10:19:26 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗЕБОТАРИН ДОСТОНИ МУҲАББАТ ДАР ТАЪРИХ

leila mejnunИмрӯзҳо ҳар нависанда ё хонандае талош мекунад, ки достонеро бинависад, ки аз зеботарин достонҳо бошад. Чунонки иддае мегӯянд, ки дар таърих беҳтарин достони муҳаббат достони Лайлӣ ва Маҷнун аст, зеро онҳо зарбулмасале барои ишқу муҳаббат шудаанд. Магар нашунидаед, ки мегӯянд: 

Чу Маҷнун дар биёбони ғамам дур аз рухи Лайло,

Ки дарди хештан бар пуштаҳои хор мегӯям. 

Гурӯҳи дигар достони Фарҳоду Ширинро беҳтарин достони муҳаббат дар таърих шуморидаанд: 

Забонам тешаи Фарҳод шуд баҳри дили сангин,

Зи бас к-афсонаи Ширини худ бисёр мегӯям. 

Бархе мардум бо хондани китобҳои достонҳои ошиқона саъй мекунанд, ки достони мазбурро беҳтарин достони муҳаббат дар таърих зикр шуморанд, вале агар дар мавриди он достонҳо тааммул намоем, ба масоили муҳиме даст меёбем: Аксари ин достонҳо зоидаи тахайюлоти нависандагон мебошанд. Асли ин ишқҳо ду чиз аст: висол ё фироқ, дар ҳоле ки муҳаббати ростин болотар аз инҳост. 

Асбобе, ки барои ин муҳаббатҳо зикр мешавад, бештар ҷанбаи ҳавову ҳавас доранд ва ҳамвора сухан аз қаду қомати раънои маъшуқ аст, дар ҳоле ки муҳаббати воқеӣ чизе фаротар аз зоҳир аст. Гоҳе нависандагон дар васфи маъшуқ чунон муболиға менамоянд, ки ҳатто ӯро шоистаи парастиш медонанд ва гӯё ошиқ дар камоли хорӣ камар ба парастиши маъшуқ баста аст. 

Аммо зеботарин достони муҳаббат дар таърих…

Агар инсон баргҳои таърихро варақ бизанад, бо достони шигифтангезе саршор аз муҳаббат рӯбарӯ мешавад. Достоне, ки на зоидаи хаёли нависандагон аст ва на бо висолу фироқе поён меёбад ва на аз рӯйи ҳавову ҳавас аст. Оре, ин гуна муҳаббати ҷовидона, муҳаббати Пайғамбар (с) бо ҳамсараш Уммулмӯъминин Хадиҷа (р) мебошад. Вақте Хадиҷа (р) бонуи сарватманд тасмим гирифт, ки бо ятимзодаи қурайшӣ издивоҷ намояд, эълом дошт, ки ӯро бо садоқату амонатдорӣ ва ҳусни ахлоқаш меписандад ва бо вай издивоҷ мекунад. 

Дере нагузшта, ба ӯ хабаре аз ҳодисаҳои ғайри мунтазир мерасад. Вақте ки Муҳаммад (с) саросема аз ғори Ҳиро бозгашта, бо парешонӣ мегӯяд: Маро бипӯшонед, маро бипӯшонед. Хадиҷа иллатро меҷӯяд. Муҳаммад (с) ба ӯ аз нузули ваҳй хабар медиҳад. Хадиҷа инро шунида, бо дили пур аз яқин мегӯяд: Ин хабар аз ояндаи дурахшоне дарак медиҳад. Ба Худо савганд, ки Парвардигор туро хор намекунад, зеро ту пайванди хешовандиро ба ҷой меоварӣ, ростгӯву садоқатпешаӣ, ба дармондагон ёрӣ мерасонӣ, ба фақирон хайру садақа ва ба ниёзмандон кӯмак мекунӣ. 

Дар он лаҳзаи душвор, ки Муҳаммад (с) аз мулоқоти фариштаи ваҳй-аз чизе, ки дар миёни аъроби Макка бесобиқа буд, сухан мегуфт, мебинем, ки ин зани шуҷоъ чӣ гуна ва бо чӣ яқине сухан мегӯяд. Суханоне, ки дар таърихи Ислом ба таври ҳамешагӣ сабт шуд.  Оре, муваффақияти Хадиҷа (р) дар ин маврид аз беҳтарин муваффақиятҳост. 

Хадиҷа (р) ин суханонро бар забон ҷорӣ месозад, зеро Муҳаммад(с)-ро мешиносад ва сифоти ӯро ба хубӣ медонад. Аз ин рӯ, боварӣ дорад, ки Худованд чунин инсонеро хор намекунад. Ва дар ҳамон лаҳза ба Расули Худо (с) имон меоварад. ӯ аввалин касе буд, ки ба Расули Худо (с) имон овард. Хадиҷа Расули Худо (с)-ро ба назди писари амуяш Варқа ибни Навфал мебарад. 

Муҳаммад(с) достони нузули ваҳйро барои ӯ бозгӯ мекунад. Аммо Варқа, ки китобҳои паёмбарони пешинро хонда буд ва аз бархӯрди қавмҳои паёмбарони гузашта бо онҳо хабар дошт, ба Муҳаммад (с) аз ояндаи ногуворе хабар медиҳад: Туро аз Макка берун хоҳанд кард ва бо ту ба душманӣ хоҳанд пардохт. 

Вале Хадиҷаро боке нест, зеро ӯ ҳозир аст, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш ҳама гуна мусибатро таҳаммул намояд. Даъват ба дини Ислом шурӯъ шуд ва Хадиҷа (р) дар ростои пешрафти даъват  амволу дороии худро дар роҳи Худо харҷ кард. Дар ҳаёт бо Муҳаммад (с) тамоми сахтиҳо ва машаққатҳоро таҳаммул мекард, то ин ки пайки аҷал ба суроғаш омад ва аз олам гузашт. 

Пайғамбар (с) аз даргузашти Хадиҷа чунон мутаассир шуда буд, ки таърихнигорон ва сиратнависон аз он сол бо номи соли андӯҳ ёд мекунанд. Муҳаббати Пайғамбар (с) нисбат ба Хадиҷа фақат дар зиндагиаш набуд, балки пас аз марги ӯ ҳамавақт эшонро ёд мекард. 

...Рӯзи Фатҳи Макка мардум ҳама дар атрофи Пайғамбар (с) гирд омаданд ва бузургони Қурайш низ, ки мавриди авфи Расули Худо (с) қарор гирифта буданд, дар он ҷо ҳузур дштанд. 

Ногаҳон Расули Худо (с) аз дур пиразанеро мушоҳида намуд ва бе диранг ҳамаро тарк карда, ба сӯйи вай шитофт. Вақте ба назди пиразан расид, ридои худро бар замин паҳн карда, дар канори ӯ бар замин нишаст ва муддати тӯлоние бо ҳам сухан гуфтанд. Уммулмӯъминин Оиша (р) мегӯяд: Дар мавриди пиразане, ки Расули Худо (с) то ин андоза ба ӯ аҳамият дода буд, аз эшон пурсидам, дар ҷавоб фармуд: Ин пиразан яке аз дӯстони Хадиҷа (р) мебошад. 

Гуфтам: Дар бораи чӣ чизе сухан мегуфтед? 

Пайғамбар (с) фармуд: Дар бораи ҳаёти Хадиҷа. 

Ғайрату рашк вуҷуди Оиша (р)-ро фаро гирифт, аз ин рӯ, гуфт: Оё пиразанеро ёд мекунӣ, ки вуҷудашро хок фаро гирифтаву Худованд беҳтар аз ӯро ба ту ато намудааст?!! 

Расули Худо (с) фармуд: Ба Худо савганд, Парвардигор беҳтар аз Хадиҷаро ба ман набахшида аст, зеро замоне Хадиҷа ба ман имон овард, ки мардум ба ман куфр меварзиданд, замоне маро тасдиқ намуд, ки мардум маро такзиб мекарданд, ҳангоме бо моли хеш маро дар ростои даъват ёрӣ расонид, ки мардум амволи хешро аз ман дареғ медоштанд ва Худованд аз вай фарзандоне ба ман бахшид, дар ҳоле, ки аз дигар занонам маро аз фарзанд маҳрум кард.  

Уммулмӯъминин Оиша (р) фаҳмид, ки Расули Худо (р)-ро хашмгин намуда аст, аз ин ҷиҳат фармуд: Эй Расули Худо, барои ман аз Худованд талаби омурзиш кун. Пайғамбар (с) фармуд: Барои Хадиҷа аз Худованд талаби омурзиш кун, то Худованд туро бибахшояд. 

Вақте Расули Худо (с) гӯсфандеро дар хона қурбонӣ менамуд, қисмате аз гӯшти онро ба хонаи дӯстони Хадиҷа (р) мефиристод. Рӯзе Уммулмӯъминин Оиша (р) аз ин амр нороҳат шуда, фармуд: Хадиҷа?!! Расули Худо (с) фармуд: Худованд муҳаббати Хадиҷаро рӯзии ман гардондааст. Оиша (р) мегӯяд: Пайғамбар (с) чунон васфи Хадиҷаро мекард, ки гӯё дар зиндагиаш зане ҷуз Хадиҷа вуҷуд надошта аст ва ҳамвора мефармуд: Хадиҷа чунин буд, Хадиҷа чунон буд ва Хадиҷа модари фарзандонам буд. Ҳеҷгоҳ аз хона хориҷ намешуд, магар ин ки ёде аз Хадиҷа мекард ва ӯро бо накӯӣ месутуд. 

Дар ҷойи дигар Оиша (р) мефармояд: Нисбат ба ҳеҷ кадоме аз ҳамсарони Расули Худо (с) чун Хадиҷа(р) рашк накардаам, дар ҳоле ки ӯро надида будам. Зеро ҳамвора мешунидам, ки Расули Худо (с) аз эшон ёд мекард.  Ва низ Оиша (р) мефармояд: Ҳаргоҳ Ҳола бинти Хувайлид хоҳари Хадиҷа ба хонаи Пайғамбар (с) меомад ва дар мезад, Расули Худо (р) ӯро аз дарзаданаш, ки монанди дарзадани Хадиҷа буд, мешинохт ва бо хушҳолӣ мефармуд: Худоё, Ҳола бинти Хувайлид ба назди мо омада аст.  

ДОСТОНИ ГАРДАНБАНДИ ХАДИҶА (Р)

Дар ғазваи Бадр Абӯлос ибни Рабеъ домоди Расули Худо (с) ва ҳамсари духтараш Зайнаб (р), ки то он рӯз мушрик  буд ва дар сипоҳи мушрикин қарор дошт, тавассути мусулмонон асир шуд. Зайнаб (р) барои озодии ҳамсараш миқдоре мол ва низ гарданбандеро, ки аз модараш ёдгор монда ва ҳангоми арусӣ ба вай ҳадя шуда буд, ба унвони фидяи шавҳараш ба сӯйи Расули Худо (р) фиристод. Вақте Расули Худо (с) гарданбанди Хадиҷа(р)-ро дид, ёду хотири Хадиҷа (р) дар зеҳнаш зинда шуд ва дилаш ба ҳоли духтараш сӯхта, дастур дод, ки Абӯлос ибни Рабеъро озод намуда, гарданбандро низ ба Зайнаб (р) боз гардонанд.  

Манбаъ: сомонаи «Наҳзат»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3470-2010-10-31-17-19-16.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi