| "ШАРҚИЁН БА ҒАРБ АЗ ДАСТИ ГУРУСНАГИВУ ДИН МЕГУРЕЗАНД" |
| Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг | |||
| 04.09.2010 09:49 | |||
|
Иддае аз донишҷӯён ва шоъиртабъон, ки дар шеъргӯйӣ нахустин қадамҳои худро мебардоранд ба оқои Собир шеърҳои худро қироат карданд, ки мавриди нақди адабии шоъири шинохта қарор гирифт. Баъд аз шеърхонии шоъирони ҷавон, Бозор Собир бархе аз ашъори худро барои ҳозирин қироат кард ва аз таърихи нигориши бархе аз ашъораш ҳикоят кард.
Аксарияти дархосту саволҳои ширкаткунандагон ба устод Собир пас аз шеърхониҳо, ба мавзӯъи бозгашти вай ба Тоҷикистон ва ё мондагор шуданаш дар Амрико марбут буд, ки нахуст оқои Собир нахост дар ин бора ибрози назар кунад.
Аммо пас аз матраҳ шудани мукаррари ин мавзӯъ, вай чунин гуфт: "Ҳамаи мардуме, ки аз Шарқ ба Ғарб, аз ҷумла Амрико, муҳоҷир мешаванд, асосан (муҳоҷираташон) ду сабаб дорад. Яке гуруснагӣ ва дувум аз дасти дин."
Вай афзуд: "Барои бомжҳо каму беш нони бепул ҳам доранд, аммо муҳиммаш ин аст, ки (Амрико) дин надорад. Касе кор надорад, ки ту чи хел мегардӣ."
Вай аз ҷумла ин байтро дар ин замина қироъат кард:
Дастат, ки агар ба тоқи нонат нарасад, Хиште, ки ба зери по ниҳӣ, Қуръон аст
"Байни куфру имон" Аксари ширкаткунандагони маҳфили баҳси абадӣ бо устод Собир, ки нахустин бор пас аз солҳои тӯлонӣ бо шоъирони ҷавон доир шуд, аз ин маҳфил бо руҳия ва табъи болида берун омаданд. Аммо Шоирабонуи Раҳимҷон, як шоъир ва пажӯҳишгари ҷавон, пас аз ин дидор тасмим гирифтааст, ки дигар ашъори Бозор Собирро нахонад.
Вай ки худро аз тарафдорони аршади шеъри оқои Собир медонист, гуфт, ки ба дунболи шоеъае дар бораи дидгоҳҳои "бединии" Бозор Собир ба маҳфил омада буд, аммо пас аз ин нишаст ба ин шоеъа бовар кард.
Аммо Султон Ҳамад, пажӯҳишгар ва рӯзноманигор, ширкаткунандагони маҳфили Бозор Собирро ҷавонони хушиқбол хонд ва гуфт, ки ин маҳфил "дарси бузурги шеър буд" ва афзуд, ки "худи устод аз ин нишаст хеле рӯҳ гирифтанд." Вай нигарониҳои тарафдорони мусулмони Бозор Собирро дар мавриди "бединии" вай бепоя хонд ва гуфт:
Ҳар лаҳза ба шакли бути айёр баромад, дил бурду ниҳон шуд, Ҳар дам ба либоси дигар он ёр баромад, гӯ пиру ҷавон шуд... Румӣ сухани куфр нагуфтасту нагӯяд, мункир машаведаш, Кофир шуда он кас, ки ба инкор баромад, аз дузахиён шуд...
Қарор аст то бозгашти устод Бозор Собир аз Тоҷикистон ду моҳ тӯл кашад ва дар ин муддат маҳфили "шаби эҷодии" вай ҳам баргузор хоҳад шуд. Аммо худи вай гуфт, ки замон ва макони баргузории ин мафҳил то ҳоло мушаххас нашудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3041-q-------q.html
|













