НАЗИРАҲОИ ҲОҶӢ ҲУСАЙН БАР АШЪОРИ ШОИРОН
Гарчанде аз ба нашр расидани «Асарҳои мунтахаб»-и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ (1962) қариб 50 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, доир ба рӯзгор ва осори шоир ба ҷуз чанд мақола то ҳанӯз кори ҷиддие сурат нагирифтааст. Хушбахтона дар ин муддат «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ ду маротиба солҳои 1998 ва 2000 интишор гардид ва хонандагон бо осори ба меросмондаи ӯ ба таври мукаммал ошно гардиданд.
Аз мероси бозмондаи Ҳоҷӣ маълум мегардад, ки ӯ яке аз шоирони сермаҳсул, дақиқназар ва донишманди замони худ ба ҳисоб мерафтааст ва беҳуда нест, ки Неъматуллоҳи Мӯҳтарам дар «Тазкиратушшуаро»-и худ дар бораи шоир чунин маълумот додааст: «Ҳоҷӣ тахаллуси сухансанҷу волофитрат, нуктарасу нозуктабиат, дарёмасиру софизамир, саҳронаварду сонеътироз, қаламзану бадеъпардоз, нигорандаи мабонии нигористони маонӣ Мулло Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ.
Таҳсили улум ба назди асотизи Дорулфохира карда, пайки тараддуд ба ҳар кӯча даррасида, абвоби футӯҳро дар ҳарб ба рӯи худ кушода, аз ҳар тумане дона рабуда.Ҳамчунин ӯ дар баробари илми шоирӣ аз дигар илмҳои замонааш низ баҳравар буда, ба ҳунарҳои «лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва хусусан дар санъати мӯҳрканӣ маҳорати зиёде пайдо кардааст. Чунончи худаш мегӯяд:
Ҷаҳоне санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам,
Вале ҳачун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро. 2
Тавре, ки аз гуфтаи муҳаққиқон маълум мегардад, «бо вуҷуди дастрас будани мероси адабии ӯ, дар адабиётшиносии тоҷик дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Ҳоҷӣ то ҳол тадқиқоти саҳеҳу равшане дида намешавад»3.
Абдураҳмон Маҳмадов дар мақолаи бо номи «Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ дар масири арзишҳои динию фарҳангӣ» навиштааш чунин нигоштааст: «Ҳоҷӣ дар доираҳои бонуфузи аҳли илму адаби Бухоро мавқеи хосса дошта, пайвандҳои дӯстии ӯ бо шахсиятҳои маъруфи он замон дар таълифоту дастхатҳои мухталиф дарҷ ёфтаанд». 4
E дар ҷои дигари мақолааш барҳақ зикр менамояд, ки «имрeз мақому мартабаи шоирӣ ва ашъору девони Ҳоҷӣ шарҳу баёни тозае талаб мекунад, аммо то ҳол, мутаассифона, осори орифона, ақидаҳои иxтимоию сиёсӣ, ахлоқӣ, ватандeстонаю ватанпарварии ин шореҳи маорифи сӯфия аз нигоҳи таҳлилгарону файласуфон дар канор мондааст».5
Мо дар ин мақола кӯшиш намудем, ки ба як паҳлӯи эҷодиёти шоир, яъне ба муносибати адабии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ бо шоирони ҳамасраш каме равшанӣ андозем. Аз омӯзиши осори Ҳоҷӣ Ҳусайн бармеояд, ки e ҳангоми таҳсил дар Бухоро ва баъди он низ ба эҷодиёти шоирони гузашта ва ҳамасри худ таваҷӯҳи хоса дошта, осори онҳоро мудом мавриди мутолиа ва омӯзиш қарор дода, ба шеърҳои писандидааш татабуу назираҳо низ сурудааст.
А. Аҳмадов дар мақолаи хеш ба ин масъала ишорае ҳам кардааст: «Ҳоҷӣ аз нуқтаи назари огоҳии сиёсӣ, идрок ва таҳлили ҷараёни воқеии сиёсати замонаш хеле қавӣ буда, таърихи хонадони сулолаи амирони Бухроро муфассал медонистааст. ҳатто ба як ғазали Абдулаҳадхон (тахаллуси адабиаш Оҷиз, Р.Х.) бо матлаи:
Дил чӣ бандӣ дар ҷаҳон, донӣ, ки ин дунпарвар аст,
Ҳар кӣ бо ӯ шуд муқайяд, доиман дарди сар аст,
се мухаммас навиштааст». 6
Аз таърихи адабиёти тоҷики асрҳои Х1Х маълум аст, ки Ҳоҷӣ дар пайравии Мирзо Абдулқодири Бедил достони «Комде ва Мудан»-ро офаридааст. Ин далели он аст, ки Ҳоҷӣ ашъори ҳамзамонони худро мавриди мутолиа қарор дода, дар пайравии онҳо шеърҳои оригиналӣ низ офаридааст. Аз таърихи адабиёти классики форсу тоxик маълум аст, ки шоирони тавоно ба осори гузаштагон ва ҳамасрони худ назираҳо сароидаанд. Назираро татабeъ ё шеъри xавобия низ меноманд.
Дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоxик» ин ҳодисаи адабӣ чунин тавзеҳ ёфтааст: «Назира дар се маврид ба вуxуд меояд: 1) эxодкори баъдина ихтиёран ба асари пешин пайравӣ мекунад; 2) бо талаб ва супориши шахсе барои нишон додани ҳунар ва ё фикри муайяне эxодкор ба асари мавxуда xавоб менависад; 3) дар мусобиқаи умумӣ ё мушоирае чанд нафар ба як асар назира мегeянд».7
Агар аз рeи шартҳои зикршуда ба эxодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ назар андозем, маълум мегардад, ки e бештар аз ҳама тибқи шарти аввала ба осори шоирони гузаштаву муосири худ назираҳо сароидааст.
Аз муқоиса ва омӯзиши осори Ҳоҷӣ ошкор мегардад, ки Ҳоҷӣ натанҳо ба шоирони гузашта, балки ба ашъори шоирони муосири худ низ таваҷҷӯҳ намуда, ба ғазалҳои писандидааш бавосита ё бевоситта мухаммас ва назираҳо гуфтааст. Чунончи ӯ ба як ғазали Баҳрии Дарвозӣ (1860 –1915), ки аз ҳафт байт иборат аст, мухаммас бастааст.
С. Султон мухаммаси мазкурро дар китоби «Асарҳои мунтахаб»-и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ ҷой дода бошад ҳам, вале ғазали Баҳрии Дарвозиро пай набурда, абёти ӯро бидуни нохунак овардааст. Дар поён банди аввали ин мухаммасро намуна меоварем:
Ҳар дам аз қиссаи фавти ту гар идрок кунам,
Лахти дил гиряму хуни мижаро пок кунам,
Дидаро бе рухи ту сарфаи хошок кунам,
«Ман агар ёд аз он хастаи ғамнок кунам,
Сар ба саҳро занаму xомаи тан пок кунам»…8
Амирбек Ҳабибов дар китоби «Ганҷи парешон» гарчанде доир ба робитаи дӯстӣ ва эҷодӣ доштани Ҳоҷӣ Ҳусайну Баҳрии Дарвозӣ ишора накарда бошад ҳам, аз як сухани ӯ маълум мегардад, ки онҳо дар як замон дар Бухоро зиставу таҳсили илм низ кардаанд: «Соли 1299 (1881) Баҳрӣ ба Бухоро рафта, дар мадрасаи Кӯкалтош, ки яке аз мадрасаҳои маъруфи Бухоро буд, ба таҳсил сар мекунад».9
Аз мазмуни мухаммаси боло тахмин кардан мумкин аст, ки шояд онҳо дар Бухоро бо ҳам робитаи дӯстию эҷодӣ барқарор карда бошанд, бинобар Ҳоҷӣ дар вафоти дӯсташ Баҳрии Дарвозӣ ин марсияи мухаммасро бар ғазали ӯ суруда бошад.
Ин ақидаро нигоштаи С. Султон низ тақвият мебахшад, ки гуфтааст: «Муҳаммадҳусайн дар даврони таҳсилоташ дар Бухоро ёру ҷӯра ва дӯстони хубе низ пайдо карда будааст, ки аз ҷумла муносибати наздик доштани ӯ бо Ҳоҷӣ Рафеъ (мударриси Бедилхон, ваф. 1916), Садри Зиё, Қорӣ Аҳмадхони Мӯнис, Ҳамидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ (Бисмил, Р.Х.), Абдуллои Савдо, Мирзо Қамари Котиби Бухороӣ, Мирзо Абдулфаттоҳи Котиби Забиёнӣ ба мо маълум аст». 10
Тавре ки аз муқоисаи осори шоир бо девони шоирон маълум мегардад, Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ғазалҳои зиёди шоирони ҳамзамонаш назираҳо навишта будааст. Чунончи, Ҳоҷӣ ба ғазали дӯсташ Мулло Бурҳони Муштоқӣ (Бисмил, Р.Х.) назирае гуфтааст, ки дар поён байти аввали ғазалҳоро меоварем:
Ҳоҷӣ:
Чу хуршеди ҷаҳон шуд, дар баландӣ эътибори ӯ,
Баромад қартаи маҳ аз хиҷолат доғдори ӯ…11
Бисмил (Муштоқӣ Р.Х.):
Бути хуршедбайзое ҷаҳон шуд интизори ӯ,
Қамар печида сар дар сархати лавҳи мазори ӯ…12
Fазалҳои дар боло овардашуда яке аз 11 ва дигаре аз 3 байт иборат буда, ҳарду дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим офарида шудаанд ва арконашон аз 8 бор мафоӣлун (V – – – ) дар ҳар байте омада, қофияву радифи онҳо («интизори ӯ», «мазори ӯ») низ якхела мебошанд. Аз теъдоди ками абёти ғазали Бисмил маълум мегардад, ки он нопурра оварда шудааст.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>