки ман низ моили мулоқоти Ҷӯрабек шудам. Пайдо карданаш мушкилие эъҷод накард. Дар театр Юсуфҷон Кабиров ном дойранавози соҳибистеъдоде буд, ки Ҷӯрабекро хуб мешинохтаву дар ҷашну сур бо ӯ ҳамкорӣ доштааст. Ӯ низ зикри истеъдоди фавқулфавқашро кард. Аз ҷумла «бо вуҷуди он, ки ҷавон асту ҳунарманди касбӣ нест маъруфтарин ва соҳибистеъдодтарин ҳунарманди соҳибунвон ҳам дар маҳфилҳо наметавонад бо ӯ баробарӣ кунад» гуфтанаш боз ҳам шавқи маро ба дидани ӯ афзуд. Юсуфҷон ваъда кард, ки Ҷӯрабекро ба театр меоварад.

Рӯзи дигар мулоқоти мо баргузор шуд. Ҷӯрабек ба театр омад. Ҷавони лоғарандоми болобаланду бисьёр нуронӣ. Аз тарзи либоспушӣ ва муносибати хубу сӯҳбати гуворояш маълум буд, ки ҷавони оддӣ нест. Ҳинӣ сӯҳбат ман он чиро, ки устод Меҳрубон Назаров гуфта буд ба ӯ расондам. Дар ҷавоб бо як хоксорӣ, «ин бузургии устод аст. Беҳуда нест, ки номи муборакаш Меҳрубон аст, вагарна ман куҷову ҳунар куҷо». Сӯҳбаташро дарёфтам, вале ҳоло бо ҳунараш ошно набудам. Ҳарчанд маълум буд, ки соҳиби истеъдоди баланд метавонад чунин муомила кунад. Шиносоӣ бо ин ҷавон хеле хушу гуворо буд.

Баъди ду-се рӯзи сӯҳбат Собирҷон Хоҷаев ном дӯстам, ки он замон роҳбари Нашриёти «Ирфон» буд, маҳфиле оросту чанд нафар, аз ҷумла маро низ ба меҳмонӣ даъват кард ва хушбахтона дидам, ки Ҷӯрабек ҳам он ҷо ҳузур дошт. Ҳавлии дӯстам дар баландии кӯчаи Карамов, боғи дилкушо, дарахтони мевадор, гулҳои рангоранг, дастархони пур аз нозу неъмат. Даъватшудагон низ инсонҳои маъруфу машҳур буданд, мисли Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Меҳрубон Назаров, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ҳақназар Назаров, Зоҳири Аҳрорӣ, Сафар Ниёзов, Қандил Ҷӯраев ва дигарон. Чанд даъфа қадаҳҳо лабрез шуд ва ниҳоят мизбон боз хушомад карду бо як меҳрубоние гуфт: «Мо ин ҷавонро, ки номаш Ҷӯрабек аст, даъват кардем то маҷлиси моро фараҳ бахшад. Нав ба 21 қадам гузоштааст, вале ҳунараш гӯе садсола». Мо кӣ медонистем, ҳарфи ӯро ҷиддӣ қабул кардем, вале онҳое, ки намешинохтандаш сухани соҳибхонаро як навъ лутф донистанд. Ҷӯрабек бо тору баяннавозу тавлакчӣ ҳамроҳ ба навохтану суруд хондан шурӯъ карданд. Садои тору баян ва овози хуши ӯ ҳамаро моту мабҳут кард. Ҳама ором ва ҳайрон. Бори аввал буд, ки дар ҳунари яккахонӣ баян истифода мешуд ва бори аввал буд, ки аксар садои ширини баянро мешуниданд. Тоҷикона мехонд, вале шунаванда гӯё дар осмони ҳунари Ҳинду Покистону Афғонистону Эрону кишварҳои арабӣ парвоз мекарда бошад. Дар аввал бо тарзи шаҳд чанд рубоӣ хонд. Аз ҷумла:

Одина ба бозор шудам вақти намоз,

Чуғзе дидам, нашаста бар сина-ш боз.

Он чуғз сухан кард ба овози дароз,

Ҳар кас кӣ ситам кунад, ситам бинад боз.

Ва баъд як ғазали Ҷомӣ, ки байти аввалаш ин буд:

Ҳама як сӯ бувад, нодидани он гулбадан як сӯ,

Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи ватан як сӯ…

Ва ниҳоят ғазали маъруферо, ки аз пирони ҳунар дар Бадахшон шунида будаму матлаъаш:

Ман Сикандар нестам, фикри ҷаҳондорӣ кунам,

Нестам Довуд то дар арш хушхонӣ кунам…

– ро сароид. Ҳозирин ҳама шефта ва хоҳиш мекарданд, ки Ҷӯрабек хонаду хонад. Ҳозирин қадаҳ мебардоштанду Ҷӯрабек месароид. Сӯҳбати чандсоатаи мо гӯё лаҳзае буд ва ин байт ёдам омад:

Ман шунидам, ки ҷони ҷононӣ,

Чун бидидам, ҳазор чандонӣ.

Ҳамкориҳои мо шуруъ шуд. Тобистони ҳамон сол, вақти таътил аз Ҷӯрабек Назрӣ хоҳиш кардам, ки бо ҳайати ҳунарии театр ба водии Қаротегин сафар кунад. Ӯ қабул кард ва баъди сафар Юсуфи дойранавоз қиссаи ҳунари ӯро гуфт. Дар байн мебаромад, вале то 6-7 суруд намехонд намегузоштанд равад. Ҳар кас, ки суруди ӯро мешунид мухлисаш мешуд. Ва ҳар ҷо ки баромад мекард мухлисон аз дунболаш мерафтанд, ки борҳо бишнавандаш. Баъди сафари водии Қаротегин даҳҳо нафар, бо андешаи он, ки Ҷӯрабек корманди театр аст ба ман муроҷиат мекарданд, ки маърака дорему мардум Ҷӯрабекро мехоҳанд. Дар ҷавоб, ӯ корманди мо нест мегуфтаму халос мешудам.

Тибқи ваъда, баъди хатми Университет ӯро ба назди вазир Меҳрубон Назаров даъват кардем ва сари мавзӯи ба Филармонияи давлатӣ омаданаш сӯҳбат намудем ва пешниҳод ҳам шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳиби хона мешавӣ, гурӯҳи худро таъсис медиҳӣ ва бо ин истеъдоде, ки дорӣ маълум, ки зуд соҳиби унвон ҳам мешавӣ ва ғайра. Дар ҷавоб, «устод, ман дар хидмати Шумо, ҳар чӣ фармоед аз рӯи имкон иҷро мекунам, ба сафарҳои ҳунарӣ ҳам меравам, вале имкони ба кор омаданро надорам, зеро ба аспирантура пешниҳод шудам». Он замон ба аспирантура пешниҳод шудан дар ҳақиқат ифтихор буд. Вазир ҳарфи ӯро қабул кард.

Мо ҳамкорӣ доштем. Мушкилии план пеш меомад аз ӯ истифода мекардем. Бисёрҳо мешуд, ки шахсони масъули сатҳи баланд хоҳиш мекарданд, ки Ҷӯрабекро ба маҳфилу маҷлисҳояшон бибарем. Ҳеҷ набуд, ки ӯ рад кунад. Дар консертҳои расмии ҳукуматӣ низ аз ӯ истифода мешуд.

Акнун Ҷӯрабек Назрӣ гули сарсабади олами ҳунар, ҳама ҷо мухлису ҳама ҷо эҳтиром. Қариб ҳар ҳафта бо хоҳиш консерташро, сурудҳояшро аз тариқи раидо ва телевизион пахш мекарданд. Сурудаш илҳомбахши ошиқони ҳунар буд, хоса ҷавонон, ки мехостанд ба ӯ монанд бошанд, мисли ӯ сару либос пӯшанд, мисли ӯ суруд бихонанд ва дидем, ки бисёре аз пайравонаш дар ҳунар ва зиндагӣ муваффақ шуданд. Ба қавли шогирдонаш, ки баъзеи онҳо имрӯз ба мақоми баланд расидаанду соҳиби унвонҳои баланд гардидаанд, мегӯянд Устоди мо дар ҳафта ҳафт рӯз дар тӯю сури мардум даъват мешуд ва ширкаташ боиси ифтихору сарфарозии соҳибони маҳфилу маъракаҳо буд.

Августи соли 1977 ҳеҷ аз ёдам намеравад. Супориш шуд, ки чун рамзи дӯстиву бародарӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандони Осиёи Миёна ва Қафқоз дар майдонҳои варзишии ҷумҳурӣ консертҳо баргузор шавад. Аз Тоҷикистон маъруфтарин ҳунармандон ва дастаҳои рақсӣ, аз Озарбойҷон Назокат Мамедова, аз Узбекистон Бобомурод Ҳамдамов ва ғайраҳо даъват шуданд. Чун консерти сатҳи баланд буд Ҷӯрабек Назриро низ даъват кардем. Пеш аз шурӯъи кор бо ҳама ҳунармандон мулоқот кардем ва пешниҳод шуд, ки овозхонҳо ба ҷуз як суруд бештар нахонанд ва агар сахт талаб шуд бо иҷозат мешавад як суруд илова хонд, зеро ширкаткунандагон зиёданду вақт маҳдуд. Маслиҳат шуд, ки консертро ҳунарманди маъруфи Озарбайҷон Назокатбону ҳусни анҷом бибахшад.

Намоиши ҳунарии аввалини мо дар майдони варзишии ба номи Фрунзеи пойтахти кишвар баргузор шуд. Майдон пур аз тамошобин. Он замон ҳама зинда мехонданд, зеро барои беҳунарон дар майдони ҳунар роҳ набуд. Сониян фонограмма ба қавли баъзеҳо «мурда»хондан барои шунаванда як навъ таҳқир буд. Консерт шурӯъ шуд, баъди чанд нафар баранда Ҷӯрабек Назриро эълон кард. Мавҷи қарсақ ҳама ҷоро фаро гирифт. Ҷӯрабек мисли ҳар вақт бо тору мандалину баяну таблак рӯи саҳна омад. Як суруд, ду суруд, се суруд, ва чаҳор суруд хонд. Истиқболи гарм, мардум аз саҳна рафтани ӯро намехостанд. Масъули баргузории консерт худи ман будам. Аз хонданаш чунон завқ бурдам, ки маслиҳати бударо фаромӯш кардам, вале Ҷӯрабек Назрӣ боз бо хираду ҳозирҷавобии хеш рӯ ба сомеон оварду гуфт, «ман ҳозирам то субҳ барои шумо азизон суруд бихонам вале барнома имкон намедиҳад. Иншооллоҳ даъфаи дигар хидмататон ҳастам». Албатта хубу хуш хондани Ҷӯрабек Назрӣ боиси ранҷиши баъзе ҳунармандони соҳибунвону соҳибмақом гардид ва аз «боло» ишораҳое ҳам шуд. Дар ҷавоб гуфтам, ки чӣ кунам кӣ ӯ ҳунари воло дорад. Ҳунармандони номдор бо як ё ду суруд вазифаашонро анҷом доданд. Танҳо Назокатбону бо чаҳор суруд консертро ҳусни анҷом бахшид. Дар майдони варзишии ноҳияи Ленин, Колхозобод, Қумсангир низ ҳамин ҳолат рух дод. Рӯзи дигар телефони зиёду изҳори сипос шуд. Аз хонданҳои Ҷӯрабеку Назокатбону ба некӣ ёд карданд. Ҳамон рӯз Бобомурод Ҳамдамов ва баъдтар Назокатбону ба дафтари кории ман ташриф оварданду таасуроти хуби хешро аз ин консерт гуфтанд. Пурсидам, чӣ хуб буду чӣ бад, чӣ пешниҳод доред? Дар ҷавоб Назокатбону изҳор кард, ки ҳама чиз хуб буд, ҳама хуб ҳунарнамоӣ карданд. Вале он чӣ кӣ моро ба ваҷд овард сурудҳои Ҷӯрабек Назриев буд. Дар ҳақиқат Худо ӯро барои саҳна офаридааст – садои зебо, мусиқии зебо, қаду қомати зебо. Аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунад. Вақте шахсияту унвони ҳунарии ӯро пурсидем, гуфтанд, ки ходими илм аст, номзади илмҳои филология, вале унвони ҳунарӣ надорад. Ҳайф аст, ки ба таври расмӣ ҳунари ӯро қадр накардаанд. Бобомурод Ҳамдамов ҳам ҳамин ҳарфҳоро гуфту ҳунари Ҷӯрабекро бисёр васф кард. Гуфтам, ки ман ҳам мухлиси ин ҳунармандам ва хуб медонам, ки баландтарин унвонро сазовор аст. Вале баъзе қонунҳои бади қолабӣ дорем, ки мушкилӣ пеш меоварад. Агар хоҳед шуморо бо Ҷӯрабек ошно созам. Ташаккур, мо худамон шаб дар майдони ҳунарӣ барои арзи сипос ва шинос шудан наздаш рафтем. Имрӯз вақт гузоштем, ки бо ӯ мулоқот кунем.

Боиси ифтихор буд, ки ду ҳунарманди машҳури ду кишвари дӯсту бародар ба ҳунарманди тоҷик ин қадар таваҷҷуҳ кардаанд ва мисраҳои зерини Ҳакими Тус ёдам омад:

Зи доно бипурсид пас додгар,

Кӣ фарҳанг беҳтар бувад, ё гуҳар.

Чунин дод посух бад-ӯ раҳнамун,

Кӣ фарҳанг бошад зи гавҳар фузун.

Муссалам аст, ки бузургии ҳунари Ҷӯрабек аз дониши баланди ӯст ва хуб гуфтаанд, ки «Ба дониш бувад мардро обруй» ва Худованд обруй ва эҳтироми зиёдро насибаш гардондааст, ки муборакаш бод!

Мақсади мо аз сиёҳ кардани қоғази сафед зикри ҳунари Ҷӯрабек Назрӣ аст, ҳарчанд ба қавли шоири тавоно Мӯъмин Қаноат «Ҷӯрабек Назрӣ шахсияти ҳамафаслӣ ва бисёрқутба аст. Дониши амиқ ва фикри расо дорад. Дар сӯҳбатҳо зоҳир мегардад, ки мардест каримулъасл, шарифулъирз, дақиқунназар, амиқулфикр ва соқибураъй» (Родмарди андеша ва ҳунар, Душанбе, 2007 саҳ15). Аз донишмандони маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод ва Ҳақназар Назаров низ чандин даъфа зикри хайри Ҷӯрабекро шунида будам. Покӣ, озодагӣ, одамият, дониши амиқ хираду фазилат ва марди донову роҳбари тавоно будани ӯро мегуфтанд. Аз Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ «рафтани» Ҷӯрабекро аксар фоли бад пиндоштанд. Афсӯс мехӯрданд, аксар дар ақидае буданд, ки солҳои бесоҳибии кишвар маҳз Ҷӯрабек буд, ки хазинаи нусхаҳои кишварро ҳифз кард. Ҳазорҳо нусхаҳои хаттӣ, чопи сангӣ ва китобҳои чопи муосирро ройгон вориди ганҷина сохт, соҳибназаронро нагузошт, ки аз Институт бираванд, балки фазое фароҳам овард, ки донишмандони зиёде мехостанд узви ин даргоҳи илм бошанд. Баъди аз кор «рафтани» Ҷӯрабек Назрӣ боре аз назди Институт мегузаштам, ки бо донишмандони маъруф Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимордонов (руҳашон шод бошад) рӯ ба рӯ омадам. Гарм салому ҳолпурсӣ кардем. Бинам ранҷидахотир менамуданд. Шӯхиомез гуфтам черазабониву чеҳрафурӯзи куҷост? Зоҳир Аҳрорӣ дар ҷавоб: «Чӣ гӯям, ки ногуфтанам беҳтар аст». Нав ба қадри Ҷӯрабек расидем». Чунин ба назар мерасад, ки Ҷӯрабек ҳама хубиҳоро, меҳру муҳаббатро, дӯстиву рафоқатро, одамиятро, ҳама муқаддасотро бо худ бурду зиштиҳоро боқӣ гузошт. Дар Институт моҳии берун аз об шудем. Ариза навиштам, ки аз кор биравам, Амрияздон намегузорад ва чанд гилаи дигар пеш овард. Амрияздон дар ҷавоб, пояи устувор дар Институт Шумоед. Шумо равед, ман равам, кӣ мемонад? Таҳаммул бояд кард, ин ҳам мегузарад. Худи ман ҳам дар ҳамин ҳолам. Вақте вориди Институт мешавам, хаёл мекунам, ки мисли пеш симои Ҷӯрабеки азизро мебинам, суханҳои ширину гуворои ӯро мешунавам. Чун ба худ меоям мебинам, ки ҳама хобу хаёле аст. «Ёд бод, он рузгорон ёд бод», мегӯяму вориди дафтар мешавам, ба умеде, ки набинам он чиро, ки нодиданист. Шукр, ки Шумо ҳастед. Худам ҳам оқибати Институтро хуш намебинам. Боз бинем, ки аз Худои олам чӣ бармеояд? Аз чанд нафари дигар ҳамин ҳарфҳоро шунидам ва оқибат ҳамон шуд, ки гуфтанд.

Чиҳилу се сол аст, ки ман ин марди ҳунарманду хирадмандро мешиносам ва эҳтиром мекунам, мисли ҳамае онҳое, ки фазилату ҳунару шахсияти ӯро аз наздик хуб медонанду аз дӯстиаш ифтихор доранд.

Ман танҳо ду лаҳзаро мисол овардам, ки худам шоҳид будам. Бо Ҷӯрабек Назрӣ ҳам дар театри Лоҳутӣ, ҳам дар Филармонияи давлатӣ даҳҳо чунин консертҳо баргузор кардем, таърифу тавсиф ва ҳамду сано шунидем. Дар консертҳое, ки дар шаҳри Душанбе ва атроф баргузор мешуд худам ба сифати тамошобин ба хотири лаззати маънавӣ бурдан иштирок мекардам. Медидам, ки мардум бо ӯ ҳамовоз мешуданд. Махсусан дар хондани сурудҳои «Шудам ошиқ», «Аз дасти ғамат», «Эй подшаҳи хубон», «Ашк», «Ман тарабам», «Суруди анҷум», «Модари ман» ва ғайра.

Ҳеҷ ёдам намеравад, ки соли 1973 дар зали консертии Филармония давлатӣ консерти Ҷӯрабек ду рӯз пайи ҳам баргузор шуд. Ду рӯз ҳам толор пур аз тамошобин буд. Мӯҳлати консерт одатан то якуним соат қабул шудааст, вале дар хондани Ҷӯрабек дар ҳар ду рӯз ҳам вақт риоя нашуд. Ним соат шогирдон ва на камтар аз се соат худаш мехонд, мардум намегузоштанд, ки ӯ аз саҳна биравад ва аксар сурудҳоро бо Ҷӯрабек замзама мекарданд. Дар консерти рӯзи аввал аз ӯ хоҳиш карданд, ки суруди «Менигарему меравем»-ро бо ҳозирин такрор бихонад:

Ҳастии мо низоми мо, мастии мо хироми мо,

Гардиши бемақоми мо, зиндагии давоми мо,

Даври фалак ба коми мо, менигарему меравем.

Ҳоло ҳам лаззати он сурудро фаромӯш накардаам.

Бисёре аз фарҳангиён мегӯянд, ки солҳои ҳафтоду-ҳаштоди қарни бист Ҷӯрабек Назрӣ дар ҳунари мусиқӣ ва сурудхонӣ бозсозӣ кард. Иштибоҳ намекунанд, ман ҳам дар ин ақидаам. Ҳатто аксари ҳунармандони маъруфи мо дар доираи минтақа мечархиданд, вале ҳанӯз ибтидои солҳои ҳафтодум маълум буд,ки суруди Ҷӯрабек Назрӣ маҳаллу минтақа надорад, балки барояш «Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид ҷӣ куништ». Бо тору баяну мандалину таблаку оҳангҳои офаридааш, бо сурудҳои баландмазмун ва садои довудиаш дар ҳунар нақши носутурданӣ гузошт. Тоҷикона, ошиқона ва орифона хонд ва инро касе дарк мекунад, ки аз олами суруду мусиқӣ огаҳӣ дорад ва бо шахсияти Ҷӯрабеку ҳунари ӯ хуб ошно аст.

Ҷӯрабек унвонҳои зиёде дорад – доктори илм, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, узви Иттифоқи нависандагон, Арбоби шоистаи РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Албатта ин ҳама унвон аст ва унводорҳо ҳам кам нестанд… Унвони ҳақиқӣ бо ахлоқи ҳамида, бо рафтору кирдору гуфтору пиндори нек дар ҷомеа, байни мардум эътибору эҳтиром пайдо кардан аст» - мегӯяд худи Ҷӯрабек Назриев.

Ҳарфи профессор Қосимшоҳ Искандаров хеле ҷолиб аст, ки гуфтааст «Хушбахтона Ҷӯрабек Назриев бо саъйу кӯшиши хастанопазираш дар байни мардум ба ин мақому мартаба соҳиб шуд, унвони олии донишмандӣ, ҳунармандӣ, одамият, шахсият ва ҷавонмардӣ насибаш гашт, ки муборакаш бод!» (Родмарди андеша ва ҳунар, Душанбе 2007, саҳ. 14).

Ҳақ ба ҷониби шоири мутафаккир Мӯъмин Қаноат аст, ки мегӯяд: «Ҷӯрабек Назрӣ ҳарчанд ходиму хидматгузори беҳини илму фарҳанг аст, дар мутрибӣ ва овозхонӣ мақоми баландро соҳиб шуд. Аз охири солҳои шаст то навад дар овозхонӣ сабкӣ хоси худро касб карда, шӯҳрати беандоза ёфт. Ба тадриҷ ин услуб ба як мактаби зебои мусиқӣ табдил ёфт. Чун хунёгари маънӣ пазируфта шуд… Ҷӯрабек нолаҳои беназир дорад (Родмарди андеша ва хирад, Душанбе 2007 саҳ 15-16).

Аз хираду фазилат ва ҳиммату ҳунари волои Ҷӯрабек Назрӣ қадршиносӣ ва истифода бояд кард, зеро ҳунарманди асил ва «ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор» аст.

Аз идора:

Муаллифи мақола ҳунарманди шоистаи РСС Тоҷикистон-актёр, режиссер, ровӣ, рассом Алиризо Раҳмонқулов зодаи шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон. Хатмкардаи Институти рассомии шаҳри Тошканд ва Мактаби олии партиявии шаҳри Маскав, дар соҳаи фарҳангу журналистика. Аз ҷавонӣ вориди дунёи ҳунару фарҳанг шуд. Солҳо директори Театри академикии ба номи Лоҳутӣ ва Филармонияи давлатии Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон буд. Беш аз 60 сол аст, ки дар ин ҷода содиқона хизмат мекунад ва мақолаҳои зиёде дорад, дар боби ҳунару ҳунармадон.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi