ТӮҲФАИ МАЙКЛ ҶЕКСОН БА ПЕНҶӢ
Рӯзи гузашта барои дуввумин бор ҷаҳониён зодрӯзи Майкл Ҷексонро бе худи ӯ таҷлил намуданд. Ҳамон Майкле, ки ҳунари беназир дошт, бо шеваи худаш мерақсид, мехонд, менавохту мусиқӣ месохт. Рӯҳи ҳаводоронашро бо ҳунар қабза мекард. Ӯ рӯзи 29- августи соли 1958 дар хонаводае пурфарзанд ба дунё омад. Фарзанди ҳафтуми хонаводаи нодоре буд, аммо дар 11-солагӣ ба гурӯҳи Jackson-5 пайваст ва дар 24-солагӣ бо олбуми «Триллер»-аш ба авҷи шӯҳрат расиду рекорди пурфурӯштарин албоми ҷаҳониро гузошт. Триллер» - 47-миллион нусха ба фурӯш рафт.
Албомҳои дигари ӯ чун «Шоҳи поп», «Бад», «Таърих», «Ҳамин буд» низ аз шӯҳрати беназир бахӯрдор буданд. Ӯ дар ҳамаи жанрҳо суруд месароид ва сабаби инро ба маҷаллаи амрикоии Крим» (Creem) чунин шарҳ додааст:
«Ман танҳо бо як навъи мусиқӣ сару кор доштанро дӯст намедорам. Барои он, ки мехоҳам на танҳо барои як гурӯҳи муайян, балки барои ҳар касе коре анҷом бидиҳам. Аз ба гунаҳо ҷудо кардани мусиқӣ хушам намеояд. Табақабандӣ нажодпарастиро мемонад.»
Аммо рӯзи 25-июни соли гузашта, ин ситораи мусиқии ҷаҳонро ҳаводорону наздиконаш дар Лос Анҷелес бо тобути сӣ ҳазордоллара ба хок супориданд. Вале Майкл ба ин зудиҳо барои мухлисонаш намемирад. Чун шоҳи поп султони қалбҳои бешуморе низ ҳаст.
Ва аммо аз зодрӯзи Майкл Ҷексон дар Тоҷикистон аксари мардум хабар надоранд. Чун ин овозхон ба гунае, ки дар дигар кишварҳои ҷаҳон маъруф аст, дар кишвари мо маҳбубият надорад. Аксари тоҷикон бо сурудҳои Майкл Ҷексон танҳо дар миёнаи солҳои 90-ум ошноӣ пайдо карданд.
Муҳаммадҷони Шодӣ, ҳунарманди театр ва синамо, сабаби инро дар он мебинад, ки замони авҷи шӯҳрати Майкл Ҷексон – солҳои 80-уми асри гузашта, Тоҷикистон дар ҳайати давлати абарқудрати шӯравӣ буд ва ин низом ҳеч гоҳ намегузошт, ки санъати ғарб дар давлат таблиғ шавад.
Пенҷӣ Анаев, овозхони тоҷик, ки дар аксари сурудҳояш аз услуби Майкл пайравӣ мекунаду дар саҳна чун ӯ мерақсад, дар ин бобат мегӯяд: «Дар хақиқат як сабаби шӯҳрат наёфтани сурудҳои Майкл дар Тоҷикистон дар он аст, ки ба завқи мардуми мо намехӯрад. Аммо ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки рақси Майклро дар Тоҷикистон низ бисёриҳо дӯст медоранд».
Ба ҳамин хотир низ, мегӯяд Пенҷӣ, ман рақсҳои Майклро зери суруду оҳанги форами тоҷикона иҷро мекунам, ки мухлисонамро писанд аст. Ва аммо Пенҷӣ тарзи либоспӯшии Ҷексонро низ қабул дорад. Ӯ мегӯяд, як мувафаққияти Майкл дар он аст, ки ба саҳна бо либосе мебаромад, ки бо мӯҳтавову услуби сурудаш мувофикат мекард.
Ҳамчунин ӯ афзуд, ки «Баъди марги Майкл шабе ӯро дар хоб дидам ва ӯ яке аз рақсҳояшро худ ба ман омӯхту дар охир шляпаашро бароям тӯҳфа кард. Шояд рӯҳи Майкл маро талқин мекунад, роҳи ӯро идома бидиҳам».
Баҳманёр Муродов, “ИмрӯзNews”
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3006-2010-08-30-19-00-24.html