15:50:22 24-уми Апрели 2026 сол

«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои мардуми оринажод, азҷумла мардуми тоҷик ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи бузург аз насли Пешдодиён бо номи Ҷамшед буд.Тибқи мушоҳидаи мунаҷиммон аз замони шоҳ Ҷамшед 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад.

navruz 2026 65653225456545665Наврӯз, ин ҷашни миллӣ, бостонӣ ва басо дӯстдоштании мардуми оритабор ва мардуми Шарқ аст. Хушбахтона бо пешниҳоду ташаббуси наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз тарафи иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ дар соли 2010 қабул ва бо қатънома дар бораи «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» эълон гаштани санаи 21-уми март, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштану қадршиносӣ гаштааст, ҷашни миллӣ ва ифтихории мо тоҷикону дигар миллатҳои дӯсту бародари минтақа ҳаст ва он ба ростӣ боиси ифтихори ҳар як фард низ бояд бошад.

Ибораи Наврӯз бо миллати мо алоқамандии зич дорад. Ба он хотир, ки маънои номи ин миллат худ фари шоҳист ва ин ибораи тоҷ ва фари шоҳӣ касро ба гармӣ, нармӣ, зебоӣ, нур, тозагӣ, ақл, хирад, шодмонӣ, бардамӣ, накукорӣ, созандагӣ бурда, худ ифодагари ҷаҳони Наврӯз ҳаст ва ин ном аз ин ҷашни бузурги ориёӣ маъво гирифтааст. Ин ифодагари ғалабаи нур бар зулмот, рӯшани бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, адолат бар беадолатӣ, ҳикмат бар ҷохилист. Ин амал нишонаи созандагии миллати мост.Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ,як қисми Чину бархе аз вилоятҳои Муғулистон, Ҳинду Покистон, кишварҳои Туркия, Босния ва Герсоговина, Албания, Косово, кишварҳои Қафқоз,марзҳои Руссия ва ғайраҳо ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон дар замони истиқлолият ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Наврӯз бо таърихи басо қадимаи худ ва фарҳанги волои хеш ва дар ин асос таърихномаҳою адабиёт, созу суруди оиди он тӯли асрҳо эҷод гашта, бо иборае як академияи бузурги миллати мост дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагии беш аз шашҳазорсолаи ин миллат.Фалсафаи наврӯз, фалсафаи басо бузурги миллии мост!

Худи Наврӯз ба андешаи банда дар таърихи миллати мо паҳлавонеро мемонад, ки мисли Рустами Достон шикастнопазир аст ва дар саҳифаҳои таърихии худ ҳамаи истилогарони нохондаеро чун мақдуниҳою арабҳо, турку муғулу қарахитоиҳо, бо шукӯҳу шаҳомату фалсафаи бузурги фарҳангиву адабии худ тӯли таърих бе ҷанг сахт шикаст додаву тамадуни ориёиро бо худи ҳамин номи аслии ориёӣ-тоҷикӣ «Наврӯз» бе ҷангу хархаша чун паҳлавони ғолиб ба онҳо пешниҳод намудаву мардуми зиёди ҷаҳон онро ба хуби пазируфтаанд,зеро фалсафаи Наврӯз пеш аз ҳама инсонпарстиву покизагиву росткориву ободкорист! Бесабаб нест, чи тавре ишора намудем онро аз манотиқи Шарқи Дур то канораҳои Шарқи Наздику Аврупову ҳатто Африқо низ ҷашн мегиранд!

Ин ҷашнро имрӯз дар сар то сари олам бо муҳаббатномаи хосае мепазиранд ва ҷашн мегиранд, зеро он дар қатори садҳо ҳикматҳои доштааш боз як ҳикмати бузурги дигаре низ дорад: «Ваҳдатсароӣ»!

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16-уми декабри соли 2025 Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат чунин иброз доштанд: «Бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Навруз бунёд карда шавад».

Дар ҳақиқат ин пешниҳоди роҳбари кишварамон як амри заминӣ ва замонист.Ҳамчунин иброз доштанд: «Итминони дорам, амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопаризи таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо-тоҷикон мегардад». Оре ҳамин тавр низ ҳаст ва миллати озодаву озодипарасти мо бояд ин ҳикмату фалсафаву андешаи миллиямонро , ки бо номи «Наврӯз» аз қаъри асрҳо ба мо мерос мондааст чун гавҳраки чашм нигоҳ дорад ва аз он ифтихор намоям.

Наврӯзу анъанаҳои наврузӣ оинаи таъриху ҷаҳоннамои миллати ориёии мост.Ҳамзамон ба назари банда Наврӯз ҷаҳонпаҳлавонеро мемонад, ки дар таърихи дурудароз касе натавонист, ки аз болои андешаи баланди фалсафии ӯ ғолиб ояд.Тамоми истилогарону аҷнабиёни нохонда мисли юнонию турку арабу муғул дар тӯли таърих натавонистанд, ки аз болои ин ҷашни фарҳангии милли мо ғолиб оянд.

Баръакс бо гузашти чанд соле ин мардуми истилогар дар танӯраи гарми Наврӯз ҳазм мешуданд ва ба ҷуз мутеъ гаштан ба ҷаҳони Наврӯз чорае низ надоштанд.

Имрӯз ин ҷашнро дар аймоқҳои ҳам Муғулистон, ҳам Уйғуристону Тотористон, то кишварҳои арабии Ироқу Сурия, Туркия ва кишварҳои Балкану баре аз минтақаҳои Юнонзамин,бо истиллоҳ ватани ҳамон истилогарони нохондаи ба хоки поки Иронвич ҳучҷум карда ботантана ҷашн мегиранд. Яъне ҷаҳонпаҳлавон, он шери ял бо номи Наврӯз бо фалсафаи бузурги пур аз ҳикмати худ истилогаронро ба мағлубият дучор кард ва ба онҳо дар тӯли таърих баъдан фаросату некандешӣ ва башардустиро омӯхт на хунрезию роҳзаниву ғоратгариро!

Тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати ин иди кӯҳанбунёд, иди баҳор ва зебоӣ, некӯ ва некӯкорӣ,иди дӯстии байни миллатҳо табрик гуфта, ба ҳамаатон саодатмандӣ сарбаландӣ ва хушбахтии оилавиро орзӯ менамоям.

Ба гуфти бобокалонам, шоир Мирзо Лиқои Дарвозӣ

Наврӯз шуд азизон фасли баҳор омад,

Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад,

Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,

Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад,

Аз шавқи нолаҳошон гулҳо қатор омад.

Наврӯзатон муборак мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз!

Варқаи Зайниддин,Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дарачаи 1-ум, Узви ИЖ-и ҶТ

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ