13:46:26 02-уми Июни 2025 сол

ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АДАБӢ ВА ҲУНАРИИ РУМӢ ДАР УСЛУ

Чаҳорумин давраи "Ҷашнвораи Румӣ" бо унвони "Таъсири осори Мавлавӣ бар адабиёт ва ҳунари муъосир" байни рӯзҳои 19 то 21 ноябр дар солуни Риксенен (Riksscenen)-и Услу, пойтахти Нурвеж, баргузор шуд. Адабиёт, мусиқӣ, теотр ва қиссагӯйӣ ба таври суннатӣ бахшҳои куллии ин ҷашнвораро ташкил медиҳад, ки имсол ҳунармандоне аз кишварҳои мухталиф, бавижа Тоҷикистон, Эрон ва Нурвеж дар он ширкат доштанд.

 

teatrҶашнвораи Румӣ, ки аз сӯйи Вазорати хориҷа ва ниҳодҳои фарҳангии Нурвеж ҳимоят мешавад, нигоҳи вижае ба Тоҷикистон ва ҳунармандони ин кишвар дорад ва равобити фарҳангӣ байни ҳунармандони нурвежӣ ва кишварҳои форсизабон аз ҷумлаи аҳдофи он аст. Дар куллия осори ҳунарии арзашуда дар ҷашнвораи Услу ҳунармандоне аз фарҳангҳои мухталиф канори ҳам қарор мегирифтанд, то бо баҳрагирӣ аз забони муштараки ҳунарии хеш, ҳамгироии фарҳангиро дар чаҳорчӯби андешаҳои Мавлавӣ ироа кунанд.

 

Ҷашнвораи имсол илова бар мусиқии суннатӣ ба мусиқии фулклурик ва мусиқии мудерн муртабит бо осори Мавлавӣ таваҷҷуҳе хос дошт. Амир Мирзоӣ, мудири ҷашнвора дар ин бора мегӯяд, ки ҳадафи фестиволи Румӣ он аст, ки илова бар ҳунармандони фарҳангҳои мухталиф, сабкҳои гуногуни мусиқӣ, ки таҳти таъсири осори Мавлоно шакл гирифта, низ муъаррифӣ шавад.

 

Дар бахши мусиқии мудерн Уд Ивор Педерсен иҷрои ҷаззоб дошт, ки бо шеърхонии ду шоъири нурвежӣ низ ҳамроҳ буд. Ин шоъирон сурудаҳоеро дар солҳои ахир таҳти таъсири осори Мавлоно доштаанд, ки гузидаи онро дар ин барнома арза карданд. Мотес Нурдҳем, оҳангсоз ва навозандаи шинохташудаи нурвежӣ низ бо истифода аз гурӯҳ ва созҳои электруники худ, кунсертеро таҳти унвони "Мусиқии "эронӣ-суфӣ"" иҷро кард. Ин кунсерт бо садои ду хонандаи эронӣ Муҳаммади Мирзозода ва Марями Зуҳдӣ ҳамроҳ буд.

 

Асоси сохтаҳои Мотес Нурдҳемро мусиқии ором ва вижаи муроқиба ташкил медиҳад ва талош дорад то фазои ирфониро дар иҷроҳои худ эҷод кунад. Бо ин ҳол он чи ба унвони мусиқии ирфонӣ дар ҷашнвораи Услу беш аз ҳама матраҳ буд, иҷрои гурӯҳи "Фалак" бо осори Давлатманд Хол, оҳангсоз ва хонандаи тоҷик буд. Оқои Давлатманд дар Услу такяи вижае бар арзаи оҳангҳои машҳури худ ҳаммонанди "Ҳилат раҳо кун ошиқо" дошт. Баҳрагирӣ аз ҳунари руделф Эрик Нисрум, намояндаи барҷастаи соксифуни Нурвеж аз ҷумлаи вижагиҳои кунсерти гурӯҳи "Фалак" дар Услу буд.

 

Ҷовид Афсарирод се сол пеш гурӮҳи Румиро бунён ниҳод

Оқои Давлатманд дар ин бора гуфт, ки истифодаи дуруст аз созҳои ғайрибумӣ метавонад ба ғанои сохтаҳои вай биафзояд. Ба гуфтаи вай, канори ҳам қарор гирифтани ҳунармандони фарҳангҳои гуногун дар қолабҳои мухталиф намунаи ошкоре аз руҳи осор ва дидгоҳҳои Мавлоност.

 

Бо ин ки Давлатманд Хол мавриди таваҷҷуҳи хоси расонаҳо ва ҳозирон дар ҷашнвораи Услу буд, он чи беш аз ҳама алоқамандон ба ҳунари шарқиро ба солуни Риксенен кашонд, консерти гурӯҳи байналмилалии Румӣ ба сарпарастии Ҷовид Афсарирод ва бо садои Алиризо Қурбонӣ, хонандаи саршиноси мусиқии суннатии эронӣ, буд. Дар ин гурӯҳ илова бар ҳунармандони эронӣ, навозандагоне аз Олмон, Нурвеж, Ҳинд, Суед ва Омрико ҳузур доранд. Оқои Афсарирод, ки аз се сол пеш ин гурӯҳро бунён ниҳода, сохтаҳоеро дар мояҳои Моҳур, Исфаҳон ва Шӯр таҳия карда буд, ки бо такнавозӣ ва бадоҳахонӣ ҳамроҳ мешуд.

 

Мино Олен, навозандаи виолун дар гурӮҳи "РумӢ"

Кунсерти ин гурӯҳро ду бахши созӣ ва бо калом ташкил медод, ки дар бахши созӣ қитъаи "Баҳор" дар дастгоҳи моҳур ҷилваи вижае дошт ва дар бахши бокалом низ Алиризо Қурбонӣ таснифҳои "Дилдори ман" ва "Муборак бод"-ро иҷро кард. Кунсерти гурӯҳи байналмилалии "Румӣ" борҳо бо ташвиқи ҳозирон дар солун ҳамроҳ шуд. Ба гуфтаи Давлатманд Хол, оҳангсози тоҷик, дар гурӯҳи байналмилалии "Румӣ" бадурустӣ аз тавоноиҳои созҳои эронӣ ва ғарбӣ истифода шуда ва ин амр арзиши мусиқиёии онро дучандон кардааст.

 

Вай гуфт, ки халқи ин гуна осор басодагӣ имконпазир нест ва нишон медиҳад, ки оҳангсози гурӯҳи "Румӣ" бахубӣ бар мусиқии эронӣ ва ғарбӣ ва вижагиҳои онҳо тасаллут дорад. Оқои Давлатманд таъкид кард, ки алоқаманд аст то дар ояндаи наздик осореро ба ҳамроҳи гурӯҳи байналмилалии Румӣ иҷро кунад. Ин гурӯҳ пеш аз Услу низ дар дигар шаҳрҳои Нурвеж ва Модрид, пойтахти Испониё, кунсертҳоеро иҷро карда буд. Кунсерти ин гурӯҳ дар теотри маъруфи "Инфонто Изобел"-и (Infanta Isabel) Модрид бо истиқболи садҳо нафар ва ҳамчунин расонаҳои иртиботи ҷамъии маҳаллӣ ҳамроҳ буд.

 

Аҳмад Тоҳирӣ, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3666-2010-11-25-10-53-34.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854