| ДАР МАҲФИЛИ БОРБАДИ СОНӢ - АКАШАРИФ ҶӮРАЕВ |
| Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг | |||
| 17.06.2010 11:50 | |||
|
16-уми июни соли 2010 дар Кохи Ҷомӣ ба хотири гиромидошти устод Акашариф Ҷӯраев консерти ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар аввал роҳбари бадеии ансамбл Фурқат Саидов тамошобинонро бо роҳи тайнамудаи бо ифодаи устод Айнӣ ин Борбади сонии тоҷик мухтасаран ошно намуд.
Бояд гуфт, ки дар ин ду моҳи ахир ин дуввумин консертест, ки ансамбли давлатии «Шашмақом» бо истифода аз суруду таронаҳои ин ва ё он овозхони маъруфу фақиди тоҷик барои алоқамандони ҳунари мусиқӣ доир мекунад. Чанде пештар дар ҳамин Кохи Ҷомӣ чунин консерте бо истифода аз осори шодравон Боймуҳаммад Ниёзов баргузор гардида буд.
Барои муштариёни сомона ҳамакнун таронаи «Аллат мегум бачаме»-ро аз ҳамин консерт дар иҷрои Луҳира Мӯминова пешкаш менамоем.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2497-2010-06-17-06-52-54.html
|













Назарҳо
RSS лентаи назарҳо.