07:58:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ИФТИТОҲИ ЧАҲОРБОҒИ ИСТИРОҲАТӢ

Дар мавзеи Чумҷуқ–Арали шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон чаҳорбоғи фарҳангиву тафреҳӣ бо номи «Наврӯзгоҳ» ифтитоҳ ёфт ва мавриди истодаи сокинон қарор гирифт.

Дар маросими кушодани он ҳазорон кӯдакон ҳамроҳи падару модарони худ иштирок доштанд ва садои хушҳолонаи онҳо то дергоҳи шаб чаҳорбоғро пур мекард. «Наврӯзгоҳ» дар канори рӯди Сир ҷойгир буда, наздики 40 гектар масоҳат дорад. Дар он моделҳои нави чархофалак, гардунаҳо, мисли «Диснейланд»-и амрикоӣ, аквапарк, ҳавзҳои шиноварӣ ва заврақронӣ, майдонҳои варзишӣ ва консертӣ, толорҳои замонавии аз ҷумла барои 600 ҷойи нишаст, яхмосу нӯшокифурӯшиҳо дар ҳавои кушод ва тарабхона дар маърази истифодаи умум қарор гирифтааст.

Чунин тарҳи бузурги чаҳорбоғ – парки тафреҳии бузурги замонавӣ бори аввал дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуд ва он ҳам бо ибтикор ва сармояи соҳибкорони маҳаллӣ. Бар пояи маълумоти расмӣ, тоҷирони маҳаллӣ дар бозсохти ин чаҳорбоғ ҳудуди 1.5 миллион евро маблағ ба харҷ додаанд. 

«Ман мехоҳам ба киштича нишаста, дар кӯл сайр кунам. Пеш ин хел киштичаҳо ва бозиҷоҳоро фақат дар телевизион дида будам. Акнун шодам, ки дар шаҳри худ ин хел ҷо ҳаст ва метавонам ҳар рӯз биёям. » - чунин мегӯяд Масъуди 12 сола, ки ҳамроҳи аҳли оилааш ба сайри чаҳорбоғи нав омадааст.


Даромад ба чаҳорбоғ бепул аст ва то дергоҳи шаб боз аст. Ин барои бори аввал дар Тоҷикистон чунин боғи истироҳатии бузург ва дорои бозиҷойҳову толорҳои замонавӣ барои бачаҳо боз гашт. Қаблан сокинони Суғд кӯдакони худро аз тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба диснейланди кишварҳои ҳамсоя мефиристоданд.

Зимнан, пештар ҳам дар мавзеи Чумҷуқ-Арал чаҳорбоғи истироҳатӣ мавҷуд буд, вале тӯли 20 соли ахир ба ҳоли худ монда, хароб гашта буд. Ба гуфтаи Абдуллоҷон Абдуллоев, раиси маъмурияти «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд, чаҳор чархофалак ва гардунаҳои нав аз кишвари Венгрия оварда шудааст, толори асосии чаҳорбоғ гунҷоиши 600 нафарро дорад ва канори он сехи кулчапазӣ бо таҷҳизоти туркӣ бунёд шудааст.

Ба гуфтаи вай, «Наврӯзгоҳ» ном ниҳодани чаҳорбоғи Чумчуқ–Арал ба он хотир аст, ки дар он барои баргузории маросимҳои ҷашни бузурги тоҷикон – Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ ва сайругашти идонаи сокинон шароити хуб фароҳам карда шудааст ва аз соли оянда сар карда, ҷашни умумии наврӯзи Хуҷанд дар ҳамин чаҳорбоғ баргузор хоҳад гашт.

Аз рӯзи нахусти ифтитоҳ «Наврӯзгоҳ» ба як ҷойи дӯстдоштаи сокинони вилояти Суғд табдил ёфтааст. Малика Давлатова, як сокини шаҳри Хуҷанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пеш ин гуна як ҷое набуд, ки волидайн якҷоя бо кӯдакони худ ба сайру истироҳат раванд, аз ин рӯ, аҳли байташ боз шудани «Наврӯзгоҳ»-ро хеле гарм истиқбол кардаанд. 

Абдуллоҷон Абдуллоев, раиси маъмурияти «Наврӯзгоҳ», гуфт, то рӯзи ҷашни ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон – 27 июн итмоми сохтмони тарабхона ва дар ояндаи наздик бунёди як ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ барои калонсолонро дар назар доранд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi