20:45:05 20-уми Майи 2025 сол

ДАР МАҲФИЛИ БОРБАДИ СОНӢ - АКАШАРИФ ҶӮРАЕВ

16-уми июни соли 2010 дар Кохи Ҷомӣ  ба хотири гиромидошти устод Акашариф Ҷӯраев консерти ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар аввал роҳбари бадеии ансамбл Фурқат Саидов тамошобинонро бо роҳи тайнамудаи  бо ифодаи устод  Айнӣ  ин Борбади сонии тоҷик мухтасаран ошно намуд.

 

Сипас дар консерт овозхонҳои хушсадои ин ансамбли овозадор  бархе аз таронаҳои ҷовидонаи ин сардафтари ҳунари мусиқии муосири тоҷикро ба алоқамандони мусиқии ноб тақдим намуданд. Хусусан суруду таронаҳои «Қалъабандӣ», «Субҳи кишвари рӯят», «Чорзарб» дар иҷрои коллектив, сурудҳои «Ёр гул сумане», «Ҷоно ман аз фироқат», «Аллат мегум бачаме», «Нозанине ман бидидам», «Қиблаи ҷон», «Ироқи Дарвоз», «Маҳбубаи ҷон», «Эй аз фурқати ту»,  «Ай дараи Камаров», «Менолад дилам», «Агар ба гулшан маҳи ман», «Аз чашми тобноки ту», «Ошёни булбулон» дар иҷрои овозхонҳонҳои ширинадо Ҷумъабой Қӯзиев, Шамсиддин Муҳиддинов, Луҳира Мӯминова, Фурқат Саидов, Сабоҳат Наҷмиддинова, Ҷамшед Эргашев, Дилшод Гулов, Мавзуна Маҳмадаминова, Абдувалӣ Ҷалолов, Субҳониддин Бурҳонов, Тоҷиддин Раҳимов, Саодат Умарова, Шоҳида Абдуҷалилова бо як таровату зебогии тозае пешкаши мухлисон гардиданд.

 

Бояд гуфт, ки  дар ин  ду моҳи ахир ин дуввумин консертест, ки ансамбли давлатии «Шашмақом» бо истифода аз суруду таронаҳои  ин ва ё он овозхони маъруфу фақиди тоҷик барои алоқамандони ҳунари мусиқӣ  доир мекунад. Чанде пештар  дар ҳамин Кохи Ҷомӣ чунин консерте  бо истифода аз осори шодравон Боймуҳаммад Ниёзов баргузор гардида буд.

 

 

Барои муштариёни сомона ҳамакнун таронаи «Аллат мегум бачаме»-ро аз ҳамин консерт дар иҷрои Луҳира Мӯминова пешкаш менамоем.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2497-2010-06-17-06-52-54.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 14.07.2010 22:00
Бисьёр суруди хуб шашмаком ин шохи сурудхост Рахмат ба шумо рузномаи интернетии Рузгор,
 
 
0 #1 Guest 23.06.2010 16:47
Хеле оли ин суруди аллат мегум бачам... :P :roll:
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ