РӮЗИ РӮДАКӢ
Рӯзи 22-юми сентябр, дар ҷумҳурӣ «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил карда мешавад. Хабарнигори мо дар ин робита бо Маҳмудзода, устоди кафедраи адабиёти классики факултети филологияи тоҷики ДМТ сӯҳбате дошт.
-Устод аввалан Шуморо ба муносибати рӯзи Рӯдакӣ табрик менамоям ва мехостам бигуед, ки максад аз баргузори ин рӯзи фарҳангӣ дар Тоҷикистон чист?

-Бузургдошти Рӯдакӣ ва ба ин восита ба гиромидошти шеъри оламгири форсии точикӣ аз чанд нигох дорои ахмият аст хамчунин рӯзи Рӯдакӣ тачлил гардидани як рӯз низ бо максади арҷгузори ва ин рӯзи шеъри форсии точикӣ инчунин бузургдошти абармардони шеъри форсӣ аст. Таҷлили рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон собиқаи дерина дорад, то он ҷое ки ман огоҳ ҳастам қаблан рӯзи Рӯдакӣ ва ҷашнгирии як рӯзе бо номи рӯзи Рӯдакӣ дар ДМТ арафаи наврӯз таҷлил мешуд ва дар ин рӯзҳо конфронсҳои илмӣ баргузор мегардиданд, аз ҷумла бо номи ёдбуди Рӯдакӣ чанд маҷмӯи мақолахо низ чоп шудааст ва дар ин конфронс намояндагони чанд кишварҳо аз ҷумла шарқшиносон иштирок кардаанд,ки ман худам шоҳиди ин будам.
Баъд аз ин ҷанд сол пеш дар Институти Забон ва Адабиёти тоҷик маказе ташкил карда шуд ва ин бунёд низ чанд сол аст ки пай дар пай конфронсхои илмӣ дар минтақахои гуногуни Тоҷикистон баргузор мекунад. Дар рузи конфронс пиромуни шеъри Рудакӣ, таҷқиқи рӯзгору осори ӯ баҳсҳо сурат мегиранд. Хушбахтона чанд сол пеш қарори ҷумҳурии Тоҷикистон як рӯзи махсусе бо номи рузи Рӯдакӣ таҷлил шуд, ки дар олам тахассус додани чунин рӯз хеле маъмул аст.
-Оё баргузории ин рӯз дар пешравии адабиёти форсӣ-точикӣ такони чиддие расонида метавонад?
-Албатта омодаги дар чунин рӯз донишгоҳҳо муассисаҳои илмӣ ва фархангӣ, муассисоти пажухишӣ ва умуман вазифаи кулли Тоҷикистониён аст ки инчунин ин рӯзро ҳамчун як рӯз таҷлил кунанд ва ин худ руҷуъ кардан ба гузашта ва зинда кардани ходисаи таърихӣ инчунин бузургдошти тадқиқотҳои устод Рӯдакӣ албатта муҳим аст. Масалан ба назар мерасад, ки мо имрӯз Рӯдакӣ ва шеъри ӯро шинохтаем. Шахсияте ки исми ӯ солҳои зиёд вирди забонҳо аст, аммо вақте ки сари масъалаи маърифати шеъри устод Рӯдакӣ ва саҳми ӯ дар поягузории шеъри форсӣ- точикӣ бар ҳак шинохта шудааст.
Холо масъалаҳои омӯзиши ашъори Рӯдакӣ вуҷуд доранд ва хеле зиёд ҳастанд, чун устод аз ҷумлаи шоирони соҳибдевони адабиёти форсӣ-точикӣ мебошанд. Мутассифона девони комили устод то имрӯз дар дасти мо нест ва дар ин замина кӯшишҳои зиёде шудаанд. Девони Рӯдакиро бо унвонхои гуногун чоп карданд, аз ҷумла охирон девоне ки дар асоси пажуҳиш таҳқиқ дар Алмаато бо кӯшиши Кодири Рустам ба чоп расидааст ва мо ин девонро дар даст дорем.
Лекин аз ҷониби донишмандони дигар дар кишварҳои гуногун аз ҷумла дар Эрон корҳое дар ин замина сурат гирифтааст, вале ба ҳар ҳол ин масъала боз доманааш густурдатар аст ва ҳоло ҳам дар манобеъи хатти кадима осори устодро бояд ҷустуҷӯ кунем, ки то хадди имкон дар дақиқии он кӯшиш намоем. Ба ҳар ҳол он чи ки имрӯз аз устод Рӯдакӣ мавҷуд аст инро ҳамаи донишмандон эътироф кардаанд, ки ҷаҳониён низ ба ин эътимод доранд.
Ин як хазинаи бебаҳоест ки манзараи густариши шеъри адабии форсиро дар як давра муаррифи мекунад, инчунин заминахои густаришро дар давраҳои баъди муайян мекунад. Масалан шеъри Рӯдакӣ ҳам аз нигохи ҳунарӣ ва ҳам аз нигохи мӯҳтаво ва тарзи баён кӯҳна нашудааст. ҳар рӯз ки мегузарад ва ҳар рӯз ки мехонем шеъри Рӯдакӣ ба ниёзи мо ҷовобгӯ аст:
Хар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омузад зи ҳеҷ омӯзгор.
Яъне то дунё ҳаст ин як ҳамчун нуктае ки аз таҷрибаи зиндагӣ ба даст омадааст қобили таваҷҷуҳ аст. Ё дигар масъалаҳои ахлоқие ки дар шеъри устод Рӯдакӣ, он масъалаҳои ҳунарие ки бархӯрд мекунанд. Вазифаи мо ин аст ки ба насли наврас аҳмияти ин масъаларо тарғиб кунем, яъне чи гуна инсондӯстиро, чи гуна зебоиро тарғиб мекунад, дар кадом пояи ҳунари шеъри устод қарор дорад.
Агар ба худ савол диҳед, ки чаро кабл аз устод Рӯдакӣ шоироне буданд ки ба забони форсӣ шеър мегуфтанд, ҳамасрони устод, ки девонашон зиёдтар аз ашъори ӯ дар дасти мо қарор дорад, вале мақому манзалате, ки устод Рӯдакӣ доранд хеч кадоми онҳо ба ин поя нгарасидаанд. Ба ин пурсиш метавон гунаҳои мухталиф посух дод, аз ҷумла мухтасар гуем ки пеш аз устод Рӯдакӣ шоироне буданд, ки андешаҳояшонро дар шеър баён мекарданд, яъне шеър зиндагиашон буд.
Хамдавраҳои устод ки шоирони машҳуру номоваре буданд, амма Рӯдакӣ бо шеъри худ манзараи умумии густариши шеъри форсӣ-тоҷикиро ба тавре ки қабл аз Рӯдакӣ мушоҳида намешуд поягузори кардаанд. Устод ба ҳама колабҳои маъмули дар ҳамон давраи шеърӣ сухан гуфтаанд ба ин восита қолаби маъмули жанрии шеъри форсиро поягузори кардаанд ва дигар ҷанбаҳои шеъри тоҷикиро ба пояи баланд расонидаанд ва бо унвонхои одам-уш-шуаро, устод-уш-шуаро ёд мекунанд ва ин хизмати кам нест.
-Мушаххасан мегуфтед, ки дар солҳои охир оиди ашъору осори Рӯдакӣ чи навигариҳои илмие ба чашм мерасанд?
-Мушаххасан дар давраи баъд аз истиқлолият бигирем таваҷҷӯхи олимон нисбати осори Рӯдакӣ хеле назаррас аст. Aз ҷумла нашри “Донишнома”-и устод Рӯдакӣ бахшида ба 1150 солагиашон ба нашр расид,ки мо се ҷилди онро дар даст дорем ва дар назар аст, ки ҷилди саввуми он чоп мешавад . Тасаввур кунед, ки таълифи як “Донишнома”-и мушаххас махсус вижаи як шоири адабии дар ҷаҳон камназир мебошад. Коре ки дар Тоҷикистон сурат гирифт ба мақсади ин Пажуҳишии Институти Забони ва адабии тоҷик ба номи устод Рӯдакӣ аст.
Бо ҳамкории дигар донишмандони Тоҷикистон матолиберо ки пиромуни шеъри Рӯдакӣ, ё ин ки таъқиқотҳое ки дар заминаи шеъри ӯ, шинохтани ашъору осори вай ва ҳар як таҳқиқе ки бо ҷузъитарини шореҳ ва шеъри устод Рӯдакӣ бошад дар ин чо фаро гирифта шудааст. Саҳми Рӯдакишиносон муайян шудааст, яъне ин як китоби “Донишнома”-и Рӯдакӣ ,як китоби ҷомеътарин аст, ки солхои охир мо ӯро дар даст дорем.
Чанде ки қаблан гуфтам нашр шудани девони Рӯдакӣ як девоне ки аз ҷониби Сафорати Чумҳурии Исломии Эрон, Пажӯҳишгохе ки дар назди сафорати Эрон аст, дар онҷо бо номи “Девони Рӯдакӣ” чоп шуд ва он девоне ки зикр кардам дар Алмаато бо кӯшиши Кодири Рустам ба нашр расид. Аз тарафи маҷаллаҳои илмӣ, ҳам аз тарафи рӯзномаҳо маколаҳои зиёди олимон нашр гардиданд,ки беҳудуданд.
Аз чумла корҳои дигаре ки дар ин замина сурат гирифт ба хати крили бар гардон намудан ва нашри китоби машҳури Саид Нафисӣ бо номи “Aҳвол ва ашъори Абӯабдуллох Рӯдакии Самаркандӣ”аст, ки ин китобро метавон гуфт оғози Рӯдакишиносии ҷадид дар ҷахон аст. Хулоса дар ин маврид суханҳои зиёд аст, яъне шеъри Рӯдакӣ ҳамеша дар таваҷҷӯҳи мардум аст ва донишмандон андешаҳои худро баён мекунанд тариқи мақолахои чудогона.
-Ташаккур устод барои сӯҳбати пурмуҳтаво.
«ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3196-2010-09-23-16-18-14.html