«ОРИЁӢ» Ё ХУД РАҲИМ БУРҲОНОВ - РАЗВЕДКАЧИИ ШӮРАВӢ ДАР САҲНАИ ТОҶИК
Чоруми май дар саҳнаи Театри давлатии академикӣ драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши пиесаи драматурги маъруфи тоҷик Сафармуҳаммади Аюбӣ «Ориёӣ» баргузор гардид. Бино ба иттилои директори театр, Хунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ибодуллоҳ Машрабов намоишнома ба ифтихори ҷашни 65-солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм ва ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон таҳия ва рӯйи саҳна гузошта шудааст.
Намоишномаро Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, саррежиссёри театр Хушназар Майбалиев ва коргардон Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов коргардонӣ кардаанд. Рассоми намоишнома Арбоби Шоистаи Санъати Тоҷикистон Шота Шотолибов буда, мусиқии онро овозхон ва оҳангсози маъруфи кишвар Далер Назаров таҳия намудааст. Дар нақши марказии намоишнома Герхард-«Ориёӣ» ё худ разведкачии тоҷик Раҳим Бурҳонов ҳунарпешаи ҷавони театр Абдукарим Машрабов ҳунарнамоӣ кардааст.
Агарчи «Ориёӣ» сеюмин нақшест, ки ин ҳунарманди ҷавон дар саҳнаи театр бозӣ мекунад, вале ба ақидаи коршиносону алоқамандони театр ӯ тавонистааст, ки ин нақшро низ мақбул бозӣ кунад. Умеда Раҳимова ҳунарпешаи дигари ҷавони театр нақши дӯсти «Ориёӣ» Катрина, яке аз ашхоси ба доираи Гитлер наздикро бозидааст. Дар нақши худи Гитлер бошад Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбон Собиров ҳунарнамоӣ кардааст.
Ин актёри хеле боистеъдод ва маъруфи кишвар чун ҳамеша нақши худро дар сатҳи олии профессионалӣ иҷро намудааст. Ҳамин тариқ дар намоишнома нақши Сталинро – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Исо Абдурашидов, маршал Жуковро-Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов, Молотовро-Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодиров, Берияро - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Улфатшоҳ Аҳмадшоев, Геббелсро- Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Фирӯз Умаров, Геррингро - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, профессори олмонӣ Вергофро - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов ва разведкачидухтари рус Надеждаро - Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Саодат Азизова иҷро кардаанд.
Тибқи сюжет намоишнома аз корнамоии як нафар тоҷикписар бо номи Раҳим Бурҳонов ҳикоят мекунад, ки дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳамчун як олмонӣ бо номи Герхард ба дастгоҳи иҷроияи Гитлер роҳ ёфта, азҷумлаи муқаррабони сардори Рейхи саввум мешавад ва ҳар доим ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ хабарҳои хеле муҳимеро махфиёна ирсол менамояд. Тибқи маълумотҳои таърихӣ бошад Раҳим Бурҳонов писари шоир ва сиёсатмадор охири асри 19 ва аввалҳои асри 20-и Осиёи Миёна Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ба шумор меравад.
Мунзим солҳои дар Олмон ба ҳайси сафири Бухорои шӯравӣ кор карданаш (1922-1925) бо худ 45-нафар бачаҳои болаёқати Бухороро барои таҳсил бурда буд, ки дар байни онҳо ду нафар фарзанди худаш Раҳими 12-сола ва Рашиди 8-сола низ буданд. Дар се соли таҳсил ва зиндагӣ дар Олмон Раҳим забон в урфу одати олмониҳоро хуб аз мекунад. Баъди бозгашт ӯ таҳсилашро дар яке аз Мактабҳои олии низомии Иттиҳоди Шӯравӣ идома медиҳад.
Солҳои ҷанг бо нақшаи хадамоти ҷосусии шӯравӣ ба «асорати фашистҳо афтода шомили «Легиони Туркистон» мешавад ва аз ин ниҳод ба шӯравиҳо иттилооти лозимаро мефиристад. Баъдан ба Иттиҳоди Шӯравӣ бароварда мешавад ва пас чанде бори дигар барои мулоқот бо аъзои «Легиони Туркистон» ба Олмон фиристода мешавад. Баъди бозгашт зери шубҳа қарор гирифта ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи амрикоиҳову аглисҳову фаронсавиҳо зиндонӣ мешавад.
Баъдан бегуноҳии ӯ собит шуда аз зиндон раҳо меёбад. Ӯ баъдан ба корҳои педагогӣ машғул шуда соли 1989 дар Душанбе аз дунё мегузарад. Дар нахуст намоиш ин спектакл духтари Раҳим Бурҳонов Лӯъбат Бурҳонова, ки дар гузаштаи на чандон дур аз наттоқони муваффақи Телевизиони Тоҷик ба ҳисоб мерафт, иштирок дошт. Ҳозирини толор, ки аксарияташонро кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташкил медод, намоишномаро гарм истиқбол гирифтанд. Ба гуфтаи раҳбарияти театр ин намоишнома то рӯзи ҷашни Иди Ғалаба 9-уми Май ҳамарӯза ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз рафти нахустнамоиши «Ориёӣ» лаҳзаҳоеро ба навор сабт намудааст, ки ҳамакнун пешкаши шумо алоқамандони сомонаи Ruzgor.tj менамоем.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2251-lr-.html