01:43:55 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/22_--01-a-aaaaaasozoda_226_bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/22_--01-a-aaaaaasozoda_226_bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/22_--01-a-aaaaaasozoda_226_bbc.jpg'

МО ДАР РУСИЯ 1.5 МИЛИЮН "ҒУЛОМОН" ДОРЕМ

Ҳафтаи гузашта маҳофиле ба муносибати таҷлил аз солгарди таваллуди Садриддин Айнӣ, нависандаи саршинос ва пешоҳанги адабиёти навин дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ба ин муносибат, ҳамкорамон Шамсияи Қосим бо Худойназар Асозода, адабиётшинос ва пажӯҳишгари зиндагӣ ва осори Садриддин Айнӣ, мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаи онро инҷо мехонед:

 

-Оқои Асозода, Садриддин Айнӣ ҳамчун адиб, сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоъӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ фаъолият мекард ва нақши ӯро дар бунёди ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳим арзёбӣ мекунанд. Ба назари Шумо, барои мардуми Тоҷикистони мустақил фаъолияти вай дар кадоме аз ин бахшҳо муфидтар аст?

 

-Шумо медонед, ки тасаввури адабиёти шӯроии тоҷик бе номи Айнӣ номумкин аст. Вай дар тӯли беш аз 30 соли фаъолияти эҷодияш дар тамоми жонрҳои адабӣ асар эҷод кардааст ва махсусан насри таърихӣ, илмӣ ва бадеъии ӯ хеле қавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки Садриддин Айнӣ дар ҳар се арсаи сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва адабӣ нақши боризе дошт.

 

Вай тавонист аз сиёсати шӯроӣ ба манфиъати рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик истифода кунад. Устод Айнӣ бо сиёсати шӯроӣ иртиботи қавӣ дошт ва тавонист ҳамон сиёсатро шарқиёна ба манфиъати миллат сарф кунад. Яъне вай аз он ҷумла адибон набуд, ки барои як кайк шуда ҷомаро сӯзонад.

 

Масалан Фитрат бо ҳукумати шӯроӣ мувофиқ набуд ва нобуд шуд. Садри Зиё ҳам яке аз чеҳраҳои шинохта ва устоди Айнӣ буд, лекин вай ҳам сохтори шӯроиро қабул накард. Ба ин хотир, онҳо мутаассифона нобуд карда шуданд.

 

Айнӣ ин чизҳоро мефаҳмид. Ӯ ҳарчанд як мударрис буду аз муллое беш набуд, аммо дар заминаи таҳқиқи адабиёти клосикии тоҷик тавонист ба як нависандаи давраи нави миллати тоҷик табдил шавад ва тавонад онро инкишоф бидиҳад. Ба назарам, вай то даҳсолаҳо ҳамчун адиби барҷастаи адабиёти тоҷик шинохта хоҳад шуд.

 

-Садриддин Айнӣ нахустин нависандае буд, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи намудҳои насри мудерн асар эҷод кардааст, дар ҳоле ки забони русиро намедонист ва то охири умр ба ҳуруфи форсӣ навиштааст. Ин анвоъи насри адабиро вай аз куҷо ёд гирифт?

 

-Воқеъан, Садриддин Айнӣ забони русиро намедонист ва аз назарияи адабие, ки ба забони русӣ вуҷуд дошт, иттилоъ надошт. Вай худаш мегуфт, ки "Ман русӣ намедонистам ва аз ягон мактаби аврупоӣ нагузаштам." Вай бештар ба насри Саъдии Шерозӣ пайравӣ мекунад, яъне соданависиро аз ӯ ёд мегирад. Баъд ба насри Аҳмади Дониш такя мекунад, дар содабаёнӣ ва тасвири воқеъият.

 

Лекин Айнӣ худ истеъдоди фитрӣ дошт ва аз сӯйи дигар, фикр мекунам, ки ба тарҷумаҳои баъзе аз асарҳои туркӣ ба забони форсӣ дар китобхонаи амирии "Сино" дар Бухоро дастрасӣ дошт. Масалан, ҳамон асарҳои Мирзо Сироҷ ё Маҳмуди Тарзии Афғон ҳарчанд урупоӣ нестанд, вале то ҷойе таъсири адабиёти урупоӣ дар онҳо дида мешавад.

 

Ё ҳамон замон баъзе асарҳои Горкий ҳам тарҷума шуда буд. Аммо мо наметавонем иддаъо кунем, ки агар вай масалан Горкийро намехонд, "Ёддоштҳо"-и худро наменавишт. Ин тавр нест. Айнӣ худ дорои истеъдоди фитрӣ буд, ки асарҳояш ба асарҳои мудерн наздикӣ пайдо кард.

 

-Аммо дар маҳофили фарҳангӣ ва адабӣ мо ҳанӯз ҳам баҳси бархе аз соҳибназаронро дар бораи он чи "сода кардани забони тоҷикӣ" мехонанд, мешунавем. Бархеҳо гоҳо Айниро гунаҳкор мекунанд, ки гӯё вай забони адабии тоҷикиро сохт ва ба ин тартиб як забони қолабӣ ва аз асолати худ дурро ба вуҷуд овард. Назари Шумо дар ин бора чист?

 

Аввалан, ман бо ин назар, ки забони тоҷикӣ аз асолати худ дур рафтааст, розӣ нестам. Айнӣ як нависандаи бисёр сермутолеъа буд. Насри Саъдӣ аз миёни китобҳое буд, ки ҳамеша рӯйи мизи устод Айнӣ буд. Ҳоло (бархеҳо) мегӯянд, ки забони адабии тоҷикиро (Айнӣ) дар заминаи лаҳҷаи бухороӣ сохт, ки ин гапҳо ғалат аст. Агар забони Айниро хонем, ин беҳтарин забон аст.

 

Ҳарчанд баъзе тангназарон мегӯянд, "не, забони Айнӣ лаҳҷаи бухороист", аммо ман ҳамчун муҳаққиқ мегӯям, ки Айнӣ ҳамеша барои покизагии забони адабии форсӣ-тоҷикӣ то поёни умр мубориза бурд ва муваффақ ҳам шуд.

 

-Пас мешавад назари худро дар бораи забони имрӯзи тоҷикӣ бигӯед, ки бо чи мушкиле рӯбарӯст? Зеро соҳибназарон ба он ишора мекунанд, ки забони мардум хеле маҳдуд шуда ва дар доираи на бештар аз 500 вожа мечархад?

 

Ба назари ман, забони тоҷикӣ ҳеҷ гуноҳ надорад. Мо худамон фарҳангиён гуноҳ дорем, ки аз забони қадиму имрӯзамон дур ҳастем. Барои ҳамин, дар назари мо чунин мерасад. Вақте мо забони як муҳаққиқро намефаҳмем, гуноҳи муҳаққиқ нест, гуноҳи ҳамон нафарест, ки масалан мақолаашро мехонад.

 

Албатта, забони матбуъоти мо баъзе лағзишҳо дорад, лекин бояд гуфт, ки ширинии ҳар забон дар лаҳҷаи он аст. Мо баъзан лаҳҷа гуфта, забонро коста мешуморем, ин нодуруст аст. Забон падидаест, ки дар он ҳамеша вобаста ба муҳити иҷтимоъӣ, давру замон ва сохтори сиёсӣ тағйирот сурат мегирад.

 

Ва Айнӣ ҳам ҳеҷ гуноҳ надорад. Агар Айнӣ имрӯз мебуд, ҳеҷ гоҳ забони мо ба баъзе костагиҳо гирифтор намешуд. Агар мо осори Айниро хонем, забони адабии тоҷикро бештар ёд мегирем, то аз дарсҳои бархе аз устодони забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳо.

 

Оқои Асозода, муҳаққиқон пайваста дар ҳоли ҷустуҷӯ ҳастанд ва Шумо ҳамчун муҳаққиқи осори Айнӣ ба чи чизи наве пай бурдед, ки бояд гуфта шавад?

 

Ман он чизро пай бурдам, ки эҷодиёти Айнӣ ҳеҷ гоҳ кӯҳнагӣ надорад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳозир Айниро хондан даркор нест, аммо вақте мо ҳозир Айниро мехонем, масалан "Одина"-ро, мебинем, ки мо ҳоло дар Русия яку ним милюн "Одина" дорем, "Ғуломон" дорем, "Дохунда" дорем, "Марги судхӯр" дорем.

 

Осори устод Айнӣ кӯҳнагӣ надорад. Ҳатто дар даҳ соли асри 21, ки давраи истиқлоли Тоҷикистон аст, мо қаҳрамонони устод Айниро пеши назар меорем. Мегӯянд, ки вақт барнамегардад ё ба як об ду бор намедароянд. Осори Айнӣ собит сохт, ки ин ҳарф нодуруст аст.

 

Барои сӯҳбат, сипосгузорам.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2172--15-qq-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854