23:47:06 06-уми Июни 2025 сол

ТАРОНАҲО ВА МУСИҚИИ ФОРСӢ ВА КУРДӢ ДАР САҲНАИ ТОҶИК

Рӯзи якшанбеи 2 январ дар кохи Ҷомии шаҳри Душанбе барои бори нахуст барномаи дастаи ҳунари сунатии “Хуросон”-и Эрон доир шуд. Дар ин консерт се навозандаи ин даста таронаҳо ва мусиқии сунатии форсӣ ва курдиро иҷро карданд. Қарор буд, рӯзи душанбе низ як барномаи консертии гурӯҳи “Хуросон” дар ин кох баргузор шавад , вале ба далоили мухталиф ин барнома лағв шудааст.

 

aliiamoniДар ҳамин ҳол ба гуфтаи бархе аз ҳозирини консерти гурӯҳи “Хуросон” дар шаҳри Душанбе дар остонаи ин барнома огоҳии каме дар мавриди баргузории ин барнома ба чашм мехӯрд. Ҳамчунин бисёре аз фарҳангиён мегӯянд, ки аз расонаҳои хабарӣ баъд аз баргузор шудани консерт дар мавриди он иттилоъ дарёфт кардаанд. Вале аъзои гурӯҳи “Хуросон” зоҳиран аз сафари ҳунарии аввалини худ ба Тоҷикистон хеле розӣ ба назар мерасиданд.

 

Ба гуфтаи аъзои дастаи ҳунарии “Хуросон” ин нахустин сафари ҳунарии онҳо ба як кишвари хориҷӣ будааст ва онҳо аз он, ки нахустин барномаро дар Тоҷикистон, кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрон иҷро кардаанд, хушнуд ҳастанд. Алии Амонӣ, раҳбари дастаи “Хуросон” мегӯяд, ки аз баргузории нахустин консерти гурӯҳи хеш дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон хушнуд аст.

 

Оқои Амноӣ мегӯяд, ки гурӯҳи онҳо ду сол аст ки фаъолият мекунад ва дар феҳристи барномаҳои ҳунарии онҳо таронаҳо ва мусиқии суннатии мардуми ҷануб ва ғарби Эрон гунҷонда шудааст. Вай афзуд: “Аъзои гурӯҳ ҳашт навозанда ва овозхон ҳастанд, ки дар миёни онҳо овозхонҳо ва навозандагони саршинос назири оқои Шоҳрухон фаъолият доранд. Шахси худам дутори минтақаи Хуросонро менавозам ва тахассуси аслии ман низ ин сози мусиқӣ аст.”

 

Оқои Амонӣ мегӯяд, ки дар тӯли чанд рӯзе, ки онҳо дар Душанбе буданд бо созҳои мусиқии тоҷикӣ ошнои пайдо карда ва ба гуфтаи вай бештари созҳои мусиқии эронӣ ва тоҷикӣ мушобеҳ будаанд. Ба гуфтаи раҳбари гурӯҳ сафари онҳо ба Тоҷикистон бо кумаки як фарди ҳунардӯст сурат гирифтааст. Алии Амонӣ мегӯяд, ки сафари кунунӣ ба Тоҷикистон аввали кор аст, ва дар оянда низ ин гурӯҳ бо барномаҳои рангини фарҳангиву ҳунарӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

 

Ба гуфтаи баргузоркунандагони консерт ҳадаф аз доир кардани он дар Тоҷикистон ошноӣ бо ҳунару фарҳанги манотиқи мухталифи Эрон ба тамошочиёни тоҷикистонӣ будааст. Аъзои гурӯҳи “Хуросон” мегӯянд, ки масъулони ҳунаристон (консерватория)-и Тоҷикистон дар як мулоқот бо онҳо аз гурӯҳ даъват кардаанд, ки дар таҷлил аз Наврӯзи соли ҷорӣ барои иҷрои барномаҳои ҳунарӣ ба Тоҷикистон биёянд.

 

Дар консерти рӯзи якшанбеи 2-уми январ, Алии Амонӣ, навозандаи дутор ва овозхони таронаҳои суннатии хуросонӣ, Ромиёрӣ Утмишӣ навозандаи девон, тор ва ситор ва овозхони таронаҳои сунатии курдӣ ва Ҳодии Меъмориён, навозандаи даф, дойра ва тумбак барномаро иҷро кардаанд. Дар ин гурӯҳ се навозандаи хонум низ фаъолият доранд ва қарор аст, дар оянда гурӯҳи “Хуросон” ба Тоҷикистон бо ҳайати комили он сафари ҳунарии дарозмуддат анҷом диҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4045-2011-01-03-15-21-22.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854