07:05:25 25-уми Октябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июн 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РОМИШГАРИ МУМТОЗ ВА ОВОЗХОНИ ХУШОВОЗ

Ман Маҳмадалиро аз овони хурдсоливу наврасӣ мешиносам ва дӯстиву рафоқат дорам. Мо ҳар ду дар ду деҳаи ҳамсоя: Калинин ва Коминтерни ноҳияи ноҳияи Кӯшониён зода шуда, дар як мактаб таҳсил намуда, ба камол расидаем. Аз ин рӯ, гуфта метавонам, ки зиндагӣ ва осори ҳунарии ӯро аз наздик ва хуб медонам.

1 mahmadali ayubi 2021Ба андешаи ман нахустин устодони Маҳмадалӣ Айюбӣ дар ҷодаи ҳунари овозхонӣ ва мутрибӣ ба ғайр аз падару модари шодравонаш ва бародарони санъатдӯсташ, боз ҳофизони халқии диёрамон Умед Саидов, Нурмуҳаммад Бозориев, Хушвахт Идрисов, Қурбоналӣ Нодиров, Саидҷамол Мақсудов, Мирзо Шоев буданд. Ӯ ҳунари навозандагиву овозхониро аз ин ҳунармандони асили мардумӣ омӯхт ва азхуд намуд. Ҳамроҳи онҳо ба тӯю маъракаҳо мерафт, ҳунарнамоӣ мекард ва дар дили дидаи мардуми санъатдӯсти Вахшонзамин маъво мегирифт....

Баъдан меҳру муҳаббат ва шавқу ҳаваси мутрибӣ ва овозхонӣ Маҳмадалӣ Аюбиро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода раҳнамун сохт. Дар ин боргоҳи ҳунарҳои зебо ӯ аз устодони бузурги санъати тоҷик, аз қабили Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова ва дигарон дарси маҳорати овозхонӣ ва мутрибиро омӯхт ва дар ҷодаи сарояндагӣ роҳу равиш ва сабки худро пайдо намуд.

Пас аз хатми донишкадаи мазкур ба зодгоҳаш¬–Вахшонзамин баргашт ва инак, беш аз чиҳил сол мешавад, ки дар Театри давлатии вилоятии мусиқиву мазҳакавии шаҳри Бохтар (собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа) ба ҳайси ҳунарпеша кору фаъолият дорад ва чун оҳангсози варзида, овозхони бомаҳорату хушадо ва навозандаи чирадаст на танҳо дар Хатлонзамин, балки дар тамоми манотиқи ватани азизамон ва кишварҳои форсизабон–Афғонистону Эрон шуҳрат пайдо намудааст. Аз ҳамин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои ӯро дар ҷодаи фарҳангу санъат қадр намуда, бо унвонҳои баланди “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” ва “Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон” сазовор донистааст.          

Маҳмадалӣ Аюбӣ имрӯз агарчи устоди касби ҳунари хеш гардида бошад ҳам, ҳамеша дар ҷустуҷӯву такопӯст ва ҳунари овозхонӣ ва навозандии худро пайваста ва ҳамвора такмил ва сайқал медиҳад. Ӯ дар риштаи ҳунари овозхонӣ сабку услуби хоси худро доро буда, метавон гуфт, ки мактаби эҷодии худро ба вуҷуд овардааст ва шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба камол расонидааст. Маҳмадалӣ Аюбӣ на танҳо устоди ҳунари овозхонӣ, оҳангсозӣ ва навозандагист, балки инсони хоксору ширинсухан, нуктасанҷу нуктадон ва рафиқи шафиқ аст ва мо бо чунин шахсияти наҷиб ифтихор дорем.  

Дар ҷодаи ҳунари воло ба ромишгари мумтоз ва мутриби чирадаст Маҳмадалӣ Айюбӣ фатҳи қуллаҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорам ва сидқан мегӯям:

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Ба ростӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ бо ҳунари воло ва зебои хеш дар дилу дидаи мардуми   Тоҷикистон ва форсизабон маъво гирифтааст. То бод чунин бодо!!    

ҚИЁМИДДИН САТТОРӢ, котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi