09:37:46 22-уми Майи 2025 сол

Ширкати вазири корҳои хориҷӣ дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон

18 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон ширкат ва суханронӣ кард.

2 forum tehron 32214744215645Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муколамаи созанда ва ҳамкориҳои густурдаро тақозо мекунад. Бино бар ин, дар суханронӣ зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид гардид.

Дар идомаи суханронӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ва мавқеи кишварро доир ба ҳалли бӯҳрони Фаластин, қазияи Афғонистон ва мушкилоти дигари минтақа ва ҷаҳон баён кард.

Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ширкати фаъолона дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

www.mfa.tj 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ