МЕҲРИНИССО: «ДУОИ ХАЙРИ ОДИНА ҲОШИМ МАРО ТАРОНАНАВИС КАРД»
(қисмати дуввум)
Ман то имрӯз аз шоир гуфтани худ истиҳола мекунам. Зеро рисолати шоир хеле масъулиятнок аст. Ман гумон мекунам, ки ба ҳамон қуллаҳое, ки як эҷодкор бояд бирасаду баъд худро шоир гӯяд, ба ҳамон қуллаҳо, ман ҳанӯз нарасидаам. Ва Худованди бузург ба ман ин фурсатро медиҳад ё не, ҳанӯз намедонам…
Тахминан миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта буд. Ҳамроҳи шавҳарам дар рухсатии меҳнатӣ дар Душанбе будем. Рӯзе дар кӯча шоираи маҳбуб, сардабири маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» шодравон Мавҷуда Ҳакимоваро дидам. Аз ман пурсид, ки ҳоло ҳам шеър менависам ё не. «Агар шеър дошта бошед, ба ман бидиҳед то дар маҷалла чоп намоям»-, гуфтанд он кас. Иттифоқан дар дастам ду шеър буд. Ҳардуяшро ҳам ба шодравон Мавҷуда Ҳакимова супурдам. Баъди чанде боз ба Кобул баргаштем ва тӯли як сол дар Афғонистон будем. Баъди як сол боз ба Ватан омадем. Аввалин хабари хуше, ки шунидам, ҳамин хабари чоп шудани ҳамон шеърҳоям буд. Хулоса, чанд муддат гузашт. Мо ба ҳамин хонае, ки феълан зиндагӣ мекунем, ба ҳамин хона маскун шудем. Хонаамон телефон надошт.
Марди фарҳангдӯсте бо номи Кароматуллоҳ Ятимов дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард. Чун фаҳмид, ки мо телефон надорем, иҷозат дод, ки ба телефонаш пайваст шавем. Хулоса боре ҳамин телефон занг мезанад. Ба мо хабар медиҳанд, ки касе аз Маскав мехоҳад бо мо гуфтугӯ кунад. Гумон кардем, ки аз шиносҳои афғонистониамон ҳастанд. Вале чун гӯширо гирифтем дидем, ки садои як тоҷики худамон ҳаст. Бо як садои орому ботамкин баъди салом гуфтанд:
-Меҳриниссо, ман намедонам, ки ту чандсолаӣ, вале синну соли ман ба ҷое расидааст. Ман Одина Ҳошим ҳастам, Мешиносӣ маро?
- Чаро намешиносам, устод. Мешиносам,- гуфтам бо ҳаяҷон.
-Ту гӯш кун, ман як шеъри туро мехонам. Ту онро шунидӣ ё не?
- Ростӣ гап. хеле ҳам хиҷолатманд шудам. Ман надонистам, ки бо ин одами бузург, ки тамоми Тоҷикистон ӯро мешиносанд, чӣ бигӯям. Ба ҳар ҳол гуфтам, ки «Не, нашунидам».
-Пас гӯш кун, ман тавассути телефон бароят мехонам.
Ва ҳамон як ғазалеро, ки дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» чоп шуда буд, устод Одина Ҳошим пурра тавассути телефон ба ман хонданд. Бароям ин рухдоди фавқулодда буд. Бубинед, овозхоне, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ӯро мешинохтанд ва аксаран ашъори классикон, махсусан Бедилро мехонд, рӯ ба як шеъри шоираи номаълум овардааст. Бедил куҷову Меҳриниссо куҷо? Бубин тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо! Оё ин хандаи бахт нест?
- Матлаъи ҳамон ғазалро мешавад, ки бихонед?
Сари баланди марди деҳ кулоҳро чӣ мекунад?
Гадои ишқ тӯҳфаҳои шоҳро чӣ мекунад?
Устод баъди пурра хондани ғазал суроғаи маро гирифтанд ва гуфтанд, ки баъди бозгашт ҳатман ба хонаи мо меҳмон мешаванд. Хулоса, ин занги телефон боварии маро ба худам боз бештар кард. Маро рӯҳбаланд намуд.
Дар омади гап мегӯям, ки ба ҳамин ғазал як каси дигар аз Хуҷанд ба ман шарҳе навиштаанд, ки дар он аз ман хеле ташвиқ кардаанд. Албатта ҳамаи ин вокунишҳо боиси рӯҳбаландии эҷодкор мешавад, боиси рушду такомул ёфтани фаъолияти эҷодии ӯ мешавад. Ҳамин дуои хайри устод Одина Ҳошим буд, ки имрӯз бештар аз 300 шеъри ман суруд шудааст. Ва ин хел ҳам шудааст, ки ба як шеър то 8 нафар ҳам оҳанг бастаанд. Ин барои ман як хушбахтист. Зеро суруд умри шеърро тӯлонӣ мекунад. Рости гап, худи ман ҳам суруд мехонам. Ва одатан вақте, ки шурӯъ мекунам ба навиштани ягон шеър мебинам, ки пеш аз ҳама оҳанги он ҳувайдо мешавад.
Ҳамин ҳунардӯстии ман буд, ки ман бо бузургтарин ҳунармандони муосир Аҳмад Зоҳир, Муҳаммадҳусайни Шаҷариён, Саттор, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Назриев, Мастона Эргашева, Сабоҳат Наҷмиддинова, овозхонҳои гурӯҳи хеле овозадори «Анис» ва ҳунарманди хеле машҳур шодравон Зулфиқори Азиз шиносоӣ пайдо карда, бо бархе аз онҳо ҳамкорӣ кардаам. Ман аз қисмати худ меболам, зеро беҳтарин ҳунармандон шеъри маро замзама мекунанд ва тамоми ситораҳо мехонанд.
Ҳар сол дар суруди сол дар оғозу дар анҷоми он сурудҳои ман садо медиҳанд. Ин албатта боиси хушнудии ман ҳамчун шоир аст ва ҳамчун як инсоне аст, ки кӯшиш кардааст дар зиндагӣ аз худаш як чизи хубе, на ба хотири унвон, на ба хотири маблағ, ба ёдгор боқӣ гузорад. Шумо бубинед, дар ин 20 соли ахир шоирон аз ҳеҷ куҷо ҳаққи қалам намегиранд. Лекин ба ҳар ҳол ман тавонистам, ки дар ҳамин давра 10 китобамро, ки дар онҳо ягон шеърам такрор намешавад, чоп кунам. Ҳамаи инро барои он кардам, ки фарзандонам нагӯянд, ки ман умрро беҳуда гузаронидам. Коре кардем, ки ба манфиати мардум ва ҷомеъа буд.
Масалан, агар шеъри «Модар»-и маро касе дар шакли суруд ба мардум расонд, ӯ пеш аз ҳама модари худро дар назар дошт. Шунаванда аз ин суруд модари худро дид. Хулоса, дар ҷомеъа кори хубе амалӣ шуд. Агар дар бораи Ватан гуфтам, овозхонҳо ватани муштараки моро тараннум карданд. Агар дар бораи ҳаҷру ҷудоӣ гуфтам онҳо ба муҳаббат, ба ишқ, ба дӯстдорӣ, ба инсон арҷ гузоштанд. Ҳамаи ин таманнои дили ман буд, ки баъдан ба дили ҳунармандон ва тавассути онҳо ба дили мухлисон роҳ ёфтаанд. Вақте ки инсон шеър менависад, шеър мехонад, суруд тараннум мекунад, як риштае ҳаст, ки ӯро ба зебоӣ, ба Худованд мепайвандад. Худованд ба баргузидаҳои худаш ҳам ҳунар тӯҳфа мекунад, ҳам мушкилӣ пеш меорад ва ҳам дард медиҳад ва ҳам дастовард.
- Мехостам дар бораи Аҳмад Зоҳир сӯҳбат кунем. Зеро дар байни шоираҳои форсигӯ шояд шумо ягона шоира ва дар байни олимони тоҷик шавҳари Шумо устод Шаҳбоз Кабиров камшумор олиме бошанд, ки Аҳмад Зоҳир меҳмони манзилашон шудаасту маҳфил оростаеду шеър хондаед ва ҳатто якҷо тарона сурудаед. Чунин бахти баландро на ҳар кас сазовор будааст.
- Ҳангоме, ки дар Кобул будем, ман ҳанӯз хеле ҷавон будам. Ҳамон вақт дар Тоҷикистон ҳанӯз кассетаҳои тайпӣ ё магнитофонҳои кассетавӣ набуд. Шояд нафарҳои алоҳидае доштанд, вале мо надоштем. Ростӣ, дар ҳамон ҷое, ки шавҳарам Шаҳбоз Кабиров кор мекарданд, дар Институти Политехникӣ, аксаран ҳама калонсол буданд. Ман худамро танҳо эҳсос мекардам. Баъзан ҳатто падару модар ва хешу ақрабоямро ба ёд оварда мегиристам. Дар ҳамсоягиамон як зани калонсол зиндагонӣ мекард ва маро бисёр таскин медод.
Боре шавҳарам ба ӯ гуфт, ки ман шеър низ менависам. Бовар кунед, он зан аз ин гап чунон ҳам ҳайратзада шуд, ки ман ҳайрон шудам. Барои ӯ шеър ин як чизи фавқулодда нодире будааст, ки на ба ҳама кас дастрас мешудааст. Ана ҳамин зан ба ман як рӯз як магнитофонро бо чанд кассетааш овард. Аниқтараш ман шӯразоре будам, ки ӯ бо ин кораш маро шодоб гардонд. Суруди аввалине, ки шунидам, суруди оқои Мададӣ буд, суруди «Ватан ифтихорам». Бароям хеле тааҷҷубовар буд, ки афғонҳо як ватани вайронаро васф мекарданд. Кассетаи дуввумро вақте гузоштам садое баланд шуд: Бевафоооо ёрам…
Баробари ба поён расидани ин ибора ғиреви мардум ба осмон печид. Ин сабт сабти консертӣ буд. Баъдан суруди дуввуми он «Ай дуздида чашм аз оҳу» садо дод:
Ай дуздида чашм аз оҳу,
Омӯхта афсун ба ҷоду.
Сад ваъда додӣ вафо кун,
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ.
Барои ман ин як тӯҳфаи ғайбӣ буд. Пушти кассетаро мемондам, рӯи онро мемондам. Ҳамин тавр беохир. Ҳеҷ не ки ташнагии ман бишиканад. Ва ман ин қадар мафтуни ин садову ин хондану ин фита шудам, ки намедонистам чӣ кор кунам.
БозӢ ту кардӢ бо сарнавиштам…
Ҳар як суруд як дунё буд барои ман. Аз атрофиён аз касе, ки мепурсидам, ки ин сароянда кист, мутаассифона, касе ҷавоби дуруст дода наметавонист. Ҳамин тариқ қариб як сол гузашт. Акои Ҷӯрабек Назриев ба Афғонистон омаданд. Ҳангоме, ки он кас омаданд, бо ин ҳунарманд, олим, донишманд , албатта аз илму ҳунар аз шеъру суруд сӯҳбат мекардем. Дар байни сӯҳбатҳо боре кассетаи ҳамон овозхонро ба магнитофон гузошта аз акои Ҷӯрабек пурсидам, ки оё ҳамин ҳофизро мешиносад ё не?
Гуфт: -Бале, мешиносам, ӯ Аҳмад Зоҳир ном дорад ва агар розӣ бошед, ҳамин рӯзи ҷумъа, ки рӯзи истироҳатӣ ҳаст, ӯро ба хонаи шумо ба меҳмонӣ меорам. Албатта ману Шаҳбоз розӣ шудем. Рости гап, ман чандон боварӣ надоштам, ки Аҳмад Зоҳирро ба ин зудӣ дар хонаи худ мебинем. Хайр, ба ҳар ҳол омодагӣ гирифтем. Омодагӣ гирифтем, ки агар Аҳмад Зоҳир наояд ҳам, акои Ҷӯрабек меоянд. Рӯзи ваъдагӣ расид. Он рӯз ҳеҷ гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад. 11-уми феврали соли 1976 буд. Соат тахминан 9-у ними субҳ буд. Дарвозаи хона тақ-тақ шуд. Дарро кушодам.
Дар рӯ ба рӯям як ҷавони зебои дар тан пироҳани сурхро дидам, ки бо як мошини рангаш сурх ҳамроҳи акои Ҷӯрабек ва як ҷавони дигаре бо номи Довуд омада буданд. Ман то ин вақт боре ҳам Аҳмад Зоҳирро надида будам, ҳатто аксашро надида будам. Вале аз чи бошад, ки ҳамон лаҳза гумон кардам, ки ӯро солҳои сол, аз кӯдакӣ мешиносам. Бахти бузурге маро насиб шуда буд. Аҳмад Зоҳир ва дигарон вориди хона шуданд. Ман зуд хостам, ки дар магнитофон кассетаи Аҳмад Зоҳирро монам. Аҳмад Зоҳир нагузошт.
-Ҷое, ки Аҳмад Зоҳир аст, ӯ худ суруд хоҳад хонд,- гуфт ӯ. Ва бадоҳатан наъра кашид:
Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,
Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо,
Бо сад армонҳо.
Ман дар ин садо ғарқ шудам. Дигар наметавонистам чашми худро аз чеҳраи зебои Аҳмад Зоҳир биканам. Ман то ба имрӯз аз ягон навор, ягон акс ҳамон чашмон, ҳамон нуреро, ки он лаҳза дар симои Аҳмад Зоҳир дида будам, дигар надидам. Умуман, ба назари ман, ягон навор, ягон акс он нуреро, ки дар чеҳраи Аҳмад Зоҳир буд, нагирифтааст. Ё шояд ман ошиқи ҳунари ӯ будаму ба чашми ман чунин намуд? Не, гумон мекунам, ки ӯ ҳамин тавр буд. Чунки на танҳо як ман, балки ҳазорон ҳазор мафтуни Аҳмад Зоҳир дар ин синну соли ҷавонӣ буданд.
Баъдан Аҳмад Зоҳир хоҳиш кард, ки барояш ягон асбоби мусиқӣ биёрем. Дар паҳлӯи манзили мо хонае буд, ки дар он як гӯшаро «Гӯшаи фарҳангӣ» ном ниҳода буданд. Дар ҳамин гӯша як аккордионе мавҷуд буд. Ҳамон аккордионро оварданд. Аҳмад Зоҳир каме навохт. Дид, ки намешавад, аз пайи овардани сози дигари мусиқӣ шуд. Ӯ гуфт, ки «Ман бори нахуст дар хонаи шӯравиҳо меҳмон ҳастам. То ин муддат дар хонаи ҳиндуҳо будам, дар хонаи амрикоиҳо будам, дар хонаи инглисҳо будам, вале дар хонаи шӯравиҳо бори нахуст омадам. Боз ҳам дар хонаи шӯравҳое, ки сурудҳои маро азёд медонанд. Аз ин рӯ бисёр мехоҳам, ки суруд хонаму хонам».
(идома дорад)
Мусоҳиб Султони ҳамад
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3892--l------r.html