13:14:27 02-уми Июни 2025 сол

«ҚИЁМИ РӮЗ»-РО ДАР МАСКАВ ҲАМИН ШОМ МЕБИНАНД

Шоми имрӯз, 30-юми августи соли 2010 дар Толори сафеди Хонаи кинои пойтахти Русия филми ҳунарии коргардони тоҷик Носир Саидов «Қиёми рӯз» дар чаҳорчӯбаи 8-умин кинофестивал «Нахустнамоиши Маскав») («Масковская премьера») ба маърази тамошои мухлисони синамо гузошта мешавад. Кинофестивали мазкур, ки ҳамасола аст, аз рӯзи 27-уми август оғоз ба кор карда,  то 5-уми сентябр фаъолияти он идома хоҳад дошт. Ба ин сабқати синамоӣ 99 филми ҳунарӣ, мустанад ва бачагонаи  синамогарони қариб тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳодӣ Шӯравӣ пешниҳод гардида, дар чаҳор бахш ба озмун гузошта шудаанд.

 

Ҳайати доварони кинофестивалро ашхосе ташкил медиҳанд, ки аз рӯйи шуғлашон бо санъати кино робитае надоранд. Имсол ба ҳайати жюри сарвари коммунистони Русия Генаддий Зюганов, духтури амрози қалб Ренат Окчурин, барандаи телевизион Светлана Сорокина, овозхон Дмитрий Малик, ҳаҷвнигор Геннадий Хазанов  ва журналист Петр Спектор шомил гардиданд. Филми коргардони тоҷик дар ин кинофестивал дар бахши «Анҷумани синамогарони миллӣ» мавриди арзёбии ҳайати доварон қарор хоҳад гирифт.

 

Бояд гуфт, ки  филми «Қиёми рӯз» аз рӯйи сенарияи нависанда Сафар Ҳақдодов таҳия гардида, нахустнамоиши он 24-уми августи соли 2009 дар кинотеатри Ҷомӣ ба вуқуъ пайвастааст. Дар филм воқеаҳои замони қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони пасошӯравӣ инъикоси худро пайдо кардаанд. Филм дар чандин кинофестивалҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз гардидааст.

 

Ба гуфтаи коршиносон ин нахустин филми киностудияи «Тоҷикфилм» аст, ки баъди касби истиқлолият дар арсаи байналмилалӣ шӯҳрати чашмрасеро соҳиб шудааст. «Қиёми рӯз»-ро беҳтарин дастоварди киноматографияи тоҷик дар 15 соли ахир меҳисобам», - мегӯяд санъатшинос Наталя Кармилкина.

 

Чуноне, ки дар сӯҳбат ба хабарнигори «ИмрӯзNews» коргардони ин филм Носир Саидов иброз дошт, филми мазкур дар муддати қариб як соли арзи вуҷудаш дар беш аз шаш кинофестивали байналмилалӣ ширкат варзида, наздик ба 12 ҷоизаи бонуфузро соҳиб шудааст.

 

Ба хусус метавон аз ду ҷоизаи кинофестивали байналмилалии «Керала»-и Ҳиндустон (барои беҳтарин режиссура, ҷоизаи тамошобинон), се ҷоизаи кинофестивали байналмилалии даҳаи «Фаҷр» дар Эрон, ҷоизаи 4-умин кинофестивали ба номи Андрей Тарковский ва ҷоизаҳои дигар кинофестивалҳо ном гирифт, ки дар ҷаҳони синамо қадру манзалати баланде доранд.

 

Ин мисолҳо далели онанд, ки киноматографияи тоҷик тавонмандии онро дорад, ки ба қуллаҳои баландтаре гом бардорад. Барои ин таваҷҷӯҳи бештари ҳам масъулин ва ҳам ҷомеъа  ба ин соҳа зарур аст,-меафзояд Носир Саидов.

 

Дар филм нақшҳои асосиро Артисти хизматнишондодаи Федератсияи Русия Юрий Назаров ва ҳунармандони тоҷик Насиба Шарифова, Шоди Солеҳ, Насриддин Нуриддинов, Аловуддин Абдуллоев ва дигарон бозидаанд. Филм дар давоми  қариб ду сол дар дараи Варзоб бо дастгирии  КВД «Талко менеҷер» ба навор гирифта шудааст.

 

Султони Ҳамад, “ИмрӯзNews”

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3008-l-r-------.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854