19:34:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУИН ОҲАНГИ ТОҶИКӢ ИҶРО ХОҲАД КАРД

 

Муин, овозхони саршиноси эронӣ, қасд дорад чанд таронаи тоҷикӣ иҷро кунад. Муин, ки ду рӯз қабл барои иҷрои ду консерт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, ин хабарро дар нишасти матбуъотии рӯзи ҷумъа, 19 июн дар шаҳри Душанбе гуфт. 

Вай гуфт: "Чанд оҳанги тоҷикӣ, ки ин ҷо гӯш додам, хеле хушам омад ва ҳатман баъди бозгашт ба Омрико, мехоҳам як-ду оҳанги тоҷикӣ низ бихонам".

Муин дар миёни наслҳои гуногуни Тоҷикистон тарафдори хеле зиёд дорад ва хабарнигорон дар ин нишаст бо оҳанги шикоят аз оғои Муин мепурсиданд, ки чаро омаданаш ба Тоҷикистон, ки кишвари ҳамзабон бо Эрон ҳаст ин қадар тул кашид? 

Оқои Муин ба ин савол чунин посух дод: "Аз ин амр худ низ дар ҳайратам. Воқеан, хеле дилам мехост ба Тоҷикистон биём ва ҳатто чанд барномае низ таҳия шуда буд, ки дар ин кишвар кунсерт баргузор кунем. Аммо ин барномаҳо ҳамвора дар лаҳазоти ахир лағв мешуданд." 

Оқои Муин афзуд, ки ин бор ҳам бовараш намеомад, ки барнома амалӣ шавад, аммо дар фурсати кӯтоҳ барномаи сафар таҳия ва дар ҳоли амалӣ шудан аст. 

Он чи ки бештар аз ҳар чизи дигар ширкаткунандагони нишасти матбуъотиро эҳсосӣ сохт, ҳарфҳои Муин дар бораи Тоҷикистон буд.

Оқои Муин гуфт: "Ҳоло, ки ин кишвари нозанинатонро дидам, дилам меход хар сол барои ду-се ҳафта ва ҳатто як моҳ барои тафреҳ биёям инҷо. Дидани Тоҷикистон маро ба ёди ватанам андохт. Ин ҷо ҳама форсӣ ҳарф мезананд ва ин қадар муҳаббат доранду меҳмоннавозанд, ки ман ҳаргиз ин ҷо эҳсоси ғурбат намекунам."

"Дилам мехоҳад ба Исфаҳон баргардам", яке аз шинохтатарин оҳангҳои Муин аст, ки хурду калон дар Тоҷикистон ин оҳангро замзама мекунанд. 

Хабарнигорон аз оқои Муин дар бораи тоърихи эҷоди ин оҳанг пурсиданд. Ба гуфтаи оқои Муин, вай беш аз 27 сол аст, ки дар муҳоҷират ба сар мебарад ва дар бештаре аз оҳангҳояш мавзӯъи мусофират ва ёди ватан ҳузур дорад.

Вай афзуд: "Ин оҳанг (Исфаҳон) бароям азиз аст. Гузашта аз ин, ду байти аввали ин оҳангро худам навиштаам: Дилам меход ба Исфаҳон баргардам, Бозам ба ун нисфи ҷаҳон баргардам."

Зимнан, оқои Муин 7 то 8 сол пеш аз инқилоби исломӣ дар Эрон дар Исфаҳон овозхонӣ мекардааст. 

Дар посух ба ин суол, ки ба чи далеле дар панҷ соли ахир албоми ҷадиде интишор накардааст, оқои Муин гуфт, ки яке аз сабабҳо ин амр масоили хонаводагӣ будааст. 

Вай гуфт: "Рости дар ин панҷ сол ман натавонистам олбуми тозае сабт кунам. Дар ин миён масоили хонаводагӣ ва талоқу ин ҳарфҳо буданд ва ҳамаи ин солҳо мешавад гуфт, ки кор накардаам. Зеро аксари оҳангҳои эҷодшуда пур аз дарду ҷудоӣ буданд ва ба ин далел ҳамаро гузоштам канор."

Зимнан Муин ҳамчунин гуфт, ки се сол пас аз ҷудойи (бо ҳамсараш) онҳо "дубора ба ҳам омаданд."

Олбуми нахустини Муин дар соли 1980 зери унвони "Якеро дӯст медорам" дар Эрон интишор шудааст. Сипас, оқои муин ба Омрико муҳоҷират карда ва фаъолияти худро дар ин кишвар идома додааст. 

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi