ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ЭҲЁ ГАРДИД
Рӯзи чоршанбеи 12-уми январи соли 2011 дар толори маҷлисҳои Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои ҶТ ҷаласаи ҳисоботии раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид. Узви раёсати ин Ҷамъият шарқшиноси маъруфи кишвар Сайфулло Саидов дар мавриди фаъолияти ин ниҳод суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки соли ҷорӣ ба таъсиси он панҷоҳ сол пур мешавад.
Ӯ хотиррасон кард, ки Ҷамъияти мазкур ҳанӯз беш аз панҷоҳ сол муқаддам дар замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон як ҷузъи он ба ҳисоб мерафт, бо номи «Ҷамъияти дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон» таъсис ёфта буд. Ҳамин Ҷамъият дар байни дигар ҷамъиятҳои дӯстии Иттиҳоди Шӯравиву дигар кишварҳои ҷаҳон ягона Ҷамъияте шуд, ки Шӯъбаи Тоҷикистонии худро расо панҷоҳ сол қабл ифтитоҳ намуд. Бо номи дигар ҷумҳуриҳо шӯъбаҳои ҳамсоне фаъолият намекарданд.
Шӯъбаи Тоҷикистонии Ҷамъияти дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон то фурӯпошии он кишвари абарқудрат дар таҳким бахшидани равобити дӯстонаи мардуми ба ҳам бародари Тоҷикистону Афғонистон хизматҳои босазое кардааст. Барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба гирдоби воқеаҳои мудҳиш гирифтор шудани Тоҷикистони азиз фаъолияти ин ниҳодро қариб, ки аз байн бурд. Ба гуфтаи кӯҳансолтарин узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон Сайфуллоҳ Саидов замоне расидааст, ки дар фаъолияти ин ниҳод таҷдиди назар кунанд ва кӯшишҳо ба харҷ дода шавад, ки он аз нав ба ҳамон тарзи пештарааш эҳё гардад.
Ҳозирин фикру андешаҳои хешро пайи беҳтар шудани фаъолияти ниҳоди мазкур июроз доштанд. Баъдан аъзои нави раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон иборат аз 25 нафар интихоб гардиданд, ки дар байни онҳо олимони шарқшинос, шоирону нависандагон, драматургони шинохта, ҳунармандони маъруфи соҳаи театр, профессорони мактабҳои олӣ, рӯзноманигорон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар ва ғайра ҳастанд.
Раёсати тозаинтихобгардида Савлатшоҳ Мерганов, шарқшиноси маъруфи тоҷик, устоди факултаи шарқшиносии ДМТ-ро ба ҳайси раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон интихоб намуд. Шодибек Сӯфиев, мудири бахши афғонистонии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои ҶТ муовини раиси ҷамъият ва Раҳматуллоҳ Абдуллоев, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ котиби масъули ҷамъият интихоб гардиданд.
Сипас аъзои раёсат лоиҳаи нақшаи кори Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистонро барои соли 2011 мавриди муҳокима қарор дода, онро бо тағйиру иловаҳо қабул намуданд. Тибқи нақша Ҷамъият дар ҳамоиши ҳунармандони ду кишвар, баргузории маҳфилҳо ба муносибати солрӯзи шоири бузург, устод Халилуллоҳи Халилӣ, овозхони маъруф, устод Сароҳанг, ба муносибати 65-солаги таваллуди хунёгари машҳур Аҳмад Зоҳир ва ғайра мусоидат хоҳад кард.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4149-2011-01-13-18-02-37.html