23:48:10 06-уми Июни 2025 сол

ДАР ҲОШИЯИ КИТОБИ «АҲМАД ЗОҲИР-СУЛТОНИ ҚАЛБҲО»

Рости гап, ин маводро Ҳоҷиқавом Афсаҳов, як тан аз сокинони фарҳангдӯсти шаҳри Душанбе ва шахси донишманд, аз ақрабои хеле наздики олими маъруфи адабиётшиноси тоҷик марҳум устод Аълохони Афсаҳзод ҳанӯз моҳи сентябри ҳамин сол, яъне соли 2010, ба нишонаи пусти электорнии сомонаи «Рӯзгор» фиристода  буд. Мо бо сабабҳои маълум, бо ибрози ташаккурӣ аз муаллиф аз чопи он худдорӣ кардем. Чун Ҳоҷиқавом баъдан боз  исрор варзид, ки навиштааш дар саҳифаи сомона гузошта шавад, мо дигар хоҳиши ӯро ба ҷо меорем. Бо эҳтиром ҳайати «Рӯзгор»

Ahmad Zahir - Sultoni QalbhoОшиқе, ки хоста буд нома нависад, навишт. Номааш ба маъшуқа расид…

 Шоире дар талоши шеър буд… Шеърашро хонданд…

 Мусаввире сари тоблуе муддате заҳмат мекашид… Тоблуяш аржанги сонӣ номиданд…

 Инсон ҳамеша қодир буд ба андозаи тавоне, ки Парвардигор атояш карда, эъҷозе кунад.

 Ва рӯзе садое бархост шӯрангез, рӯҳбахш, беҳамто. Садое, ки хурӯши рӯдҳо ва фарёди қалбҳоро тавонист дар худ гунҷонад. Садое, ки тавонист зиндагиро, зистанро, ҷавониро, ишқро, орзуҳоро тараннум намояд. Ин садо баланд шуд, дар қалбҳо шарар афрӯхт, зилзила кард, тасхир сохт ва то ҷовидонаҳо равона гардид…

 Зиндагонии як одамаке шӯридаЯк зиндагонии кӯчак ва рангин, ошиқона

 Ва рӯзе, ки садои ошно баланд шуд ва тӯл кашид ҷовидонаАҳмад Зоҳирро шинохтанд.

  Аҳмад Зоҳир. Ҳамоне, ки  султони қалбҳост. Маҳбубияти сурудаҳояш ба ҳадде кашида, ки  ҳар яке аз алоқамандони сӯзу созаш ба гунае ошкор намудаанд дилбастагии худро нисбати «алмоси шарқ»

 Яке деворҳои хонаашро бо сурати Аҳмад Зоҳир ороста…

 Дигаре шеъре ба васфаш суруда…

 Яке сурудҳояшро аз бар кардаву дигаре суруда.

 Яке мӯйҳояшро ба тақлиди Аҳмад Зоҳир оро додаву дигаре дар телфонаш садои ӯро барои занг гузошта.

 Яке мақолаҳо навишта.

 Яке китобе.

 Ин якеву дигаре издиҳомеянд бешумор ва ҳазорон ҳазор

 Ва яке  бештар аз дигарон дар зиндагонии худ   садои Аҳмад Зоҳирро  ҳамсафар қарор додаТавониста, ки дар ҷодаи мухлисият ба Аҳмад Зоҳир эъҷоз намояд

 … Чандин бор хостаем, ки чизе аз Аҳмад Зоҳир нависем… Натавонистаем.

 Ва ӯ тавонистаЧаро эъҷоз набошад  он  ҳама далоиле, ки дар  китоби «Султони қалбҳо» фароҳам оварда шудаандБоре кӯшидаед, ки чунин кореро  барои Аҳмад Зоҳир карда бошед? Ва оё тавонистаед?

 Пас бояд пазируфт, ки дар роҳи мухлисият ба Аҳмад Зоҳир ӯ муваффақ шуда!

 Ӯ Султони Ҳамад аст…

 Ҳоҷиқавом Афсаҳов, ш. Душанбе, 30-09-2010.

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/3914----l---r.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854