17:56:00 15-уми Июни 2026 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaabilolov_1.jpg'

ОҲАНГСОЗУ ҲОФИЗУ ҲОЗИРҶАВОБУ ШӮХ...

Бо булбулони нолон

 

Боре фалак чалак шуду дар як базми наврӯзӣ пас аз як-ду суруд хондани ҳунарманди тавоно Саидқули Билол риштаи сухан ба дасти ман ҳам печид. Дидам, ки бо аҳли нишаст ноошноям, овозам шикаст. Ғазалеро, ки бояд мехондам, чун ғизолаш раҳо кардаму гуфтам:

 

Як шингил, эй Билолӣ, чун булбуле бинолӣ,

Мардум намешиносад Сайёди бенаворо.

 

Ҳамин як байти бадеҳӣ бас буд, ки саҳнаро ба дасти дигарон биспорам. Оре, чи хуш гуфтаанд: «асалро камаш доруст». Ин ҷо умеди он аст, ки хонандаи борикбин аз пайи наҳзанӣ намеравад, чун сухан аз баландиву баландон меравад... Лаб фурӯ бастан хостам, лекин аз дилам рафт, ки дигар дар солу моҳе рӯи саҳна омадани маро Худо медонад. Аз ин рӯ як даҳан гирифтам:

 

Хубон намеписанданд мӯйи сафеди моро,

Аз дил наменавозанд тори умеди моро...

 

Ба худ гуфтам: бигзор, аҳли нишаст овозаи номеҳрубонии хубони шаҳри хешро кӯча дар кӯча парешон созанд. Чанд соле аз миён рафт. Ҳамон як байт, ки мисли як ҷуфт кабӯтари рамида аз боми хаёл рафта буд, чун аз диёри дуре бо навои Саидқул баргашт. Бар боми баланди хаёл дидам, ки як ҷуфт кабӯтар ҳамин як села шуд:

 

Як гул набаст ин боғ …

 

Атре назад баҳорам ин боду ин ҳаворо,

Дил дод аз ин шаҳодат, куштанд ин гуворо.

 

Як гул набаст ин боғ, гул баст дил аз ин доғ,

Мурғони дилшикаста бастанд ғамнаворо.

 

Ёрон ба чодари хок бастанд рӯи ғамнок,

Бастаст абри бадрӯ аз мо рухи ҳаворо.

 

Ин шаҳр шаҳри ҷодуст, бас ҷодуӣ, ки бо ӯст,

Боре нигар ту, эй дӯст, як бому ду ҳаворо.

 

Афтода дар тилисмем, гумкардагони исмем,

Ҳар сӯ чу мору каждум дидем чашми воро.

 

Оҳ, эй ҳакими сархам, афтодаӣ чи дар ғам,

Сӯфӣ, чарост сӯфат ин дарди бедаворо?

 

Ҷоно, зи мо ҷудоӣ, ҷӯяндаи Худоӣ,

Аз мо биҷӯ Худоро, аз хеш мосиворо.

 

Як шингил, эй Билолӣ, чун булбуле бинолӣ,

Мардум намешиносад Сайёди бенаворо.

 

Чун шоири арҷманд Низом Қосим ин ғазалро хонд, «шингил»-ро дар «парда» гирифт:

 

Як парда, эй Билолӣ, чун булбуле бинолӣ...

 

Баски ӯ шоири боғиву роғӣ нест, шоири шаҳрист, шояд бо забони боғдорон камтар ошност. Ё аз он ки бо Парда Ҳабиб солҳо дар як идора ҳамнишин буданд, ин калима дар забонаш бештар печидааст.

 

Чун парда бо захмаву созу овозу овозхону оҳангсоз ҳамнавост, онро пазируфтам...

 

Саидқул бисёр нағз хонда буд:

 

Дар намозам хами абрӯи ту бо ёд омад,

Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад...

 

Бо он ки фарёди меҳроби ҳазрати Ҳофизро мешунидам, ҳолате рафт, ки дар он рафтан ҳамнавои булбулони нолони гулистон шудам.

 

Дарду ғаму шодӣ ҳама як дил доранд,

Бо гиряву ханда бин, ки маҳфил доранд.

 

Нола ба даргоҳи Худо

 

Саидқул суханшиносу сухансанҷу суханвару суханпарвар аст. Суханро аз пушту рӯ, аз даруну берун хуш менигарад. Дарди суханро меёбад, захма ба тори дард мезанад, ноларо аз ҳамин тор берун мекашад. Мазаи ғамро мечашад, он гоҳ меандешад, ки ин ғам кирои хӯрдан дорад ё не. Нолаи ӯ аз ғаму дарди ҷигарсӯз аст. Рӯзе, ки обу хоки Ватан оташ гирифту мардуми бечора ҳар сӯ парешон рафт, ӯ рӯ ба даргоҳи Худо карду нолид:

 

Эй Худо, пайванд кун бишкастаро,

Ҷамъ кун, ҷамъи парешонгаштаро,

Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро

Аз парешонӣ нигаҳ дор, эй Худо.

 

Ин фарёду фиғон аз дили шоири файласуф Назри Яздон бархоста буд. Саидқул бо ӯ ҳамнавою ҳамово шуд. Ин ниёиши пурсӯзро Худои меҳрубон шунид. Ин нолаи сӯзон ба ҳар диле, ки расид, беасар набуд. Ҳазор-ҳазор дил бо ин нола зор гирист. Эй дӯсти азиз, мо, ки дар хонаи худ, дар канори ёру биёри худ сад бор гиристем, азизони бехонаву дари дур аз ёру диёри мо нагиристанд? Чун ин суханонро рӯи коғаз меорам, пеши рӯям ҳазор-ҳазор анбӯҳи мардум асту ансамбли «Дарё» бо шукӯҳе саҳнаро ороста. Аз ин саҳнаи бошукӯҳ фарёди дили мардум ба даргоҳи Илоҳӣ меравад:

 

Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро

Аз парешонӣ нигаҳ дор, эй Худо...

 

СӢ сол ҳамнавоӢ

Сӣ сари сол аст, ки Саидқул бо устод Бозор Собир пайваста ҳамкорӣ дорад. Агарчи устод имрӯз дар он лаби дунёст, ин пайванд барҷост, чун аз оғоз канданиву шикастанӣ набуд. Аз ин ҳамкорӣ дарахте руста, ки тановари хушбаргу бор аст, меваи шаҳдбораш дар комҳо ангубин мерезад. Ин як коса шаҳд аст аз ин меваи ширин:

 

Аз дилхунукиҳои ӯ ях баст сар то пои ман,

Тӯмори гармиям надод аз мӯи ӯ муллои ман.

Саҳрои ишқам дар ҷаҳон шуд ҷои вовайлои ман,

Бо ман бинолу гиря кун, саҳрои ман, саҳрои ман.

 

Дирӯзи ман як рӯз не, гӯё ки як садсола буд,

Аз ишқи бефардои ман дирӯзи ман дар нола буд,

Дирӯзу имрӯзам гузашт, аз рӯзи фардоям чи суд?

Бо ман бинолу гиря кун, фардои ман, фардои ман.

 

Яке дар ҳавои ин суруд овози дилнавози устод Бозор Собир рӯшан мешавад:

 

Дирӯзу имрӯзам гузашт, аз рӯзи фардоям чи суд?

Бо ман бинолу гиря кун, фардои ман, фардои ман...

 

Оҳ, оҳ, чи маза дорад ин овоз, шаҳд бар шаҳд мерезад! Зебоӣ аз зебоӣ об мехӯрад. Як суруди дилнишин дилнишинтар мешавад.

 

Ин ҳам як коса шаҳд аст аз ҳамон мева:

 

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.

Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳам оташи Зардуштем,

Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем.

 

Борҳо дидаем, ки кӯдакон бо дилхушии беғубори кӯдакона аз канори мо сурудхонон гузаштаанд. Он суруди нағз, ки кӯдакон дӯсташ доштанду бе ҳеҷ дастуру хоҳише аз сӯи устод ё падару модар ба дили худ мехонанд, ин аст:

 

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.

 

Шоир Зайниддини Ҷомӣ, ки омӯзгор аст, мегӯяд:

 

«Дар китобҳо як хел шеърро барои азёд кардан додаанд, ки кӯдакро ҳазор бигӯӣ, хуши хонданаш намеояд, ин шеърро бе гуфтани мо ҳама хонандагон азёд кардаанд».

 


Оре, кӯдакон онро ҳарф ба ҳарф аз даҳани ҳофиз чида гирифтаанд. Чи хуш аст, ки дар дили кӯдак сухани созанда менишинад. Кӯдак бо сухани баланд чун ба ҷое мерасад, ба гузаштаи дури хеш менигарад, хештанро мешиносад. Оре, аз ҷомаи сафеду сафедҷомагон меандешад. Ин ҷомаи сафед пок аст, ҷомаи ҷавонмардист, ҷомаи нангу номуси Ватандорист.

 

Ҳофизи тавоно бо созу овоз моро бо он ҳама дарду доғ, он ҳама нангу номусу ғурури миллию Ватандории гузаштагони сарбаланди хеш ошно месозад.  Устод Бозор Собир ба наздикӣ нусхаи ҳамин шеърашро ба Саидқул фиристода, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки онро бихонад, чунки нусхаи комил аст. Ба Саидқул гуфтам:

 

-Шитоб накун. То ту инро мехонӣ, ки устод нусхаи дигарбора қаламзадаашро мефиристад.

 

Гуфт:

 

-Рост мегӯӣ. Як уқёнус дар пеши чашмаш ором аст, устод ором нест. ӯ уқёнуси ноороми шеър аст. 

Ин ҳамон нусха аст:

 

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.

Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳам оташи Зардуштем,

Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем.

 

Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд,

Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд.

Мо ҳам кӯҳи хороем, девори Бухороем,

Девори Бухороем мо ҳам, кӯҳи хороем.

 

Як тоифа аз Лоҳӯр, як тоифа аз Тӯсем,

Ҳам вориси қомусем, ҳам вориси номусем,

Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем,

Ҳамшаҳри ба номусем, ҳамшаҳри ба иқболем.

 

Мову ту сухан гӯем бо ҳазрати Мавлоно,

Мову ту ватандорем бо миллати Мавлоно.

Дар зери сарам Ҳофиз, дар зери сарат Бедил,

Дар кӯдакӣ парварданд аз мову ту соҳибдил.

 

Мо шаҳраҳи Абрешим аз шеъру ғазал кардем,

Мо касби ғазалбофӣ аз рӯзи азал кардем.

Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шири Аҷам шер аст,

Анбӯҳи қаламзораш найзори қаламшер аст.


Саидқул дар ҳунари хеш гавҳаршинос аст. Завқи баланди шеършиносӣ дорад. Ин соядаст аз устод Бозор Собир барои ӯст:

 

Оҳангсозу ҳофизу ҳозирҷавобу шӯх,

Сар то қадам зарофату сар то ба пой завқ...

 

Суханшиносе чун устод Бозор Собир дар фаросӯи хирмани гандуму хирмани моҳ аз тӯдаи абру тӯдаи коҳу дунёи гард бо зардиву бо сардӣ, зебоӣ меофарад: зебоии тирамоҳӣ, зебоии дардноки ашковар. Он гоҳ суханшиносе чун Саидқул ин зебоии нолахезу ноларезро бо созу овоз дубора обутоб медиҳад, дар дили мо хирмани нолаву хирмани лола дар хун ҷӯш мезанад:

 

На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,

Ба ҳаво тӯдаи абрам, ба замин тӯдаи коҳам,

Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,

Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам...

 

Шевани Саидқул Билол шеваи дигар дорад: шевани саризабонӣ нест, шевани рӯидилӣ нест, шевани ҷигарист, аз сӯзу гудози дилу ҷону ҷигар сар мезанад, ки аз ҷонат фиғон мехезад, устухонат месӯзад, дилат об мешавад, ҷигарат мерезад:

 

Аз хоки Ватан гӯри падар дар дили ман монд,

Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд,

                                                      дар дили ман монд...

 

Дар оташи ғам коғази рӯи ман агар сӯхт,

Аз хоҳари ман коғази сар дар дили ман монд,

                                                   дар дили ман монд...

 

Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,

Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд,

                                                             дар дили ман монд...

 

Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт,

Аз рафтанашон хуни ҷигар дар дили ман монд,

                                                          дар дили ман монд...

 

Дар сӯзани девори ман аст риштаи умрам,

Кофист, ҳамон сӯзан агар дар дили ман монд,

                                                    дар дили ман монд...

 

Аз ҳамватану ҳамрагу ҳамгавҳару ҳамхун

Чашмони тару оҳи саҳар дар дили ман монд,

                                                    дар дили ман монд...

 

Оре, шоиру ҳофиз бо ҳам аз ғаму дарди ҷонгудози падару модар, хоҳару бародар, хешу табор, Ватану ҳамватану хештан мегирянд. Дар ҳавои ин суруд ҳофизу шоир дар ҳар гӯшаи дунё ҳазор-ҳазор ҳамгиря доранд. Саидқул дар Ватан бо шоири ғариб ҳамдилу ҳамдард аст. Чунин аст, ки аз созу овозаш сӯзу гудози сухани шоири ғариб бар дили мо мерезад. ӯ дар оташи сӯзони ғам фурӯ мераваду аз он чун самандар нолазанон берун меояд...

 

Шеване барои Ватан:

 

Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол,

Дидори Ватан надидаам даҳ сари сол.

Мебинамаш аз харитаи деворӣ,

Дурии Ватан кашидаам даҳ сари сол.

 

Шеване барои модар:

 

Олучаи латтадор буд модари ман,

Қишлоқии хоксор буд модари ман,

Яъне ки бузургвор буд модари ман,

Дар зиндагияш мазор буд модари ман.

 

Шеване ба ёди хонаи хеш:

 

То хонаи ман масофаи бисёр аст,

Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.

Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,

Оинаи ман мунтазири дидор аст.

 

Шеване барои дӯст:

 

Эй акс, нишони рӯи моҳе будӣ,

Аз тозаҷавониям гувоҳе будӣ.

Ман пир шудам, вале ҷавонӣ ту ҳанӯз,

Ҳаққо, ки рафиқи нимароҳе будӣ.

 

Боз ҳам Саидқул аст, ки овои устоди азизи ғарибро аз он канори дунё мешунаваду бо ӯ ҳамово мешавад:

 

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод,

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод...   

 

Боз ҳам Саидқул аст, ки аз дили хунчакони устод Бозор Собир, аз дили хунчакони мардум фарёд мекашад:

 

Ҳар куҷое санг дидам,

Даст бурдам бар сараш чун бар сари фарзанди хеш

Бо навозиш,

Гуфтам: инро аз Бадахшон кандаанд,

Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд...

 

Сайёд ҒАФФОР

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2191-2010-04-25-19-08-27.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ