12:20:29 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_mansurov-214582'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_ormonho_2569487'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_mansurov-214582'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_ormonho_2569487'

САЪДУЛЛО РАҲИМОВ: ҶАВОНОН АЗ ГИРЕБОНИ МО МЕГИРАНД…

Дар Кохи Ҷомӣ нахустнамоиши филми ҷадиди «Ормонҳо» баргузор гардид, ки онро хатмкардагони Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода таҳия намудаанд.  Муҳиддин Ҷӯраев муаллифи сенария ва коргардони  филм мегӯяд,  ин нахустин қудуми ҷиддии онҳост дар соҳаи синамо. Пеш аз ин, онҳо ду филми ҳуҷҷатиеро бо номҳои «Магар ин зиндагист?» («Разве это жизнь?») ва «Канд» ба навор гирифта буданд. Аммо филми ҳунарии «Ормонҳо» давоми нӯҳ моҳ дар шаҳри Конибодом бо сарфи зиёда аз 90 ҳазор сомонӣ сабт гардидааст.

 

Нақшҳои асосиро дар филми мазкур Қурбони Собир, Обид Назаров, Раҷабгул Қосимова, Нурлана Гаджиева ва дигарон бозидаанд. Санъатшинос Саъдулло Раҳимов пеш аз оғози намоиш воқеаи аҷиберо нақл кард. Ӯ гуфт се сол қабл, замоне, ки дар Душанбе кинофестивали «Дидор» баргузор мегашту филмҳои тоҷикӣ он қадр муваффақ набуданд, баъди анҷоми фестивал ин ҷавонон маро дар кӯча диданду аз гиребонам доштанд ва пурсиданд, ки барои чӣ бархе аз филмҳои бесифати тоҷикиро ба озмун роҳ дода, санъати моро шарманда мекунед?

 

Ман гуфтам, ки ҳар чизе ки дорем, ҳамин аст, агар  шумо тавонед, аз ин беҳтар биофаред! Онҳо гуфтанд, ки ҳатман меофаранд. Ва имрӯз маълум гашт, ки онҳо дар аҳди худ устувор мондаанд. Дар филм атрофи зиндагии се оила- оилаи полковники милиса, оилаи як марди шаробхора ва кампираку наберааш қисса меравад, ки дар охир писари полковник набераи кампиракро, ки модараш ба Россия муздурӣ рафта буд, таҷовуз мекунад ва ин амал ӯро то маҳбас мебараду духтаракро ба худкушӣ мерасонад. Полковник низ аз вазифа меравад. 

 

Таҳиягарони ҷавони филм кӯшидаанд, то паҳлӯҳои мубрами зиндагии мардуми моро нишон бидиҳанд. Аммо бархе аз саҳнаҳои ин филм лахзаҳое аз филмҳои ҳиндӣ ва ӯзбекиро мемонанд. Талабшо Муқимов, журналисти телевизиони «Сафина», ки соли гузашта филмеро бо номи «Беҳуда хорам мекунӣ» таҳия карда буд, дар ин бобат мегӯяд:

 

- Ман гумон надорам, ки онҳо аз ягон филми ҳиндӣ ва ё ӯзбекӣ чизе дуздида бошанд. Ин филм ба ман бисёр маъқул шуд. Чунки аз мушкилоти имрӯзи мардуми мо қисса мекунад. Онҳо лаҳзаҳоеро аз ҳаёти муқаррарии мардуми мо нишон додаанд.

 

Сафар Ҳақдодов, муаллифи сенарияи филми маъруфи «Қиёми рӯз» низ мегӯяд, филм ба тамоми талаботи жанри мелодрама ҷавобгӯ аст. Аз ҷиҳати режиссура бошад, мегӯяд ӯ, ин ҷавонон бисёр қолабшиканӣ кардаанд ва коргардонҳои касбии мо бояд аз эшон биомӯзанд.

 

Шералӣ Абдулқайсов - ҳунарманди театр ва синамо гуфт, ин филм барояш писанд асту аз ин ҷавонон умеди калон дорад.

 

 

Аммо профессор Қурбони Собир, ки ба ин ҷавонон дар донишкада дарс мегӯяду дар нахустин филми онҳо нақш низ офарида, иқрор мекунад, ки агарчӣ кори онҳо дар маҷмӯъ хуб аст, аммо воқеан дар сенарияи филм ҷо - ҷо нуқс эҳсос мешавад. Ҳарчӣ ҳам набошад, мегӯяд ӯ, ин нахустин қадамҳои онҳост ва аз эшон қадамҳои ҷиддиро интизор аст. Бояд ин ҷавононро дастгирӣ кард, то дар ин соҳа дар оянда низ фаъолият дошта бошанд.

 

Муҳиддин Ҷӯраев мегӯяд, ки онҳо ин филмро бо пули қарз ба навор гирифтаву бояд аз ҳисоби фурӯш масрафи онро бароранд ва ҳаққи ҳунармандонро низ бипардозанд. Аз ин рӯ мехоҳанд то охири сол ин филмро дар кинотеатрҳои дигари Тоҷикистон ба намоиш гузоранд. Ин  ҳам дар ҳолест, ки рӯзи аввали намоиш нисфи толори «Кохи Ҷомӣ» тамошобин надошт.

 

Баҳманёр Муродов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3077-2010-09-09-01-35-38.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ