08:15:33 22-уми Майи 2025 сол

Ҳайати ҶТ дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд

20 майи соли 2025 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР, ки дар Ҷумҳурии Алжир баргузор гардид, иштирок намуд.

4 hayati jt 32655442145Ҷаласаҳои солонаи БИР аз 19 то 22 майи соли 2025 бо шиори «Гуногунсозии иқтисодҳо, ғанисозии зиндагӣ» ва бо иштироки намояндагони 57 кишвари аъзо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд баргузор гардида, дар ин чорабинии муҳим роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор баррасӣ мешаванд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии чорабиниҳо Президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер суханронӣ намуда, қайд кард, ки Гурӯҳи БИР дар соли 2024 ба ҳаҷми умумии 13 миллиард доллар лоиҳаҳои сармоягузориро барои кишварҳои аъзо қабул намуда, аз ин маблағ 9 миллиард долларро ҷудо кардааст.

Дар соли 2024 дигар бахшҳои муҳими Гурӯҳи БИР, аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) ба маблағи 663 миллион доллар лоиҳаҳои кишварҳои аъзоро маблағгузорӣ намудаанд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур Стратегияи нави БИР барои солҳои 2026–2035 қабул гардид, ки дар он рушди иқтисоди сабз, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди инфрасохтори ирригатсионӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим самтҳои афзалиятнок муайян шудаанд.

Дар ҷаласаи солона дар баробари дигар вазирон, навори суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода З. А. бо мазмуни «Таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар диверсификатсияи иқтисодиро тавассути рушди сабз, инноватсионӣ ва рақамӣ пеш мебарад» ба иштироккунандагон нишон дода шуд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Шарифзода Фируз ва Раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ иборат мебошад.

Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР якҷо бо чорабиниҳои канории он идома доранд.

www.medt.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ