МЕҲРИИ МАФТУН ДАР ТОҶИКИСТОН
Дирӯз маъруфтарин овозхони таронаҳои фолклории Афғонистон Меҳрии Мафтун дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон якҷо бо ансамбли оилавии Холовҳо барои мухлисони савту сурудҳои ноб муштаракан консерт доир намуданд, ки ба истиқболи гарми тамошобинон рӯ ба рӯ шуданд. Чунин консертҳои муштараки овозхони афғонӣ бо ҳамтоёни тоҷикаш рӯзҳои 24 ва 26-уми март дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа низ баргузор гардиданд.
Меҳрии Мафтун на танҳо дар Афғонистон, балки дар Тоҷикистону Эрону Покистон низ ҳамчун сарояндаи сурудҳои маҳаллӣ машҳуру маъруф аст. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо Меҳрии Мафтун мусоҳибае орост, ки мӯҳтавои онро пешкаши Шумо муштариёни гиромӣ мегардонем.
- Оқои Меҳрии Мафтун, хуш омадед ба Тоҷикистоне, ки дар ин ҷо шуморо хуб мешиносанд ва муштоқи садои зебову гирои шумо ҳастанд. Нахуст дар бораи худатон чанд сухан мегуфтед?
-Ташаккури хеле зиёд, хеле мамнун аз Шумо. Шояд қобили ин қадар васфи шумо ҳам набошам. Ман ҳам саломҳои бисёр гарми худро ба хидмати муштариёни сомонаи шумо арз мекунам. Баъдан соли навро низ барояшон табрик мегӯям. Лутф кардед. Ман бори якум аст, ки ба Тоҷикистон қадам ниҳодам. Омадам ба хотири ин, ки ҳамзабону ҳамфарҳанги ман аст. Номи ман аслан Меҳрист.Мафтун тахаллус мекунам.
Ман аз улусволии Ишкошими Помири Бадахшони Афғонистон ҳастам. Асли зодгоҳи ман ҳамин Ишкошим ҳаст. Мо дар марзи Омӯ қарор дорем. Бо марзи Тоҷикистон бисёр наздик ҳастем. Бо мардуми тоҷик хешу таборӣ низ дорем. Ман аз падар як писар ҳастам. Падарам вафот кардааст. Модарам, Худоро шукр, ҳаёт аст. Ман издивоҷ кардаам ва чор фарзанд дорам. Се духтар ва як писар. Духтари калониам 11 сола ҳаст. Писарам хурдсол ҳаст.
ӯро ҳамроҳам ба Тоҷикистон овардаам. Феълан дар берун бо дӯстони наваш машғули бозист. 43 сол умр дорам. Дар замони ҳукумати собиқи Афғонистон, замоне, ки шӯравиҳо дар Афғонистон буданд, ман афсари сарҳадӣ будам. Баъдан вақте, ки беназмиҳо дар Афғонистон зиёд шуд. Ман дигар пушти вазифа нагаштам, балки ба ҳунари овозхонӣ рӯ овардам. Аз баракати Худо ва кӯмаки дӯстон ҳунарам боло рафт. Шӯҳратам дар байни мардум зиёд шуд. Феълан масруфи ҳамин кор ҳастам.
-Бисёр хуб, ҳунари мусиқиро пеши кӣ фаро гирифтед?
-Ташаккур, Ман аслан ин касбро аз падарам ба мерос гирифтаам. Дар он замон на тайп (магнитофон) буду на телевизион. Падари ман бо даф ё худ доираи калон суруд мехонд. Ин тарзи сурудхонӣ бо ин асбоб хеле қадимӣ ва асил аст. Имрӯз ҳам хеле роиҷ аст. Ман низ хеле хуб мехонам бо даф.
Падарам ба ҷуз даф боз дамбура ё худ дуторро хуб менавохт. Ба ман ҳам як дамбураи хурд дар тифлиам оварда буд ва ман аз ҳамон вақт дамбура менавохтам. Мактаби мусиќӣ ва ё пеши устоде ҳунари мусиқиро наомӯхтаам. Сирф аз шавқи худ овозхон шудам.
-Шумо ба кадом кишварҳо сафарҳои эҷодӣ доштаед?
-Ман бори аввал соли 2000-ум ҷоизаи солро дар Ҳолланд аз дасти маликаи Ҳолланд гирифтам. Баъдан сафарҳое доштам ба Фаронса ва Итолиё. Дар он ҷо консертҳое ҳам нишон додам. Имсол ба Ҳиндустон ва Олмон низ маро даъват карда буданд.
-Шумо имсол инчунин аз сӯйи телевизиони «Ориёно» беҳтарин овозхони сурудҳои маҳаллӣ эътироф шудед. Мешавад, ки дар ин бора каме сӯҳбат кунед?
-Бояд бигӯям, ки имсол дар як вақт маро чор кишвар хоста буд. Ба Олмон беҳтарин овозхонҳои афғонӣ, аз қабили Фарҳоди Дарё ва дигаронро, ки дар он қатор ман ҳам будам, телевизиони «Ориёно» даъват карда буд. Ба Ҳиндустон барои ширкат дар як фестивал даъват шуда будам. Ба Тоҷикистон маро барои ширкат кардан дар фестивали «Фалак» даъват карданд. Ҳамчунин ба Масков низ маро хоста буданд.
Ман ба Ҳиндустон сафар кардам. Баъди аз Ҳиндустон баргаштан дар Кобул масруфи ширкат дар арӯсиҳо ва тӯйҳо будам, ки дар натиҷа хеле хаста шудам ва ба Олмон нарафтам. Аз ин рӯ ман ҷоизаи худамро аз телевизиони «Ориёно» ҳамчун беҳтарин хонандаи сурудҳои маҳаллӣ, ки бунёди «Баёт» лутф карда ба ман доданд, то ба ҳол нагирифтаам.
-Аз овозхонҳои сурудҳои маҳаллӣ, ба фикри шумо, боз киҳо дар Афғонистон мавриди қабули мардум ҳастанду худи шумо онҳоро эътироф мекунед?
-Ман ба кулли овозхонҳои афғонӣ эҳтиром қоил ҳастам. Дар Афғонистони мо ду самт аст. Яке самти ҷануб ва дигар самти шимол. Дар самти шимол ҳунармандоне, ки мусиқии асили мардумиро менавозанду сурудҳои мардумиро мехонанд, яке Дурмуҳаммади Кишмӣ ҳаст, ки бо ғиҷҷаку дамбура мехонад. Каси дигар Бозгули Бадахшӣ буд, ки ӯ низ бо ғиҷҷаку дамбура мехонд ва шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт, Худо биёмурзаш имсол фавт кард. Ман ҳамаи онҳоро эътироф мекунам, ҳурмат мекунам. Онҳо ҳунармандоне ҳастанд, ки фарҳанги асили кишварро зинда нигаҳ медоранд.
-Матну оҳангҳои сурудҳои шуморо кӣ эҷод мекунад?
-Ба фикри ман ҳар як овозхони маъруф бояд дар паҳлӯи худ як оҳангсози хуб ва як шоири ворид дошта бошад. Мо ки асосан сурудҳои маҳаллиро мехонем, матну оҳангҳоро аз мардум мегирем. Баъзан худам дар пайравии рубоиёти халқӣ шеър менависаму оҳанг месозам. Аз сӯйи дигар мо дар ватан шоирони насли ҷавон дорем, аз қабили Мирсаиди Саид ва Давлатмуҳаммади Ҷавшан, ки аз ашъори онҳо низ суруд мехонам.
Худам оҳанг ҷӯр мекунам ё аз оҳангҳои тоҷикӣ, махсусан аз оҳангҳои мардуми Кӯлобу Бадахшони Тоҷикистон, ки аз фарҳанги мо, аз лаҳҷаи мо қариб, ки фарқ намекунанд, мегирам. Мо сурудҳои фолклории Тоҷикистонро хеле дӯст дорем, махсусан сурудҳои қадимии онро. Ман ки ба ин навъ сурудҳои тоҷикӣ шавқу алоқа дорам, онҳоро дар тӯйю маъракаҳо бо хоҳиши мардум мехонам.
-Аз овозхонҳои тоҷикӣ киҳоро мешиносед, сурудҳояшонро мехонед?
-Ман ба тамоми овозхонҳои тоҷикӣ эҳтиром дорам. Ҳамаашон хушилҳонанд. Вале мо бештар ба садои Одинаи Ҳошим, ки Худо раҳматаш кунад фавт кард, Давлатманди Хол, акаи Дона Баҳром, аз табақаи занҳо Сурайёи Қосим, Нигинаи Рауф, Мастонаи Эргаш, ки дирӯз дар ҷашн ба ҷуз аз Сурайёи Қосим дигар ҳамаашонро хуш шудам дидам, алоқаманд ҳастем. Ман шоиқи овози ин ҳунармандон ҳастам.
-Албом доред?
-То ба ҳол ба ягон ҷо рафта махсус клип насохтаам. Ман ҳарчи ки хондаам дар студияҳои телевизиони миллии Афғонистон ва телевизиони «Ориёно» зинда хондаам.
-Агар теъдоди сурудҳои шуморо ҳисоб кунем, чӣ қадар бошанд?
-Ба шумо шароити Афғонистон маълум аст. То ба ҳол дуруст ором нашудааст, ки мо сурудҳои худро ҷамъоварӣ бикунем. Ман махсус сурудҳои худро ҷамъоварӣ накардаам. Аз ин рӯ намедонам теъдодашон чӣ қадар бошад?
-Сабти наворҳои сурудҳои худро ҷамъоварӣ кардаед?
-То ба ҳол ин корро низ накардаам. Ман дар хона сабти сурудҳои худро надорам. Сабти сурудҳои қадимии хешро дар дасти дигарон мебинам.
-Чанд сол боз овозхонӣ мекунед?
-Ман аз синни ҳафт-ҳашт солагиям дар сарои бом бо «лаган» мегӯем мо, ё худ бо «поднос», байд мехондам. Баъдан худораҳматии падарам ба ман дамбураи хурдакаке овард, ки бо он суруд мехондам. Бистсола будам, аввалин кассетаи худро сабт кардам ва шӯҳрати ман ба атроф паҳн шуд. (Бо хоҳиши хабарнигор Меҳрии Мафтун як суруди қадимаро, ки аз падару бобояш ба мерос гирифтааст, таҳти унвони «Гоҳ-гоҳ масту хуморам бошӣ» дар ҳамовозӣ бо мутрибонаш бародарон рубобнавоз Малик ва дуҳулнавоз Восеъ, хонд).
-Шумо бори аввал ба Тоҷикистон омадед. Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
-Бисёр саволи хуб кардед. Ташаккур. Ман агарчи ба кишварҳои зиёде сафарҳо доштам, вале дар дилам умеду орзуи ба Тоҷикистон омадан аз дер боз маъво гирифта буд. Хушбахтона, муаллими Саид, бародари устод Давлатманди Хол, ки шоиқи овозаш ҳастам, ба ман занг зад ва маро ба фестивали «Фалак» даъват кард.
Ман ҳамон вақт дар арӯсиҳои зиёд банд будам ва натавонистам ба фестивал биёям. Шукри Худо, ки муаллими Саид бори дигар маро ба маҳфили Наврӯзӣ даъват карданд ва инак омадем ба Тоҷикистон. Агарчӣ бо Тоҷикистон ҳанӯз аз наздик ошноӣ пайдо накардам, вале дар ин муддати кӯтоҳ дидам, ки Тоҷикистон чӣ гуна кишвари сабзу хуррам ва обод аст. Мо ифтихор аз чунин подшоҳе мекунем, ки барои кишвару миллати худ ин гуна сулҳу оромиро таъмин кардааст.
-Шумо консерти муштарак ҳам барои алоқамандони мусиқӣ додед. Он чӣ гуна гузашт?
-Бале, якҷо бо оилаи Холовҳо мо консерт додем. Толори пур аз мухлисони Филармония моро гарм қабул кард. Ман бо чашми худ дидам, ки дар ин ҷо шоиқи садои ман низ ҳастанд. Ман аз ин пазироии гарм лаззат бурдам.
-Боз як бори дигар хуш омадед. Наврӯзи мо аз пайи қадами шумо боз зеботар шуд.
-Мо боз дуъо мекунем, ки Тоҷикистону Афғонистон аз имрӯза дида зеботару рангинтар шаванд.
-Омин
Дар хатми мусоҳиба Меҳрии Мафтун суруди «Фалак»-ро бо дамбурааш хонд.
Мусоҳиб Султони Ҳамад
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2021-2010-03-29-19-38-26.html