ДАР БИШКЕК «ГАНҶИ АҚЛ»-РО МУАРРИФӢ КАРДАНД
Дар маҷлисгоҳи китобхонаи миллии Қирғизистон ба муносибати нашри китоби “Ганҷи ақл”маросими бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ин маҳфил, ки бо иштироки шоирону нависандагони номдори Қирғизистон, донишҷӯёни донишгоҳҳои Бишкек дойир шуд, оиди таъсири файзбахши адабиёти форсу тоҷик ба адабиёти қирғиз ибрози андеша шуд Абдураҳмон Олимбоев, раиси Иттифоқи нависандагони Қирғизистон тарҷума ва чоп шудани намунаи ашъори сиву чаҳор шоири классики адабиёти форс-тоҷикро ба забони қирғизӣ ба унвони ҳодисаи муҳими адабиву фарҳангӣ шумурд. Раиси Иттифоқи нависандагони Қирғизистон ба намояндангии фарҳангии Эрон дар Қирғизистон, ки барои тарҷума ва чопи ин китоб ёрии молӣ расонидааст, изҳори ташаккур кард.
Муҳаммад Ҳусайн Обидинӣ, раиси намояндагии фарҳангии Эрон дар Қирғизистон гуфт, ки намунаҳои осори шоирони форс-тоҷик бо кӯшиши Кубаничбек Басилбеков, шоир ва тарҷумони машҳури Қирғизистон анҷом гирифт. Дар китоби «Ганҷи ақл» шеърҳои Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиёти форс- тоҷик ҷой дода шудаанд, ки тӯҳфаи арзандаест барои дӯстдорони адабиёти Шарқ.
Дар ин маҳфили гарму самимӣ шоираи халқии Қирғизистон Майрамхон Абулқосимова, аъзои Иттифоқи нависандагони Қирғизистон Болот Мамат, шоираи ҷавон Муҳаббат Молдоалиева суханронӣ намуда, барои иштирокчиён шеърҳои худро қироат карданд.
Иштирокчиёни ин маҳфил аз фаъолияти ҳамаҷонибаи намояндагии фарҳангии Эрон дар Қирғизистон изҳори ризоят намуда, чопи маҷаллаи фарҳангии «Адаб» ро барои муаррифии адабиёт ва фарҳанги форс- тоҷик дар Қирғизистон арзишманд қаламдод намуданд.
Қодиршои Мурувват, барои "Рӯзгор", Бишкек, Қирғизистон
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4172---l-r---.html