05:58:12 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30      

“ПИРАМАРД ВА ИШҚ”

ё ҷозибаи ишқ

Амони Алиф, пирамарди кушодаҷеҳраи ҳафтодусолаест. Собиқ омӯзгор ва корманди ҳизбӣ, ки барвақт дарду доғи зиндагӣ ба ин мӯйсафеди замоне хело ҷавону зебо ва қоматбаланд, дар ҷабинаш нишонаи худро гузоштаву ожангҳо рӯи ӯро пахш намуда буданд, пагоҳии барвақт ба сӯи коргоҳ шитоб дошт.

piramard-va-ishq 2021Мӯйсафед Амони Алиф пир ҳам шуда бошад, ҳоло ҳам ҳамон шавқу рағбати ҷавонӣ, ҳаваси кор дили ӯро ҷавон нигоҳ медошт ва аз чӣ сабаб бошад, ки солҳои охир баъди синни мубораки шастро пур карданаш қобилияти эҷодкории замони наврасӣ ва донишҷӯӣ дар ӯ пайдо гашта, аз нав шӯълаи илҳоми эҷодашро фурӯзон намуда, чанд сол боз рӯзноманигор ва корманди нашрияи бонуфузи музофотӣ буд.Агарчанде синну солаш кайҳо аз нафақа гузашта бошад ҳам , лекин солҳо боз ҷойи ӯро касе иваз карда наметавонист,чунки мутахассисони эҷодкор хело кам буданд. Гарчанде кадрҳои дипломдори соҳаи рӯзноманигорӣ зиёд буданд, вале мутаассифона савияи донишу дараҷаи эҷодкории онҳо дар сатҳи хело паст қарор дошт. Шояд яке аз паҳлӯҳои масъала ҳамин буд, ки ҳокимони музофотӣ борҳо аризаи ин мӯйсафеди эҷодкору хушзавқро дар бораи истеъфояш баргардонидаву ӯро дигарбора ба кор ҷалб мекарданд. Мӯйсафед чун дили нарму табиати гарм дошт, дархости роҳбаронро не нагуфта, боз ба кор дода мешуд. Гарчанде хизмати панҷоҳ солааш дар кори давлату ҷамъият ӯро то ҷое хело фарсуда кардаву қомати баланди чун сарв замоне баландашро ҳам намуда буд. Аз шиддати дард гоҳ-гоҳ дар ҷои кор зонуҳояш меларзиданд ва ӯ одатан дар чунин ҳолат ғарами китобҳоро тарафе тела дода, чашмони камнурашро ба шабеҳи шоири дӯстдоштааш Умари Хайём, ки утоқи кории ӯро зеб медод, андӯхта, ҳангоми дарди сар ва махсусан дарди ҷонкоҳи пойҳояш ин шеърро зери лаб мехонд:

Бо май ба канори ҷӯй мебояд буд,

Аз ғӯса канораҷӯй мебояд буд.

Ана ҳамин мӯйсафеди зиндагидида ва хизматаш ба мардум расида, аз канори шаҳр, моҳи феврал, саҳарии барвақт аз хонааш баромада, савораи автомашинаи шахсии “Москвич-412”-и сохти шӯравияш , ба сӯи коргоҳи нашрияи музофотӣ сари чамбарак бо шаст мошин меронд. Охир имрӯз бояд корҳои зиёдеро тахт мекард ва рӯзномаро ба чоп месупорид. Корҳои зиёде боқӣ монда буданд. Таҳрири мақолаҳо ва хондани охирин хабарҳо.Таҳлили ҳикояи адиби ҷавону рӯзноманигор Шашаи Хилват оиди “Асрори Исмат-қаҳрамони даврони мо” , ислоҳи манзумаи шоираи ҷавон Мавҷудаи Карим, шиносоӣ бо очерки рӯзноманигорони ноҳиявӣ Тӯрахони Нок , Хурсанд Муродӣ, Лутфуллои Аскар оиди ҳаракатҳои иртиҷоии Ғайб-ул Шиква ва Наими Сармаст, боз садҳо корҳои дигар...

Пагоҳии барвақти охирҳои моҳи феврал, ки замини водиро ҷо-ҷо барф пӯшонида, бар асари гармии тобистону буғи гармии заминҳои водӣ ҳамаҷо туманпеч гашта буд , ҷо-ҷо сари роҳ села-села зоғу мусичаҳо дар пагоҳии барвақт дар ҷустуҷӯи рӯзии худ дар парвоз буданд. Қар-қари зоғони сиёҳи бадафт бо омезиши шамоли тунду хунук дар дили ҳар инсон фишору ангезаи мушавваш ва дар хотирааш эҳсоси нохушеро падид меовард.

Шамоли сарду тундона ҳамоно ба тирезаи мошин дар ин хунукии моҳи феврал бо тамоми талвосса панҷа нарм мекард ва гӯё бузургиву хашми худро нисбати ин автомашинаи фарсудаи сохти шӯравӣ нишон додан мехост. Автомашина бошад дар дашти беканори Фозилчӯл бо шаст аз ин ҳукми “ҷаноби шамол” қатъан рӯй гардонида , бомаром пеш мерафт. Қаҳрамони мову шумо хонандаи азиз Амони Алиф сари чанбараки мошин ҳамоно мошинро моҳирона идора мекард.Пирамарди рӯзгордида босуръат дашти фарохро убур намуда пеш мерафт. Сари чамбараки мошин ба пеш нигоҳ намуда, дар ин дашти бекарон ва дар зимистон урён , ба муҳит назар андӯхта, манзараро мӯйсафеди ҳафтодусолаи пир зери мушоҳида қарор дода буд.Худро дар ин дашти луч, сершамол ва хело сард аз чӣ бошад, ки бо ин табиати “мурдаю сард” қиёс намуда, нохост монандиеро дар ин давраи пириаш ба табиати зимистону дашти лучу урён ҳамнаво медид. Ба ёдаш овони ҷавонӣ, замони донишҷӯияш ва кори комсомол омад. Ҷавони қоматбаланде буд. Бо дили гарм кору пайкор мекард, байни мардум буд ва мардум бо ӯ буд. Ҷавони дидадарое буд.Ба хотир овард, ки ки замони кори комсомол махсусан ба дили хонумҳои ҷавон зуд роҳ меёфт ва аксаран бо хандаҳои зебояш, маҳвашони парипайкар, сарвқомату синағапғап ба ӯ дил медоданд ва ишқу муҳаббати худро ба ӯ изҳор медоштанд. Бисёр вақт ин намоишномаҳои зиндагӣ , ба намоишномаҳои монанд ба достонҳои ишқии “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Юсуф ва Зулайҳо” , “Фарҳод ва Ширин” , “Вис ва Ромин” , “Варқаву Гулшоҳ” табдил меёфт.

Ӯ бо шӯру шавқ ин саҳифаҳои хотирмони ҳаёти ҷавонии худро варақгардон намуда, аз ин хотирот хуши ҷавонӣ қабат-қабат гӯшт мегирифт. Бовараш намеомад, ки расо 30-40 сол пеш ӯ ҷавони муваффақи ишқу муҳаббати инсонӣ ва садрнишини ҷашну маъракаҳои хонумҳои зебову қашанг буда бошад.

Сари чамбараки мошин ба дастони бо мурури замон шахшӯлшудаю пур аз ожангашу чашмони камнураш ,ки нишонаи пириро барало дар вуҷуду тиннати ӯ нишон медоданд назар андӯхта, аз гузаштани ҷавонӣ, ин давраи зудгузари ҳаёти инсонӣ ёд оварда, сатри шоирро ба ёд меовард:

Ҷавонӣ рафт....

Мӯйсафед ғарқи фикрҳои ширин ва то андозае гузаштаи дури худ ҳамоно ёди ҷавонӣ мекард.Сари ин андешаҳои ширин ба дастони пурожангаш сари чамбараки мошин назар дӯхта, чун танӯри замоне гарму баъдан дар зимистон яхбаста ҳаёти худро ташбеҳ медод. Гоҳ-гоҳ дарди сабуке сари зонуҳояшро ба сӯзиш меовард ва фикри ӯро, андешаи ширинашро канор мегузошт. Нависанда ва рӯзноманигори пир Амони Алиф ҳамоно фикр мекард...

Ба хаёлаш шеъри шоир Лиқои Дарвозӣ омад:

Зиндагони сурати бодест дар саҳро гузашт!

Дар ҳақиқат зиндагӣ чун боди зудгузари саҳроист меандешид мӯйсафед. Ҳамин дирӯз буд, ки ӯ котиби комсомоли ноҳияи Тахористон буд.

Ҳоло чӣ?! Ҳоло мӯйсафеди пир ва чашмонаш камнур, дилаш пиру сард ва дар он нури ишқу муҳаббате намонда! Бо ин андешаҳо дили ин пирамарди сардию гармии зиндагиро дида таҳ мекашид, қалбаш сиёҳ мешуд ва қатраи ашк беихтиёр аз ҷашмонаш ба сару рӯи пурожангаш ҷорӣ гашта, дидаашро хира менамуд. Ҳама рафт, рафиқони беҳтарин, ҳамсабақонаш, ҳамкорони меҳрубонаш вафот карданд. Дар зиндагӣ дар ин айёми пиронсолӣ танҳо мондаам. Танҳо ду -се дӯсти ҳақиқӣ дорам, ки сӯҳбати онҳо барои ман мукофоти зиндагии пиронсолии ман ҳаст, меандешид мӯйсафед. Ба хотираш ҳазлҳои лутфомези дӯсти ҳуқуқшиносаш Алӣ Самад омада, якбора андешаи пирӣ ва рафтани ҷавонию фикрҳои дигар хотираҳои мушавваш ботини ӯро тарк намуданд. Чӣ дӯсти хубест Алӣ Самад. Ҷони одам аст, шукргузорӣ мекард, ки хайрият дар даврони пиронсолияш чунин дӯсти хуб дорад боз ба андеша мерафт пирамард. Ба ёдаш дӯсташ Шумқор омад. Шумқори дӯстдори зиндагӣ... Рӯзҳои охири ҳаёти дӯсти эҷодкор, рӯзноманигори варзида ва тараннумгари ишқу муҳаббат, дӯсти содиқу дардошнои ӯро Амони Алиф ба ёд оварда, боз чашмонашро ашк зер кард, ғаму андӯҳи бекарон, як ҳиссиёти бекасӣ ва нотавониву пирӣ вуҷуди ӯро пахш кард.

Андешид: Бузургони олам фармудаанд- “Пириву хартозӣ”. Ин сухан дуруст аст, меандешид мӯйсафед, зиндагӣ фалсафаи худро дорад. Фалсафаи ҷавонӣ, нерӯи пурқувват, зебоӣ, ишқу муҳаббат. Пирӣ бошад ин ситораи хунукест, ки гоҳ-гоҳ ба ёди ҷавонӣ чун ситораи дурдасти дури дур ва аз дурахш бозмонда , дар шабҳои зулмонӣ гоҳе барқ мезанад, ба хаёл меовард мӯйсафед. Ба хаёлаш суруди овозхони маъруф Аҳмад Зоҳир меомад:

Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,

Диди дило, ки умр чи сон бехабар гузашт...

Бо ёдкарди ин суруди ғамангез бори ғаму андӯҳи гароне дили ин мӯйсафеди пиру рӯзноманигорро боз пахш кард...

Ҳама ҷиз аз даст рафт, ҷавонӣ рафт, ишқ рафт, қаду рухсораи зебо рафт. Фалсафаи зиндагӣ, ишқу муҳаббату нерӯи созанда ва тавонманди ҷавонӣ, айёми пирӣ нақши замин гашт.Замони пирӣ одам ҳама чизро аз даст хоҳад дод хулосабарорӣ мекард Амони Алиф.Оқибат ба гӯр хоҳем рафт.Зери хоки сияҳ ҷои мо хоҳад буд.Ба ёди мӯйсафед абёти шоираи сиёҳпичамарг Парвин омад:

Ин ки хоки сияҳаш болин аст,

Ахтари чархи адаб Парвин аст...

Оре, инсон касе набошад, шоҳ ё гадо оқибаташ хоки сияҳ хоҳад буд.Аз ӯ баъди солҳо ҷуз хокҷо , устухонпора ё як каф хокистар чизе боқӣ нахоҳад монд.Аз ин рӯ зиндагиро хуб, покдилу покният , некбинона ва ошиқона бояд гузаронид.Аз дурушти ва сухани ноҷои дили инсонро хафакунанда садҳо фарсахҳо бояд дурӣ ҷуст меандешид пирамард.

Шеъри Хоҷа Камол ба ёдаш омад:

Охир-ул-амр гили кӯзагарон хоҳем шуд,

Ҳолиё фикри сабӯ кун,ки пур аз бода кунӣ.

Ҳамоно ӯ дар ин дашти беканору сершамол , дар ин хунукии барвақт, тани танҳо мошин меронд. Дар гирду атроф ғайр аз парвозу қар-қари зоғони бадафту садои шав-шуви симҳои симчӯбҳои барқии аз таъсири шамол алвонҷхӯранда ва саҳрои лучу урёну ҷо-ҷо барфтӯда ҷамъгашта чизе наменамуд. Хатто мошинае низ ба ҷуз аз “Москвич”-412”-и ӯ ба назар намерасид. Ана дар ҳамин ҳолат, дар ин дашти беканор ногаҳон дар хамгашти роҳ , дар ин саҳарии барвақту хунукии шадид суроби одамие падидор гашт . Ӯ ба сӯи мошин даст меафшонд. Амони Алиф баъди чанд масофа пеш гузаштанаш тормози мошинро пахш кард. Дар ин пагоҳии барвақт ва сармо мусофир гирифтан хуб аст,савоб мешавад меандешид рӯзноманигори пир.

Ба хаёлаш шеъри шоире расид:

Ронанда бигир маро аз роҳ,

Паймон бидиҳад туро худоё.

Мошинро қафо гардонид. Сари роҳ дар ин пагоҳии барвақт духтаре меистод. Мӯйсафедро дар ин пагоҳии барвақту сард , дар ин тундбоди барқосо пайдо гаштани духтар ба ҳайрат гузошта буд. Тирезаи мошинро поин карду ба сӯи духтар назар андохт. Зоҳиран духтар, як духтари ҷавони 18-19 солае беш набуд. Қомати баланде дошт ва шамол мӯи дарози ӯро беист ин сӯ он сӯ беҳунарона алвонҷ медод. Духтар дар бар пероҳани сафеди тунуке дошт ва чеҳраи ӯро хунукӣ пахш карда буд. Пирамард баъди мушоҳидаи ин манзара духтаракро зуд ба кабинаи мошин даъват кард. Дар кабина духтарак аз гармӣ каме ба худ омад ва чойи гармӣ ба ӯ додаи мӯйсафед ӯро ба худ овард. Ӯ ба сӯи шаҳр раҳсипор будааст. Мӯйсафед мошинро ба ҳаракат дароварда ба пеш ронд.

Дар гармии кабина, духтарак ба худ омад ва рухсораҳои сурху сафедаш чун себи хубонӣ мешукуфтанд. Пеши синаи дамида, чашмони зебои обӣ, абрувони пайваста, гардани шоирона бо лабу даҳон ва дандонҳои чун марворид сапеди ӯ ба ин духтар ҳусн аз паси ҳусн зам мекарданд ва ба назар духтар чун парии осмонӣ, фариштаеро мемонд.

Ба гуфти шоир:

Қад баланд, қомат баланд, гардан дарозӣ мекунад,

Дар миёни абрӯвонаш хол бозӣ мекунад...

Ана дар ҳамин ҳолати табии ин духтар ,чашми қаҳрамони пири мо ба оинаи пеши мошин афтод. Аз қафо акси чашму абрӯи духтар дар оинаи мошин гӯё бозӣ мекарданд. Чеҳраи зебову чашмони обии духтар ба зуди дили пирамардро ба худ ҷазб карданд. Ин чашмон мӯйсафедро гӯё афсун мекарданд. Мӯйсафед баъди сонияе аз чеҳра ва нигоҳи зебои духтар дасту по хӯрда, беихтиёр ба қафо нигоҳ кард...

Нигоҳҳо ба ҳам бархӯрданд ....!

Нигоҳи чашмони парии осмонӣ, духтари 18 сола ва нигоҳи уқоби пирӣ зиндагихӯрда, нигоҳи пири 72 сола...

Дар ин нигоҳҳо шӯру шаре ниҳон буд?

Инҷо бешакку шубҳа таззоде вуҷуд дошт. Яке нигоҳи ҷавонӣ, нуру равшанию зебоӣ, дигаре нигоҳи пири торафт ба ғурубшавӣ наздикшаванда. Оре, яке нигоҳи пурҷиллои пурнерӯ , ситораи заминии дурахшон ва нигоҳи дигар, нигоҳи ситораи замоне тафсону акнун рӯ ба завол ниҳодаву камнургашта бо охирин нурҳои тафсанда ва ахиран дер ё зуд ба олами нестӣ раҳсипоршаванда, ки мехост ба зиндагӣ каме ҳам бошад маҷол бахшад!

Нигоҳи духтараки ҷавон, нигоҳи ишқ, муҳаббат, ташнаи зиндагӣ, нерӯи ҷавонӣ, хушдилӣ ва орзӯю ҳавас ба умеди оянда. Нигоҳи мӯйсафеди пир, нигоҳи уқоби пир, нигоҳи пири рӯ ба хомӯшӣ рафта. Нигоҳи аз зиндагӣ гузашта, сардиву гармии зиндагиро дида, нигоҳи дурушт, нигоҳи тайёрӣ ба зиндагонии баъди марг! Тазоди гули шукуфта ва гули пажмура...

Тазоди маргу зиндагӣ, байни духтараки 18 сола ва пирамарди умраш ба ҷое расидаи ҳафтоду сола! Бешакку шубҳа инҷо чунин фалсафа дар ин пасманзар ба назар мерасид.

Ана дар ҳамин ҳолат гӯё ба дилу дидаи мӯйсафеди пиру фартут нигоҳи духтараки ҷавон нерӯе бахшид. Ким-кадом қувваи осмонии беруна дар тани ӯ ҳиссиёти то андозае барояш замони ҷавонӣ шиносу гувороро меангехтанд. Ин нигоҳи ҷозибаноки духтари ҷавон дар ин саҳарии туманистони сард, дар ин чӯлистон ба ронандаи пир такони ҷиддӣ ва як қуввату иқтидорӣ ғайриоддие мебахшид. Аз ин нигоҳҳои духтар, чашмони зебои обию гардани сапеди зебо гӯё чашмони хирраи мӯйсафед равшан шуданд ва ин равшанию нерӯ ба мӯйсафед ҷозибаи дигар, нармиву гармӣ мебахшиданд. Дар инҷо навиштаи дӯсти қаламкашаш Вануши Зайд бо номи “Фоҷиаи ишқ” ба хотираш зад, ки онҷо нависанда мисол мезад, ки ишқ ҳама вақт чи ба инсони пиру чи ҷавон яксон нерӯи махсусе мебахшад!

Дарди зонувонаш ба якборагӣ гум шудаву хотираҳои мағшуши замони пирӣ аз вуҷуди мӯйсафед бадар рафтанд. Нигоҳи дигари мӯйсафеду чашм ба чашми духтар расидан , акнун ба мӯйсафед нерӯву таровати волотареро бахшиданд. Аз ин нигоҳҳои духтар акнун дили мӯйсафед ба таппиш омад. Мӯйсафед худро дар дигар олам, олами ҷавонӣ, зебогиҳо, олами ишқу муҳаббат ва ошиқӣ тасаввур мекард. Мӯйсафед ба андеша рафт. Наход бо як нигоҳи мафтункунандаи ин зебосанам мани пир дил бохта бошам. Не,е?!

Мани пиру ошиқӣ куҷо? Меандешид мӯйсафед. Мӯйсафед боз ба оинаи чамбарак дида дӯхт. Ҳамон нигоҳи зебо, ҷозибаи чашмон, ҷӯшу хуруши ҷавонӣ, лабу даҳони чун ғунчаи ангур ширин ончунон бо табассум дар оина ҳувайдо гардиданд, ки мӯйсафедро арақи сарде пахш кард. Дастонаш сари чанбарак ба ларза даромаданд ва бовар намекард, ки ин табассуми духтар барои ӯст. Бовараш намеомад!

Боз рӯяшро гардонида, ба чашмони духтар бо нигоҳи ҳайратзада дида дӯхт. Чӣ манзараи пуртаззодеро дид мӯйсафед?! Духтар бо чашмони зебо, лабхандаи мафтункунанда ба сӯи ӯ дида медӯхт.Нигоҳҳо боз ба ҳам бархӯрданд, нигоҳи фариштаи зебои орзуҳои ҷавонӣ ва нигоҳи мӯйсафеди пир , чун нигоҳи уқоби пири хасташуда, лабташна ва дилмонда.

Мӯйсафед аз зебогии ғайричашмдошти духтар дар ботинаш ба якборагӣ эҳсоси ҷавонӣ пайдо гаштаву ба ӯ маъво бахшида, рӯҳу равонашро мафтун намудаи ҷашмони пурҷозибаи духтар, оҳиста-оҳиста ҳаяҷони худро фурӯ нишонда, бо эҳтиёт аз духтар дар ин саҳарии барвақти зимистони хунук боз бо пероҳани тунук ба сари роҳ баромаданашро пурсид. Духтар рамида-рамида ҷавоб гардонид, ки донишҷӯи донишкадаи ҳунарҳои зебост ва бар асари фақирӣ наметавонад барои худ либоси зимистонае харад. Мӯйсафедро дилаш барои ин зебосаманам сӯхт ва ба зудӣ аз сар гузаронид, ки духтарро ба бозор барад ва сару либоси ғафси зимистона харад. Ба ин таклифи мӯйсафед духтар розӣ шуд ва аз чӣ бошад, ки ба зудӣ сӯҳбаташон гарм шуд ва дар фосилаи роҳ чун шиносҳои дерин бо ҳам сухан мекарданд.

Мӯйсафеди пир акнун боэҳтиёт, то андозае шоирона суханро чун дурру марворид мисли замони ҷавониаш чида-чида мегуфт ва ин амали мӯйсафед ба истиллоҳ уқоби пир, мисли давраҳои ҷавониаш, ки садҳо Майраму Сайрамро бо ҷозибаи сухану сатрҳои хомаи эҷодкоронааш ба дом афтонида буд кор медод. Духтарак чун оҳубаррача, балки чун кабӯтари зебои сафед оҳиста-оҳиста ба чанголи уқоби пир, балки гурги гуруснаи пири пуртаҷрибаи гармиву сардии зиндагиро дида ром гаштаву медаромад. Баъди чанде автомашина назди дарвозаи калони бозори “Нигора” истод. Мӯйсафед ҳамроҳи духтарак ба мағозаи аввалини аз пешашон баромада даромаданд. Пиракӣ ончунон кӯшиш мекард, ки мисли овони ҷавонияшу хушомадгӯӣ намуданаш ба бонувон , ба ин духтарак низ хушомад занад. Эҳсосоти ҷавонӣ аллакай дар қалбаш таъсиргузор буд ва худро хеле ҷавону устувору бардам ҳис мекард.Акнун аз он осори андешаҳои паси чамбараки автомашина , эҳсоси яъсу навмедӣ, андешаи пириву нотавонию бенурии чашмону беморӣ дар ботинаш чизе намонда буд. Чашмонаш нур пайдо кардаву барқ мезаданд. Баъди гирумонҳо барои духтарак палтои сафед интихоб намуданд ва бо пӯшидани палто ҳусни духтараки нозанин якбора боло рафт. Палто ба дурустӣ зебандаи духтар буд. Бо як дид мӯйсафед ба ин духтару қомати мавзунаш ошиқ шуд. Акнун ӯ бо дастони шахшӯл ва пурожангашу ларзонаш гиребони палторо дар тани духтар дуруст мекард. Бо як меҳру муҳаббат духтар ба оинаи қаднамо назар дӯхта, ҳусни афзудаи ғайричашмдошти худро дида меболид.Яқинан ин париваши зебои музофотӣ, ки номаш ба худаш мувофиқ буд , бо номи Адиба ҳаргиз чунин палтои қиммат ва зебоеро дар умраш ба тан накардааст меандешид ин пири пуртаҷриба. Баъди чанде пирамард телпаки сафеди пӯсти савсориро, ки хело гаронарзиш буду нархаш ба осмон дакка мехӯрд ба сари Адиба ниҳод. Телпаку палто ончунон мувофик ба андоми духтар омада буданд , ки мӯйсафед аз ҳайрат даҳон кушода монд.

Баъди чанде мӯйсафед ба фурӯшанда ҳисобӣ карду бо нархи хело қиммат телпаку палторо барои духтарак харида ва аз мағоза берун шуданд.

Дар кӯча одамони зиёде ин марди пири сару рӯяш пур аз ожангу лоғарандом ва то андозе кӯзапушт ва духтари зебои сафедпӯшро дида бо чашми ҳайрат то дергоҳ аз духтар чашм намеканданд. Нигоҳи харидоронаи ҷавонон ба духтарак , дар ин ҳангом қаҳру ғазаби мӯйсафедро ба бор меовард.Аз ҳиссёти рашки дар ботинаш мисли замони ҷавонӣ пайдошуда, ин мӯйсафед ба гурги даррандае, ки мехоҳанд тӯъмаашро гиранд монанд шуда буд. Дар ин ҳолат ӯ тайёр буд чун даррандаи ваҳшӣ ҷавононро , ки ба духтар нигоҳи харидорона доштанд пора-пора намояд! Пирамард духтарро то назди донишкада овард ва таклиф намуд, ки баъди як рӯз вохӯранд. Адиба дар ин ҳолат низ ғайричашмдошти пиракӣ розӣ шуд. То дергоҳ аз ин розигӣ мӯйсафед бовар намекард. Акнун чӣ тавр ба коргоҳ омаданашро намедонист. Табиати мӯйсафед ба якборагӣ дигар шудаву акнун ба қавле ошиқ гашта буд. Рӯзи дигар беҳтарин сару либоси сафеди оҳарнашикастаи худро бо шляпаи намадини сафедранги зебо, пойафзоли беҳтарин ба бар кардаву худро хушбӯйии зиёде зад. Автомашинаи сафеди “Москвич-412”-ро дар обхона тоза шуст ва соати 11.00 назди донишгоҳ бо дастагули печони гули садбарги сафед ҳозир шуд. Баъди чанде Адиба бо либоси сафеду кулоҳи сафед чун фариштаи осмонӣ хиромон-хиромон ба назди мӯйсафед омад ва пирамардро дар сару либоси сафед бо гулҳои шукуфтаи сафед интизор дида, бофаросат дарёфт, ки ин “гурги пир” ошиқи ӯ шудааст ва мисли уқоби пиру таҷрибанок ӯро раҳо нахоҳад кард. Дар дилаш лабханде зад. Баъди вохӯрӣ дар зудтарин фурсат ҳис намуданд, ки ҳарду ҳам муштоқи дидоранд ва ин як рӯзи интизорӣ барои онҳо тӯлонитар аз аср шояд буда бошад. Савораи мошин пирамарди ошиқу Адиба ба сӯи тарабхонаи бонуфузи “Нури Сурайё” роҳ пеш гирифтанд. Сари миз баъди каме тановул кардану қадаҳ бардоштанд, мӯйсафед аз таъсири қадаҳи коняки фаронсавӣ ба таронахонӣ шурӯъ кард:

Шумо эй ҷавонони ошиқнавоз,

Саодат бубинеду умри дароз.

Баъд қадаҳи дигар , рост ба чашмони зебои Адиба нигариста байти дигарероро замзама кард:

Гарчи пирам шабе танг дар оғӯшам гир,     

То саҳаргаҳ зи канори ту ҷавон бархезам...

Овози мӯйсафед хело баланд буд ва ба назар илтиҷоомез мерасид. Аз чашмони мӯйсафеди дар тангнои умр қарордошта беист ашк ҷорӣ мегашт. Мижгонҳои дарозу зебо, рухсораи чун себи хубонӣ сурхи духтар баҳаракат даромадаву поён тоб хӯрданд, Адиба суп-сурх шуд ва ин шарм то андозае ҳусни ӯро боз зеботар, боз ҷазобтар мегардонид ва ӯро ба фариштаи ишқ мубадал месохт. Пирамард ғайриихтиёр бо дастони шахшӯлаш дасти нарми духтарро гирифта ба синааш пахш кард ва ҷонҳавла ба бӯсидани дасти нозуку сафед шурӯъ кард.

Ногаҳон назди ин нозанини ҷаззоб ба зону зад ва ӯро аз ишқи худ ва ошиқ шуданаш огаҳ сохт ва сухани худро бо ин байтҳои достони “Варқа ва Гулшоҳ” ироа дошт:

Ҳаме то зиям дар вафои туям,

Асири туву хоки поки туям,

Гар аз меҳри ман бар дилат бок нест,

Маро чойгаҳ беҳтар аз хок нест.

Духтари шояд дар ҳаёташ дасташро марди бегонае надошта , аз ин алами ҷонсӯзи пири ба андешааш барнодил баногаҳ худро гум кард. Дар қалбаш дарди ҷонсӯзи меҳру муҳаббат ба ин мӯйсафеди пиру суханаш ҷаззоб ба якборагӣ пайдо шуд. Беҳуда шоир нагуфтааст:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд!

Оре, ҳақ асту рост. Ин сухан аст, ин хомаи эҷодкор аст, ки дилҳоро ба риққат меоварад. Инсонҳоро ба ҳам наздику ошиқ, хушбахт мегардонад. Мегӯянд ишқ сарҳад надорад. Оре ин рост аст. Ишқ сарҳад надорад. Бахусус сарҳад, марзи пириву ҷавонӣ надорад. Ҳазорон пиру ҷавон, чи марду чи зан моли ҳам мешаванд, ба висоли хеш мерасанд ва хушбахт мешаванд. Қаҳрамони мо, духтараки музофотии дар умраш шояд як сухани пурмеҳру ошиқиро нашунида , бо дидани ин манзара ба якборагӣ ба мӯйсафед дил дод. Акнун ӯ ашк мерехт. Қатраҳои ашк аз мижаҳои дарозаш чун шаддаи марҷон рехта, рухсораи зебои чун себи хубониашро шуста ба синаи дамидаи зебояш мешориданду мешориданд.

Ногаҳ ҳарду дарзамон ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд ва аз лабу даҳони ҳам бӯсиданд. Пирамард акнун бо майли том ва то андозае бо ҳаррос паридухтарро мебӯсид ва худро дар дунёи ҷавонӣ, дунёи ҷавонии панҷоҳ сол пештар, дунёи ҷавонии бистудусолагии хеш қиёс мекард.

Қуввату ғайрати ӯ ҷӯш мезад. Нури чашмаш барқарор гашта буд ва дигар мӯҳтоҷи оинаи чашм низ набуд.

Баъдан онҳо рози дили ҳамдигарро гӯш карданд ва аз ишқи осмонии худ қисса намудаву ашк рехтанд. Аҳди вафодорӣ бастанд. Баъди чанд вақт , ки дӯстдории онҳо рӯз то рӯз қуввату ҷозиба меёфт, онҳо издивоҷ намудаву ба висоли ҳамдигар расиданд. Мӯйсафеди пири беш аз ҳафтодсолаи гармову сармои зиндагиро чашида, акнун дар зиндагӣ тамоман дигар шуда буд. Ӯ акнун худро хуб нигоҳ мекард. Саривақт ришу мӯйлабашро метарошид, мисли ҷавонон хушбӯйҳои зиёд мезад. Кӯшиш мекард, ки либосҳою пойафзоли мӯди нав, куллоҳи беҳтаринро мисли мардҳои олуфта ба бар кунад. Акнун ҳар пагоҳӣ бо як шӯру шавқи беандоза ба сӯи коргоҳ ва ҳамчунин дидори Адиба мешитобид. Ба зудӣ мӯйсафед пули барои рӯзи мабодо, барои гӯру чӯбаш пинҳоннамудаашро сарфи хариди автомашинаи олмонии тамғаи “Мерседес” намуд. Гарчанде мошини кӯҳнаи “Москвиҷ-412” - и азизаш барои ӯ хизмати зиёде расонида, ҳоло ҳам коршоям буд , акнун аз идораи фармони чунин автомашина назди Адиба шарм медошт. Баъди 5-6 моҳи ошиқию издивоҷ, оромии давомноки дар рӯҳу равон бо ҳаваси ишқу ошиқӣ дар ботини пирамард пайдо шуда, ожангҳои рӯи Амони Алиф нопадид гаштанд. Қади камонгаштааш низ хело акнун рост гашта буд. Акнун ӯ хело ҷавон ва бардам менамуд. Дастони шахшӯл ва пӯсти онҳо гӯё аз нав сабзида буданд, мӯйсафеди пир ба ҷавонмарди солори чилу панҷ-панҷоҳола сола монанд мешуд. Ин тағиротҳоро ҳамкоронаш дар редаксияву дар деҳа, наздиконаш, байни шиносу ношинос , кулли мардум ба зудӣ ҳис мекарданд ва баъзеҳо аз ҷавоншавии нависандаи замоне қадаш камонгашта ҳайратзада мешуданд.

Мӯйсафед чун дар бораи таҷрибаи олимони амрикоиву аврупоӣ оиди ишқу муҳаббату омезиши пиру ҷавон замоне хонда буд ва акнун ба ин таҷрибаи олимон сад фоиз бовар кардаву ба онҳо аҳсан мегуфт,хуб медонист, ки маҳз ишқи пиронасарӣ ва ҷозибаи ин ишқ ба ӯ нерӯ ва ҳормонҳои ҷавониро бахшидаву ба рӯҳияи равонии ӯ таъсири сахти ба истиллоҳ психологӣ расонидааст!

Оре, ишқи овони пирӣ, ҷозибаи ишқи дар дили ин мӯйсафед пайдогашта ва лаззати висоли ишқи ҷавондухтар дар айёми пиронсолӣ мӯйсафедро хело ҷавон карда буд. Ба ӯ шодиву шавқ ва нерӯи гарми умед ба зиндагӣ, дӯст доштанро аз нав ато кардаву оромиши табиию психологиро дар андешаи ин пирамард ба бор оварда буд. Мӯйсафед гӯё бо як нерӯи нави ҷавонӣ аз нав таваллуд гашт ва дар оғӯши гарму нарми ҷавондухтар оромиши рӯҳнавози худро ёфта буд. Ин ҷо қувваҳои табиӣ, рефлекси тани одамизод,қонунҳои физиологӣ , боз ким кадом қувваҳои ғайриоддӣ дар инкишофи рӯҳиву ҷисмонии ин мӯйсафеди бо истиллоҳе пояш ба лаби гӯр расида, чунин нерӯро ба вуҷуд оварда буданд.

Дар ин асос фикр мекунам, нақши дил додан, ишқу муҳаббат дар айёми пиронсолӣ ба нозаниндухтар,чи тавре ишора намудем, муҳимаш ҷозибаи ишқ ва чашмони афсунгари духтар бо ҷой доштани афсун(гипноз) мӯйсафедро бешаку шубҳа нерӯи ҷавонию саодати зиндагӣ бахшида буд.

Ин дасти гарм дасти ту буд, эй ишқ!

Дасти ту буду оташи ҷовидат.

Ман мурғи кӯри ҷангали шаб будам,

Бино шудам ба сурмаи хуршедат...!

               Варқаи Зайниддин

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi