САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАРСИ БЕДИЛ МЕДИҲАД
Рӯзи якшанбеи 21-уми ноябр бо ибтикори инсони фарҳангдӯст ва яке аз тоҷирони муваффақи пойтахт Ҳоҷӣ Абдуллоҳ Мӯминов, дар тарабхонаи мансуб ба ӯ «Чилчанор», ки воқеъ дар кӯчаи Бухоро мебошад, дидорбинии як иддаъ зиёиён, аҳли илму адаб ва мусиқии тоҷик бо бедилшиноси маъруф ва мӯътабари адабиёти имрӯзи форсу тоҷик, сафири Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Абдулғафури Орзӯ баргузор гардид.
Доктор Абдулғафури Орзӯ, ки ҳамагӣ чанд моҳ қабл ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар ин чанд соли ахир миёни шуаро ва удабои ҷаҳони форсигӯ ба унвони пажӯҳишгари осори Абулмаъонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил шӯҳрати хубе касб намудааст. Хабари сафири Тоҷикистон таъйин гардидани ин бедилшиноси шинохтаи афғон як ҷӯшу хурӯшеро миёни алоқамандони шеъри Бедил дар бархе аз доираҳои адабии кишвари мо ба вуҷуд овард. Ҳамин буд, ки ин дидорбинии деринтизор бо пажӯҳишгари ашъори оламшумули падари маънӣ -Бедил хеле ҷолибу шавқовар гузашт.
Ҳозирини мањфил, ки дар байнашон шоирони шинохтаи тоҷик Хайрандеш, Муҳаммад Холиқ, олими адабиётшинос Сайфиддин Акрамов, устодони макотиби олии кишвар Савлатшоҳ Мерганов, Ҳакими Бохтарӣ, олими файласуф Кишвар Аскардаев, тоҷир Бозоралӣ Сафарзода, бедилшинос Ҳоҷӣ Исломиддини Файзалӣ, овозхони маъруфи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, вобастаи фарҳангии сафорати ДИА дар Тоҷикистон доктор Шамсулҳақи Ориёнфар, рӯзноманигор Султони Ҳамад ва дигарон буданд, ба суолҳои сершумори худ дар робита бо осор ва рӯзгори «шоири оинаҳо» аз ҷаноби Абдулғафури Орзу посухҳои қонеъкунанд гирифтанд.
Воқеан, Абдулғафури Орзу аз ҷумлаи он муҳаққиқони осори Бедил аст, ки як силсила китобҳои ӯ аз қабили «Гузидаи рубоиёти Бедил», «Хӯшаҳое аз ҷаҳонбинии Бедил» , «Дар хонаи офатҳо» ё сайре дар аҳволу осори Бедил» ва ғайра дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расида, таваҷҷӯҳи алоқамандони шеъру адабро дар ин кишвар ба осор ва рӯзгори ин шоири нуктасанҷ боз бештар намудааст. Кори доктории ин олими сермаҳсул низ бо эҷодиёти Бедил дар иртибот буда «Инсони комил аз дидгоҳи Бедил ва Ҳофиз» номгузорӣ шудааст. Ба гуфтаи ин олим ва дипломат дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои ҳамчун Ҳиндустон, Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳатто дар пойтахти Австрия шаҳри Вена Марказҳо ва Анҷуманҳои бедилхонӣ таъсис ёфта, дар тарғибу таблиғи осори ин шоири бузурги форсу тоҷик хизматҳои шоёне карда истодаанд.
Аҳли ин маҳфил пешниҳод карданд, ки дар Тоҷикистони азиз низ чунин Марказ ва ё Анҷумани бедилхонӣ таъсис ёфта дар он олимони бедилшиноси кишвар, шоирон ва алоқамандони шеъри ин шоир гирдиҳам омада моҳе як маротиба дар ҷамъомадҳои худ аз Бедилу осори ӯ ёде кунанд. Нахустин маҳфили бедилхониро суруду таронаҳои Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, ки асосан бар ашъори Абӯлмаонӣ эҷод шуда буданд, рангину дилнишин намуд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3640-2010-11-22-19-28-30.html