Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
16 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо муовини роҳбари Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Россия Василев Денис Александрович баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои амалишавии Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишнома мазкур, омода намудани ҳуҷҷатҳои пеш аз сафар, аз ҷумла гузаштани ташхиси тиббӣ ва гирифтани шаҳодатномаи донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия ва дигар масоили мубрами меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бо дарназардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз мавзӯъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо миёни мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мавриди амал қарор дорад.
Бинобар вазъи воқеъӣ ва зарурати фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегарданд, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.