ТАҒЙИРОТ ДАР ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАБОН БА МУШОҲИДА МЕРАСАД

Имсол аввалин бор Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр таҷлил гардид. Расо як сол муқаддам дар ҳамин рӯз Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни нави забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонда буд. Маҳз дар ҳамон рӯз Парлумони кишвар тасмим гирифт, ки аз ин ба баъд Рӯзи забони давлатӣ ҳамасола 5-уми октябр ҷашн гирифта шавад. Буданд афроде аз миёни зиёиёни тоҷик, ки аз ин тасмими Парлумон ибрози нохушнудӣ мекарданд.
Онҳо далел пеш меоварданд, ки тағйир додани санаи рӯзи қабули Қонуни забон аз 22-юми июл ба дигар рӯз, як навъ зоҳир кардани беэҳтиромӣ нисбати он равшанфикроне мебошад, ки дар он солҳо бо қиммати хеле гарон ба ин ҳадафи муҳимми миллӣ расида буданд. Вале ҷонибдорони ба рӯзи 5-уми октябр гузаронидани ҷашни забон дар навбати худ мегуфтанд, ки таҷлили ин ҷашн дар даврони таътилҳои омӯзгорону мактаббачагони макотиби миёна ва устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ манфиатбахшии онро хеле коҳиш медиҳад.
Хулоса, ҳама интизори онро доштанд, ки бубинанд ҷашн рӯзи 5-уми октябр чӣ гуна таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки имсол чорабиниҳои ҷашнӣ таҳти сарпарастии Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати ҶТ як ҳафта қабл аз рӯзи ҷашнгирӣ мавриди татбиқ қарор мегирифтанд. Дар зарфи як ҳафта Кумитаи мазкур таҳти сарварии профессор Додихудо Саймуддинов як қатор корҳои муҳимро аз конференсияҳои илмӣ-амалӣ сар карда то маҳфилҳои шеъру суруд дар мактабу донишкадаҳо, идораву муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монданд. Агарчӣ ҷашн Рӯзи забон номида шавад ҳам, амалан ҳафтаи забон таҷлил гардид.
Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар чорабиниҳое, ки ба ин муносибат дар ҶСК «Агроинвестбонк» баргузор шуд, ширкат кард ва гузоришеро бо усули чандрасонаӣ барои муштариёни сомона омода намудааст, ки он ҳамакнун пешкаши шумо мегардад.
Саҳни чамани «Агроинвестбонк». Бо кӯшиш ва ибтикори Исматуллоҳ Саидов, мутахассиси пешбари мудирияти ҷамъбастӣ-таҳлилӣ ва Моҳсафар Яҳёзод, корманди Маркази матбуотии «Агроинвестбонк» ба ин маҳфил ба ғайри аз ходимони ин муассиса олимону шоирон, рӯзноманигорону овозхонҳо даъват шудаанд.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Мирзомурод Маҷидов, раиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар «Агроинвестбонк» кушод. Ӯ дар бораи корҳои анҷомдодаи Комиссия дар масъалаи татбиқи Қонуни забон дар фаъолияти «Агроинвестбонк» суханронӣ кард.
Сипас сухан ба Олимҷон Маҳмадҷонов, доктори илмҳои филологӣ дода мешавад. «Мо дар даврони глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ зиндагонӣ дорем,- гуфт О. Маҳмадҷонов. Дар замони шӯравӣ агар забони руси садди роҳи рушди забони тоҷикӣ мешуд, доираи истеъмоли забони тоҷикиро маҳдуд карда буд, дар замони мо акнун боз як забони дигар, забони англисӣ, ки бо он қариб 60 дар сади маводи илмии ҷаҳон таҳия мешавад, хатар дорад.
«Китоби сурх» барои забонҳо» вуҷуд дорад. Муҳаққиқон таҳқиқ карда баромаданд, ки агар дар 70 соли даврони шӯравӣ, забони русӣ дар ду даҳсола даҳ забони майдаро аз байн бурда бошад, забони англисӣ дар ҳар куҷое, ки салтанат пайдо карда дар мобайни 10 сол 10 забонро аз байн бурдааст. Яъне забони англисӣ ду баробар зиёд забонҳоро аз байн бурдааст. Мо дар куҷое, ки бошем, бояд дар ғами забон бошем.
Назри Яздонӣ, файласуф ва шоири маҳбуби миллат дар суханронии худ бештар аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.
Мо дар ҷавонӣ дар Маскав мехондем, ресторангардӣ мекардем. Дар ресторан сурудҳои русӣ мехонданд. Ба Душанбе меомадем, ба ресторан мерафтем. Боз сурудҳои русӣ буданд. Сурудҳои хуб буданд, аммо русӣ буданд. Дар ресторани Тоҷикистон шунидани суруди тоҷикӣ орзуи мо буд. Солҳои 80-ум замоне, ки Кохи Борбад навиштам, маро ҷанг карданд, ки Кох чӣ маъно дорад?
Зиндагӣ адолат дорад. Ҳоло касе намегӯяд, ки Кох чист? Агар даҳ сол пеш мушаххас гап занед, мегуфтед, мепурсиданд, ки мушаххасаш чист?
Раҳматуллоҳ Шоев, номзади илмҳои филологӣ: Аз се давраи ин забон матнҳо хушбахтона боқӣ мондааст.
Давраи аввал, ки дар он замон чор забон муаррифӣ мешуд, забони порсии қадим, забони авастоӣ, забони мод ва забони скифӣ. Хушбахтона, аз забони порсии қадим, аз даврони Дориюш матнҳо боқӣ мондаанд ва имрӯзҳо дар Донишгоҳ ба донишҷӯён онро дарс медиҳем. Як порчаи онро ба Шумо мехонам:
Арзам, адам, Дарявуш хшояти. Ман шоҳ Дороам. Хшояти хшоятионам. Шоҳи шоҳонам. Хшояти даҳюнам. Шоҳи кишварҳо. Хшояти Парсай. Шоҳи Порс. Ҳуштаспаҳяа Хусра. Писари Гуштосп. Аршамаҳия напаҳа ҳаҳаманашия. Набераи Аршаҳи Ҳахоманиш. Ин буд забони аввалине, ки нишонаҳои вай то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Давраи дуввум, давраи сосониҳост. Дар Корномаи Ардашери Бобакан намунаи онро мебинем. Дар ин забон аллакай ҷинсияти грамматикӣ вуҷуд надорад, падежҳо вуҷуд надоранд. Ҳатто хатти навишташро хатти паҳлавӣ мегӯянд, ки аз рост ба чап навишта мешавад. Намунаи матни ин давра - Пат Корнамаки Артахшери Папакан Эйтун набишт устоз ки пас аз марги Алаксандри ҳурумик Эроншаҳр дувитсу чиҳил катахи вадаи вуд. Давраи саввум ин баъди истилои арабҳо ҳаст. Асрҳои 7-8-9.
Мӯҳтарам Ҳотам, шоир ва пажӯҳишгари тамаддуни ориёӣ дар суханронии худ асосан сари этимологияи вожаи «тоҷик» бештар таваққуф кард: «Дар байни уламо чунин ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё калимаи «тоҷик» аз калимаи арабии тозӣ ё тозик пайдо шудааст, ки ин албатта нодуруст аст. Агарчӣ ин даъво қисман аз байн рафта бошад ҳам, вале ҷонибдорони ин даъво вуҷуд доранд. Тоҷик дар адабиёти санскрит, адабиёти тибети қадим бо шакли тоҷик тозик, тазик вуҷуд дорад.
Ва ин навиштаҳо ба ҳазорҳо сол қабл аз милод тааллуқ доранд ва собит менамоянд, ки то омадани арабҳо ин калима вуҷуд дошт. Масалан дар адабиёти тибетӣ омадааст, ки дар самти шимолу ғарбии Тибет, яъне манотиқе, ки мо зиндагӣ дорем, Осиёи Миёна кишваре буд бо номи Тоҷик ва аз ин кишвар марде буд бо номи Тонпа шиндрат дибочи, яъне шоҳзода, асосгузори аввалин дини башарӣ ба ҳисоб мерафт аз кишвари Тоҷик буд. Баъдан дар бораи ин вожа суханҳои хеле ҷолибе овардааст, ки ман мухтасаран мегӯям.
Мегӯяд, ки аз осмон гурӯҳе омаданд ва дар замин дар Осиёи Миёна бо мардум издивоҷ карданд ва тоифаи шоҳони Осиёи Миёнаро ба вуҷуд оварданд. Онҳо болои сарашон як нури равшан доштанд, ки як нӯгаш дар сари онҳо буду нури дигараш ба осмон рафта нопадид мешуд. Ва ҳамон тоҷ ба забони хеле қадим «Думу туҳак» ном дошт. Яъне ба маънои тоҷ, Шояд тоҷи муйин бошад тафсираш. Калимаи тоҷ аз ҳамон тоҷи арғувонии нурофарин мерос мондааст. Ҳамин нур дар чеҳраи шоҳон намудор буд. Ва он фаррӣ шоҳӣ ва ё фарри каёнӣ номида мешуд. Калимаи тоҷик аз ҳамин тоҷ гирифта шудааст.
Ҳотами Равшан, овозхони шинохтаи тоҷик, ҳунарпешаи театр дар ин маҳфил хотири ҳозиринро бо созу таронаҳои рангинаш шоду масрур мекард. Ҷолиб он буд, ки аксари сурудҳои дар ин ҷашн хондаи ӯ аз эҷодиёти Назри Яздонӣ ва Мӯҳтари Ҳотам буданд.
Дар сӯҳбате, ки дар хатми ин маҳфил Муродҷон Вафоев, муовини раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» бо ҳозирин дошт, мавсуф иброз дошт, ки ҳамагӣ даҳ сол пеш коргузорӣ дар идора қариб, ки пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шуда буд. Акнун бо гузашти солҳо масъала билкул тағйир хӯрда истодааст. Танҳо як мисол меорам,- гуфт ӯ. Дар моҳи сентябр ба идораи мо аз дохили Тоҷикистон расо се ҳазор санади мухталиф ворид шудааст.
Хушбахтона, 2993 санад бо забони тоҷикӣ таҳия шуда буданд. Танҳо 7 ҳуҷҷат бо забони русӣ навишта шуда буданд. Боварӣ дорам ки моҳи ҷорӣ моҳе хоҳад шуд, ки тамоми он асноде, ки аз дохили Тоҷикистон ба унвони мо меоянд ва ё мо худамон ба муштариёни дохилиямон мефиристем, танҳо ба забони давлатӣ таҳия хоҳанд шуд.
Маҳфили мазкур ҳарчанд дар поёни рӯзи корӣ, вақте ки ҳамагӣ аз кор хаста шудаанд, баргузор гардида бошад ҳам, вале ҳозирин онро бо як шавқу рағбати зиёде тамошо карданд. Ба қавли аксари ширкаткунандагони ин маҳфил он ҳам фароғатӣ буду ҳам омӯзанда.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3300-2010-10-06-21-05-51.html