Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон
17 майи соли 2025 дар шаҳри Теҳрон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ, гардиштарӣ дар заминаи мусоиди фароҳам омада тақвият хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, дар мулоқот табодули назар доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид карданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби эрониро ба иштироки фаъол дар барномаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд. Сайид Ароқчӣ иттилоъ дод, ки дар кори Конфронс ҳайати Эронро муовини аввали Президенти ин кишвар Муҳаммадризо Ориф роҳбарӣ хохад намуд.