ОҲАНГСОЗУ ҲОФИЗУ ҲОЗИРҶАВОБУ ШӮХ... - Pages 2
Оре, кӯдакон онро ҳарф ба ҳарф аз даҳани ҳофиз чида гирифтаанд. Чи хуш аст, ки дар дили кӯдак сухани созанда менишинад. Кӯдак бо сухани баланд чун ба ҷое мерасад, ба гузаштаи дури хеш менигарад, хештанро мешиносад. Оре, аз ҷомаи сафеду сафедҷомагон меандешад. Ин ҷомаи сафед пок аст, ҷомаи ҷавонмардист, ҷомаи нангу номуси Ватандорист.
Ҳофизи тавоно бо созу овоз моро бо он ҳама дарду доғ, он ҳама нангу номусу ғурури миллию Ватандории гузаштагони сарбаланди хеш ошно месозад. Устод Бозор Собир ба наздикӣ нусхаи ҳамин шеърашро ба Саидқул фиристода, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки онро бихонад, чунки нусхаи комил аст. Ба Саидқул гуфтам:
-Шитоб накун. То ту инро мехонӣ, ки устод нусхаи дигарбора қаламзадаашро мефиристад.
Гуфт:
-Рост мегӯӣ. Як уқёнус дар пеши чашмаш ором аст, устод ором нест. ӯ уқёнуси ноороми шеър аст.
Ин ҳамон нусха аст:
Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,
Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.
Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳам оташи Зардуштем,
Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем.
Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд,
Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд.
Мо ҳам кӯҳи хороем, девори Бухороем,
Девори Бухороем мо ҳам, кӯҳи хороем.
Як тоифа аз Лоҳӯр, як тоифа аз Тӯсем,
Ҳам вориси қомусем, ҳам вориси номусем,
Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем,
Ҳамшаҳри ба номусем, ҳамшаҳри ба иқболем.
Мову ту сухан гӯем бо ҳазрати Мавлоно,
Мову ту ватандорем бо миллати Мавлоно.
Дар зери сарам Ҳофиз, дар зери сарат Бедил,
Дар кӯдакӣ парварданд аз мову ту соҳибдил.
Мо шаҳраҳи Абрешим аз шеъру ғазал кардем,
Мо касби ғазалбофӣ аз рӯзи азал кардем.
Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шири Аҷам шер аст,
Анбӯҳи қаламзораш найзори қаламшер аст.
Саидқул дар ҳунари хеш гавҳаршинос аст. Завқи баланди шеършиносӣ дорад. Ин соядаст аз устод Бозор Собир барои ӯст:
Оҳангсозу ҳофизу ҳозирҷавобу шӯх,
Сар то қадам зарофату сар то ба пой завқ...
Суханшиносе чун устод Бозор Собир дар фаросӯи хирмани гандуму хирмани моҳ аз тӯдаи абру тӯдаи коҳу дунёи гард бо зардиву бо сардӣ, зебоӣ меофарад: зебоии тирамоҳӣ, зебоии дардноки ашковар. Он гоҳ суханшиносе чун Саидқул ин зебоии нолахезу ноларезро бо созу овоз дубора обутоб медиҳад, дар дили мо хирмани нолаву хирмани лола дар хун ҷӯш мезанад:
На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,
Ба ҳаво тӯдаи абрам, ба замин тӯдаи коҳам,
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам...
Шевани Саидқул Билол шеваи дигар дорад: шевани саризабонӣ нест, шевани рӯидилӣ нест, шевани ҷигарист, аз сӯзу гудози дилу ҷону ҷигар сар мезанад, ки аз ҷонат фиғон мехезад, устухонат месӯзад, дилат об мешавад, ҷигарат мерезад:
Аз хоки Ватан гӯри падар дар дили ман монд,
Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд,
дар дили ман монд...
Дар оташи ғам коғази рӯи ман агар сӯхт,
Аз хоҳари ман коғази сар дар дили ман монд,
дар дили ман монд...
Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,
Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд,
дар дили ман монд...
Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт,
Аз рафтанашон хуни ҷигар дар дили ман монд,
дар дили ман монд...
Дар сӯзани девори ман аст риштаи умрам,
Кофист, ҳамон сӯзан агар дар дили ман монд,
дар дили ман монд...
Аз ҳамватану ҳамрагу ҳамгавҳару ҳамхун
Чашмони тару оҳи саҳар дар дили ман монд,
дар дили ман монд...
Оре, шоиру ҳофиз бо ҳам аз ғаму дарди ҷонгудози падару модар, хоҳару бародар, хешу табор, Ватану ҳамватану хештан мегирянд. Дар ҳавои ин суруд ҳофизу шоир дар ҳар гӯшаи дунё ҳазор-ҳазор ҳамгиря доранд. Саидқул дар Ватан бо шоири ғариб ҳамдилу ҳамдард аст. Чунин аст, ки аз созу овозаш сӯзу гудози сухани шоири ғариб бар дили мо мерезад. ӯ дар оташи сӯзони ғам фурӯ мераваду аз он чун самандар нолазанон берун меояд...
Шеване барои Ватан:
Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол,
Дидори Ватан надидаам даҳ сари сол.
Мебинамаш аз харитаи деворӣ,
Дурии Ватан кашидаам даҳ сари сол.
Шеване барои модар:
Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман,
Яъне ки бузургвор буд модари ман,
Дар зиндагияш мазор буд модари ман.
Шеване ба ёди хонаи хеш:
То хонаи ман масофаи бисёр аст,
Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.
Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,
Оинаи ман мунтазири дидор аст.
Шеване барои дӯст:
Эй акс, нишони рӯи моҳе будӣ,
Аз тозаҷавониям гувоҳе будӣ.
Ман пир шудам, вале ҷавонӣ ту ҳанӯз,
Ҳаққо, ки рафиқи нимароҳе будӣ.
Боз ҳам Саидқул аст, ки овои устоди азизи ғарибро аз он канори дунё мешунаваду бо ӯ ҳамово мешавад:
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод,
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод...
Боз ҳам Саидқул аст, ки аз дили хунчакони устод Бозор Собир, аз дили хунчакони мардум фарёд мекашад:
Ҳар куҷое санг дидам,
Даст бурдам бар сараш чун бар сари фарзанди хеш
Бо навозиш,
Гуфтам: инро аз Бадахшон кандаанд,
Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд...
Сайёд ҒАФФОР
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2191-2010-04-25-19-08-27.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ