14:44:53 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАФАР НОЗИМ: ЧУ РАХТИ ХЕШ БАРБАСТАМ АЗ ИН ХОК…

Хоки  тира боз дурдонаеро аз ганҷинаи олами шеъру ҳунар ба коми худ фурӯ бурд. Боѓбони азал лолаи дил пур аз  доғеро аз миёни бӯстони ҳунари мусиқӣ гулчин кард. Зафари ҳунару фарҳанги мо ин ҷаҳони фониро падруд гуфт. Бале, Зафаре, ки якҷо бо суруду таронаҳояш  ба хонаи ҳар як тоҷикистонӣ, дар кору зиндагии ҳар як тоҷик зафар меовард. Таронаҳои ӯ он эҳсоси яъсу ноумедӣ, ғаму андӯҳеро, ки дафъатан гоҳо рӯйи мо фишор меоварданд, аз мо дур менамуданд, бо онҳо дастбагиребон шуда дар ин набард зафар мекарданд.

 Ба ивазаш ба мо орзуву умед ато менамуданд, шодиву хурсандӣ меоварданд, меҳри модар, ватанро дар мо меафзуданд, ба корҳои савобу муфид ҳидоят мекарданд… Зафар имрӯз ба оғӯши хок рафт… Оре, Зафар Нозим дигар дар байни мо нест. Вале ин мисраъҳо, ки  гӯё аз забони устод Зафар  Нозим гуфта шудаанд, ба мо итминон медиҳанд, ки номи ӯ Ҷовидон хоҳад монд:

 Дар ин равоқ суруду тарона мемонад,

Садои ошиқи ман ошиқона мемонад.

Ҷаҳон пур аст зи оҳанги ошиқонаи ман,

Фақат садост, ки андар замона монад.

 Рӯзи 3-юми августи соли 2010, соати 13 бар асари бемории тӯлонӣ дили яке аз бузургтарин овозхони қарни бисти ҳунари мусиқии тоҷик устод Зафар Нозимов аз тапидан боз монд.  Маросими ҷанозаи ӯ субҳи 4-уми август дар масҷиди марказии кишвар, масҷиди Ҳоҷӣ Яқуби Чархӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

 

Ин русуми бобоиро Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, олими барҷастаи исломии кишвар, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Ҳисор бо сухани чанд дар тавсифи марҳум ифтитоҳ бахшида, риштаи каломро ба Муҳаммадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе дод. Спикери палатаи болоии Парлумони тоҷик аз хизматҳои устод Зафар Нозим ёдовар шуда, ӯро вассофи истиқлоли ватан, ваҳдату якпорчагии кишвар ва хештаншиносию ифтихори миллии мардуми тоҷик номид.

 Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги ҶТ шодравон Зафар Нозимро яке аз шоҳсутунҳои кохи бегазанди фарҳанги миллии тоҷик арзёбӣ намуд. Ў аз хусуси мероси ба ёдгор гузоштаи худораҳматӣ суханронӣ карда иброз дошт, ки суруду таронаҳои устод Зафар садсолаҳо дар дилу дар забони мардум, шогирдону пайравон ва дӯстдорони ҳунари мусиқӣ боқӣ хоҳанд монд.

  Дар маросими ҷаноза Раиси Маҷлиси Намояндагон  Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва собиқ Раиси МН Сайдулло Хайруллоев ширкат карданд. Фарзанди устод Зафар Нозим Ҷовидони Зафар, ки касби падарро пеша кардааст, аз номи аҳли байт ба ҳозирин барои дар ин рӯзи мотам дар паҳлӯйи онҳо будан ва онҳоро дастгирӣ кардан ибрози ташаккурӣ намуд.

 Сипас намози ҷанозаи марҳум бо имоматии  олими шинохтаи кишвар домулло Муҳаммадии қумсангирӣ гузошта шуд. Баъди ин корвони мошинҳо бо ҷасади «сорбони корвони ҳунари мусиқии тоҷик» роҳ сӯйи қабристони Лучобро пеш гирифт. Дерест ин мавзеъ дар байни зиёиёну равшанфикрони бо номи «Мақбаратушшуаро» маъруф аст.

 

 

Дар ин хоки муқаддас бузургони миллат ҳамчун устодон Мирзо Турсунзода,  Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ, Одина Ҳошим, Қутбӣ Киром, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Саидмӯъмин Раҳимов Ғойибназар Паллаев, Тӯҳфа Фозилова, Малика Собирова  ва  ғайра чун барги гул паҳлӯи ҳам хобидаанд. Ҷасади устод Зафарро дар наздикии мақбараҳои устод Одина Ҳошим ва ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ба хок супориданд.

 Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз маросими ҷаноза ва ба хок супурдани устод Зафар Нозим  ду гузориши видеоие омода кардааст, ки инак онҳо пешкаши Шумо, муштариёни гиромӣ мегарданд. Муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», хабарнигорамон инчунин дар садади омода кардани маводи хеле густурдае дар бораи зиндагиномаи устод Зафар Нозим  мебошад. Худо хоҳад онро дар наздиктарин фурсат пешкаши Шумо хоҳем кард.

 Ҳоло бошад аз фурсат истифода бурда аҳли байт, ақрабои  устод Зафар Нозим, тамоми ҳаводорони садои ҷовидонаи ӯро бо  ин талафоти бузург тасаллият арз карда аз Худованди бузург барои ҳамагон сабри ҷамил ва барои марҳум биҳишти аднро таманно  мекунем. Илоҳо, рӯҳашон  шод ва хонаи охираташон обод бошад.

 Бо эҳтиром аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2833-2010-08-05-11-22-13.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi