Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раисҷумҳури Эрон
18 майи соли 2025 дар шаҳри Теҳрон Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки бо сафари корӣ дар Эрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Сироҷиддин Муҳриддин дар оғози мулоқот паёму дуруд ва таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисҷумҳури Эрон расонд. М.Пизишкиён бо таъкид ба натиҷаҳои судманди сафари худ дар моҳи январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ва ҳусни меҳмоннавозии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз густариши робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ кард.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда миёни сарварони ду кишварро дар ин сафар заминаи муносиб барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ номид ва талошҳои ҷониби Тоҷикистонро дар ин самт таъкид кард.
Дар мулоқот табодули назар доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон низ сурат гирифт.