ЁДЕ АЗ ОВОЗХОНИ САРШИНОС ОДИНА ҲОШИМ
16 уми ноябр аз даргузашти Одина Ҳошим овозхони саршинос ва иҷрокунандаи таронаҳои мардумӣ ва ҳамчунин донандаи хуби шеъри форсӣ, 17 сол сипарӣ шуд. Ҳамасола фарзандони ҳунарманди шинохта Одина Ҳошим дар таърихи 16-уми ноябр гирдиҳам меоянд ва аз падар ёдовар мешаванд.
Шоми шонздаҳуми ноябри 1993 хабари даргузашти падар онҳо ва аҳли фарҳангу ҳунарро андӯҳгин намуд. Иқболбӣ Ҳошимова, духтари Одина Ҳошим, ки дар Қурғонтеппа ба сар мебарад, гуфт ин моҳ фарзандон падарашонро бештар ёд меоранд ва барояш дуъои хайр мекунанд. Ба нақли Иқболбӣ, марги нобаҳагоми падар тамоми дӯстдорони суруду таронаҳои ӯро ғамгин кард.
Иқболбӣ мегӯяд аз ворисони падараш танҳо ҳамин ду писараш Раҳматулло ва Ҳикматулло дунболи суруду тарона шудаанд, вале духтари дигаре бо садои нотакрор доштааст, ки мехостааст овозхонӣ кунад, вале ба ин роҳ нарафтаасту зиндагии осудае дорад. Аммо худи Одина Ҳошим барои духтаронаш иҷозаи овозхонӣ надода ва духтараш танҳо дар сари гаҳвораи тифлаш сурудхонӣ мекунаду бас.
Иқболбӣ мегӯяд падараш дар авҷи шуҳрат буд ва аз ҷанубу шимол ва шарқ ӯро ба тую маъракаҳо мехонданд, вале баъди он ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ шурӯъ шуд, ӯ низ баробари даҳҳо тифли аз падар дурмонда мегирист… Одина Ҳошим соҳиби унвони Абӯабдуллоҳ Рудакӣ шуд, вале он замон бемор буду дар беморхона...
Дар китоби "Одина"-и профессор Искандар Икромов оварда шудааст: "Одина Ҳошим аз дарди миллат даргузашт." Ва муаллифи китоб оқои Икромов гуфтаҳояшро чунин шарҳ дод: "Одинаро аз даст додем, вале ҳоло ба қадраш мерасем."
Оқои Икромов гуфт Одина Ҳошим аз аввалин рӯзҳои гирдиҳамоиҳои Тоҷикистон нигарон буд ва ба хотири ором кардани мӯътаризон сурудхонӣ мекард, то мардум ором шаванд, вале касе ба сурудхонии вай гӯш намедод.
"Ба ин хотир, ба ӯ бо чашми дигар менигаристанд ва ӯро сабабгори ҷангӣ дохилӣ медонистанд. Ба ҳамин хотир, Одина Ҳошим аз андӯҳ ва бори туҳмати мардум бемор шуд ва ҳамин беморӣ ӯро аз саҳнаи тоҷик бурд ба якборагӣ."
Аҳдия яке аз набераҳои Одина Ҳошим мебошад, ки гуфт сурудҳои бобояшро, ки ба мерос гузоштааст, дар оянда бо таври дигар мехонад. Аҳдия афзуд, ки ин сурудҳо беҳисобанду нотакрор. Вай мегӯяд бо мактаби сурудхонии Одина Ҳошим шинос аст ва ҳадаф дорад дар оянда сурудхонӣ кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3625-2010-11-21-06-29-12.html