23:05:56 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

АФЗОИШИ ҶАРИМАИ ОВОЗХОНОНИ БЕ "ПАТЕНТ"

 

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардаанд, ки аз ҳунармандони бидуни патент дар тӯю сӯри мардум то 3000 сомонӣ ҷарима ситонида хоҳад шуд. Ин эълони мақомоти Суғд, ки бо гузашти 2 сол аз тасвиби қонуни танзими расму ойин рӯи даст гирифта мешавад, мояи нигаронии аҳли ҳунар, ба хусус овозхонон, шудааст. 

Махками Баҳриддин аз овозхонони ҷавонони суғдӣ мегӯяд, амиқрафти бӯҳрони молӣ, ки ба фаъолияти ӯву аксар овозхонҳои дигар таъсир гузоштааст ва талаби ҳаққи патент дар чунин шароит овозхононро маҷбур мекунад, фаъолиятҳои худро боз ҳам зеризаминӣ кунанд. Махками Баҳриддин меафзояд, дар ниҳоят пуле, ки барои «патент» аз ҳунармандон хоҳанд ситонид, боз ҳам ба гардани тӯйдор хоҳад уфтод, чунки онҳо маҷбуранд ба маҳзи пули патент аз соҳиби маърака пули бештар талаб кунанд.

Вай мегӯяд, аз як сӯ фишори бӯҳрони молӣ ва аз сӯи дигар фишори мақомоти андоз бархе санъаткоронро дар рӯбарӯи эҳтимоли тарки ин пеша ва тарки саҳнаи ҳунар қарор додааст.

Ин дар ҳолест, ки ба назари бархеи дигар, дастмузди овозхонон чандон бад нест, ки барои пардохтани ҳаққи патент нарасад. Вале ба фарқ аз овозхонон, намояндагони касбҳои дигари эҷодии марбут ба тӯю сӯри мардум, аз ҷумла аксбардорон ва наворбардорон, чандон бузург нест ва ситонидани пули патент метавонад ба ҷайби ин афрод зарбаи сахт бизанад.

Абдумалик Саидов, як аксбадори хуҷандӣ, мегуяд, ҳарҷумарҷи зиёди пешомада дар пешаи аккосӣ ӯро сахт хаста кардааст. Ба гуфтаи Абдумалик, дар шароити феълӣ бо дастгоҳҳои куҳнаи ғайрирақамӣ дигар намешавад ин пешаро пеш бурд, вале харидории дасгоҳҳои муосири аккосӣ маблағи ҳангуфте мехоҳад. Аммо агар ба ин ҳама боз пули патент замм шавад, мегӯяд Абдумалик, ӯ маҷбур аст, барои 2 ё 3 сол роҳи муҳоҷиратро пеш бигирад.

Як гурӯҳи дигар дар ҳамин ҳол ба ин нукта ишора мекунанд, ки ҳама талошҳои мақомот ҷиҳати кам кардани масрафи тӯю сӯру азои мардум тавассути татбиқи қонунии танзими расму ойинро афзоиши нархҳо дар бозорҳо ҳеҷ кардааст.

Ба эътиқоди онҳо, вазъият ҳамон ду понздаҳ - як сиро мемонад, чунки бо вуҷуди то ба 140 нафар фуровардани ҳадди аксари меҳмонони тӯй, нарху навои гарони бозор боис шуда, ки харҷи чунин маъракаҳо дар ҳамон ҳадди пешин боқӣ бимонад ва ҳатто бештар шавад.

Холаи Обида, ки бояд дар моҳи оянда тӯи хонадоршавии нахуст фарзандашро барпо кунад, намедонад, ки оё бо он 50 сомонӣ пули нафақае, ки мегирад, чи гуна метавонад ба хотири хушу хотирмон гузаштани тӯи фарзандаш ҳам овозхону ҳам аккос ва ҳам наворбардор даъват кунад.

Вай мегӯяд, «шароит бисёр вазнин аст. Агар аз санъаткорон андозу патенти калон талаб кунанд, боз кори мо барин туйдорҳо вазнин мешавад». 

Ба назари ағлаб, ҳар қадр мақомот ҳалқаи назоратро дар чорчӯби қонуни танзими расму ойин тангтар кунад, боз ҳам бораш ба гардани мардуми бечора меуфтад. Ҳаққи патенти овозхону раққоса ва пули андози ошпазу аксбардор дар ниҳоят боз ҳам аз ҷайби ҳамин мардум пардохта мешаванд.

Ин аст, ки тасмими мақомот бештар аз ҳама онҳоеро ба ташвиш овардааст, ки ба мисли холаи Обида ба баргузории ягон тӯю сӯр омодагӣ мебинанд. 

Қамари Аҳрор, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi