23:57:12 06-уми Июни 2025 сол

ИСТИҚБОЛ АЗ ПЕШНИҲОДИ ТАЪСИСИ ФАРҲАНГИСТОНИ МУШТАРАКИ ФОРСӢ

Донишмандони тоҷик аз пешниҳоди таъсиси Фарҳангистони муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон истиқбол карданд. Исфандиёр Раҳим Машоӣ, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, рӯзи сешанбеи 18 январ зимни суханронӣ дар Кунгреи байналмилалии устодони забон ва адаби форсӣ дар Донишгоҳи Теҳрон, хостори таъсиси як фарҳангистони муштараки кишварҳои форсизабон шудааст.

 

Оқои Машоӣ мушаххасан нагуфтааст, ки манзураш таъсиси Фарҳангистони муштараки забон ва адабиёти форсӣ аст ё дар маҷмӯъ, фарҳангистон аст. Аммо вай гуфтааст, ки тавсеъа ва густариши забони форсӣ вазифаи на танҳо эрониён, балки тоҷикон ва афғонҳо низ ҳаст. Окодемисиян Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, ки дар мавриди ин пешниҳоди ҷониби Эрон иттилоъи дақиқе дар даст надорад.

 

ИлоловАммо ба гуфтаи оқои Илолов, агар манзури оқои Машоӣ таъсиси Фарҳангистони муштараки забон ва адаби форсӣ бошад, пас ин пешниҳоди тозае нест ва тайи чанд соли ахир ин мавзӯъ дар миёни донишмандони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон матраҳ аст. Ӯ таъкид кард, ки бо ин вуҷуд, ҷониби Тоҷикистон аз таъсиси ҳар гуна иттиҳодия ё созмоне, ки ба густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ байни кишварҳои форсизабон мусоъидат мекунад, истиқбол хоҳад кард.

 

Дуктур Додихудои Саймуддин, раиси Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон, низ зимни пуштибонӣ аз ин пешниҳод гуфт: "Дар замони ҷаҳонишавӣ таъсиси фарҳангистони муштарак ба хотири ҳифзи забони форсӣ, забони муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, як амри зарурӣ аст."

 

Ба гуфтаи дуктур Саймуддин, то ҳол дар миёни кишварҳои форсизабон дар бархе масоили забонӣ, бахусус, истилоҳот мушкилоте вуҷуд дошта ва Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз истилоҳоту вожаҳои хориҷии мутавофите истифода мекунанд. Ба эътиқоди ин донишманди тоҷик, дар сурати ташкили Фарҳангистони муштараки забон ва адаби форсӣ мушкилоти марбут ба вожаҳо ва истилоҳоти забонӣ сареъан рафъ хоҳад шуд.

 

Аммо бархе аз соҳибназарон бо ишора ба мушкилоти таъсиси телевизиюни муштараки форсӣ байни се кишвари Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон дар иҷрои сареъи тарҳи таъсиси фарҳангистони муштарак миёни ин се кишвар низ ибрози тардид мекунанд. Зимнан, равобити донишмандони тоҷик бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон хуб буда ва се донишманди тоҷик, равоншод Абдулқодир Маниёзов, Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Додихудои Саймуддин узви пайвастаи ин фарҳангистон интихоб шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4201-2011-01-19-16-42-13.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854