10:17:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАРАННУМГАРИ ИШҚУ ЁДИ ВАТАН

 Ӯ аз ҷудоиҳо мехонад, ҳарчанд хаста аз ҷудоист. Аз танҳоӣ месарояд, агарчӣ танҳо будан намехоҳад. Аз бевафоӣ мегӯяд, ва аз хиёнат метарcад. Ӯ замоне паршикаста буд, аммо хушбин барои оянда. Ӯ месӯхту месохту месуруд. Ва шояд агар ин ҳама дардҳоро намекашид, ӯ он Муине намебуд, ки имрӯз ҳаст. Муине, ки ҳазорҳо ҳаводоронаш сафарашро ба Тоҷикистон солиёни дароз интизорӣ кашиданд. Ва инак нахустин сафари ситораи Шарқ Муин ба Тоҷикистон дар Ояндасоз Мюзик.

 



Шоми 21 июн бузургтарин толори консертии Душанбе - Кохи Борбад лабрез аз ҳаводорони оҳанги ноб буд. Дар дохилу наздикиҳои даромадгоҳи толори консертӣ, дар роҳравҳои байни курсиҳо дӯстдорони таронаҳои шево чашм аз саҳна барнамеканданд. Замоне, ки аз дурӣ, аз паси парда садои ошно баланд шуд, нидоҳои шодиёнаи тамошобинон ва кафкӯбиҳои муддавоми онҳо ба фалак печид.

 

Тамошочиён ташнагонеро мемонданд ва Муин чашмаеро, ки аз нӯшидани оби покаш ҳеҷ сер намешуданд. Садои маҳзун аммо қавии Муин ҳатто бидуни микрофон низ толорро фаро мегирифт.

Дар толори консертӣ намояндагони ҳамгуна наслҳо ҳузур доштанд. Ва ҳатто нафароне, низ буданд, ки хос барои консерти Муин аз кишварҳои дигар, Русияву Эрон ба Душанбе омаданд, то ки таронаҳои мақбули дили худро бишнаванд.

Дар консерте, ки дуюним соат давом кард, Муин таронаҳои зиёде хонд. Ҳам аз оҳангҳои ҷадид ва ҳам сурудҳо аз албомҳои қаблиашро, ки ҳамагӣ барои шунавандаи тоҷик ошноянд. Аксари оҳангҳо бо ҳамовозии тамошобинони толор суруда шуданд.

Агарчӣ аз қабл чиптаҳо барои консерти Муин аз 100 то 200 сомонӣ, ки муодили 40 долар аст муайян шуданд, вале дар толор нафароне буданд, ки чиптаҳоро бар ивази 400 то 500 сомонӣ харидорӣ кардаанд. Дар ин зимн, як мусоҳиби ман, ки худро Розия муаррифӣ кард, гуфт, ҳарчанд дар шароити кунунӣ чунин қиммат доштани чиптаҳо гарон аст, вале барои мухлисони Муин, ин чандон муҳим нест.

Муин аз ҷумлаи овозхонони саршиноси эрониест, ки дар миёни форсизабонони ҷаҳон аз маҳбубияти хоса бархӯрдор аст. Дӯстдорони ин овозхони шинохта мегӯянд, ҳанӯз дар авохири солҳои 80-ум ва авоили 90-уми қарни гузашта фиттаҳои сабти овози Муин аз Дубай ва Амрико ба Тоҷикистон оварда ва пасон дар ду студияи сабти овози он давр нусхабардориву ба дӯкон бароварда мешуд. Ҳанӯз он солҳо тарафдорони таронаҳои Муин фиттаҳояшро бо нархи қиммат харидорӣ мекарданд. Бо гузашти солҳо маҳбубияти Муин дар Тоҷикистон бештар шуд ва ҳоло сабтҳои ин хонанандаро роҳҳат метавон дар дӯконҳои фиттафурӯши пайдо кард. 



Абдуқодири Абдуқаҳҳор, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, қабл аз Муин дар Тоҷикистон дигар хонандаҳои саршиноси эронӣ бо сафари ҳунарӣ қарор доштанд, ки таронаҳояшон бештар ба равони шунаванда таъсир мегузорад, аммо оҳангҳои Муин ба қалбҳо роҳ меҷӯяд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи оғои Абдуқодир , Муин тавонист дар Тоҷикистон мактаби ҳунарии худро поя гузорад.

Тайи даҳ соли ахир чандин овозхони тоҷик бо тақлид аз оҳангҳои Муин рӯи саҳна омадаанд, ки яке аз онҳо Сӯҳроби Сафарзод аст, ки то ҳанӯз дар сояи таронаҳои ин хонанда суруд мехонад. Ин овозхони тоҷик дар сӯҳбат бо Ояндасоз Мюзик гуфт, дар Душанбе бо Муин мулоқоти рӯ ба рӯ доштааст, ки натиҷаи онро ба гуфтаи Сӯҳроб мо пас аз чанд моҳи дигар хоҳем шунид.

Ҳарчанд худи Муин низ дар сӯҳбат бо хабарнигорони тоҷик гуфт, аз он ки оҳангҳояшро дар Тоҷикистон пайравӣ мекунанд шод аст, вале боз ҳам афзуд, тақлид набояд доимӣ бошад. 

Муин 57 сол дорад ва дар Исфаҳони Эрон ба дунё омадааст. Ва ҳанӯз аз синни 17 ба навохтани созҳои мусиқӣ пардохт. Соли 1982 баъд аз сурудани таронаи аввалинаш «Якеро дӯст медорам» аз Эрон ба шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико ҳиҷрат мекунад. Ва соли 1983 нахустин албоми оҳангҳояш мавсум ба «Мепарастам» ба бозор ироа мешавад. Муин 27 сол аст, ки дар Амрико ба сар мебарад ва ин аст, ки дар албомҳояш аксаран Муин аз ғарибӣ ва дурӣ аз ватан мехонад. Муин мегӯяд, қариб кулли оҳангҳояш тараннумгари рӯзгори худашанд. Шурӯъ аз ошиқ шудан, ҷудоӣ, танҳоӣ ва боз бо ҳам омадан бо ҳамсараш ва эҳсоси хушбахтӣ. Муин ду бор издивоҷ кардааст ва ду фарзанд дорад - Ситора ва Паричеҳр.



Овозхони маҳбуби Шарқ тай чор рӯз дар Душанбе буд, ки ба гуфтаи худи ӯ ин мӯҳлат барояш кам аст. Муин ваъда медиҳад, ки аз ин ба баъд бештар меҳмони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Шаҳлои Гулхоҷа, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi