13:00:52 02-уми Июни 2025 сол

ТУҒЁН ДАР ШЕЪРИ ИСЁН

Сарзамини шоирхези Балх ҳанӯз аз замонҳои қадим бо фарҳангу тамаддуни волои худ маълуми оламиён мебошад. Ин шаҳр фарзандони фарзонаеро ба монанди Зардушти Сипитамон (тав. 660 то мелод), Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ (1207 - 1273), Восифи Бохтарӣ (тав.1942), Муҳаммадисҳоқи Дилгир (1945-2001), Ошуфтаи Бохтарӣ (1952-1998), Сурури Озарахш (тав.1947), Вайлони Бохтарӣ (тав.1938) ва садҳо шоирони дигарро  ба миён овардааст, ки бо номи эшон натанҳо балхиён, балки тамоми форсизабонони дунё ифтихор доранд.

 

1121Соли 1980 пас аз ташкилёбии Анҷумани нависандагони Балх шеъри навини форсии дарӣ дар ин сарзамин дубора рӯ ба ривоҷу равнақ мениҳад ва симоҳои дурахшоне ба монанди Замон Фирӯз (тав.1948), Розиқи Рӯйин (тав.1950), Солеҳмуҳаммади Халиқ (тав.1955), Мирвайси Мавҷ (тав.1957), Фаёзи Меҳройин (тав.1959), Жакфар Ҳусайнӣ (тав.1967), Абдуссамеи Ҳомид (тав.1968), Абдулмаҷиди Фоиқ (тав.1968), Бурҳон Абдолӣ (тав. 1971) дар ин муҳит ба майдони адабиёт меоянд. Ёд дорам, ки соли 1986 дар мусоҳибае шоири маъруфи Афғонистон Бориқ Шафеъӣ дар бораи вазъи адабии онрӯзаи кишвараш чунин гуфта буд:

 

«Ҳоло дар Афғонистон дар ҳудуди ҳазор шоиру нависанда дар Иттиҳоди шоирон ва нависандагон гирди ҳам омадаанд ва шӯъбаҳои ин Иттиҳодия дар вилоятҳо ва шаҳрҳои калон низ фаъолият мекунад. Аммо эҳсос мекунем, ки мо ҳанӯз ҳам мӯҳтоҷи бештар фаъол гардонидани истеъдодҳоем. Дар ин кори пурифтихор аз таҷрибаи бисёр судбахши Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон истифода хоҳем кард» («Адабиёт ва санъат» №22, 29 майи соли 1986).

 

Шеъри имрӯзи форсизабонони ҷаҳонро бидуни муқоиса бо ашъори шуарои се кишвар  Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон наметавон арзёбӣ кард. Шоирони ин мамолик дар ташаккулу таҳаввул, сайри таърихӣ ва асолату замонавии шеъри муосир хидмати арзандае ба ҷо овардаанд. Донишманди эронӣ Алӣ Мусавии Гарморудӣ дар мавриди мақоми шеъри тоҷикӣ изҳори ақида карда мефармояд: «Ба ҳамин далели инқитои фарҳангӣ шеъри Тоҷикистон мисли шеъри Афғонистон нашуд ва ба ҳамин ҷиҳат шеъри Афғонистон, аз назари ҷавҳари шеърӣ имрӯз баъд аз шеъри Эрон қарор дорад. Ба хотири ин ки Афғонистон ҳам хатташ ба мо яке буда ва ҳам пайвандаш бо мо бурида нашуда, мамониате ҳам барои тамос бо якдигар надоштем» («Садои Шарқ», № 1, 2009, саҳ. 122).

 

Муҳити мусоиди эҷодии ҳавзаи адабии Балх  ба насли солҳои 90-уми асри гузашта низ таъсири худро мегузорад ва дар ин давра ҷавононе чун Афифи Бохтарӣ, (тав.1962), Фазлуллоҳи Қудсӣ (тав.1963), Яҳёи Ҷавоҳирӣ (тав.1968), Муваҳҳиди Балхӣ (тав.1969), Аҳмадшоҳи Фоиз (тав.1970), Шаҳбози Эраҷ (тав.1971), Фариди Арванд (тав.1974), Абдулваҳҳоби Муҷир (тав.1975), Хадича Ҳайдарӣ (тав.1975)  ба шеъру шоирӣ рӯ меоранд, ки Муҳаммадсодиқи Исён (тав. 1973) низ яке аз тарбиятгирандагони ин мактаби адабӣ ба шумор меравад.

 

Муҳаммадсодиқи Исён  чанд солест, ки масъулияти бахши шеъри Анҷумани озоднависандагони Балх, масъулияти «Анҷумани қалам», пешбарандаи фаъолияти моҳномаи «Чашмандоз», гардонандагии барномаҳои адабӣ дар родию ва телевизиюни муҳити Балхро низ бар дӯш дорад. Маҷмӯаи шеърҳояш бо номҳои «Фаслҳои офтобӣ» (1382/2003) ва «Рӯшантар аз ҳамеша» (1386/2007) ба чоп расидаанд. Маҷмӯаи «Лаҳзаҳои пуршукӯҳ»-аш, ки соли 1385/2006 барандаи ҷоизаи аввали Кунгураи Рӯзи Сулҳ дар Афғонистон гардида буд, то ҳанӯз рӯи чопро надидааст.

 

Бо кӯшиш ва эҳтимоми ӯ дар фосилаи ин солҳо китобҳои дастҷамъии шоирони Балх бо номҳои «Намунаҳои шеъри имрӯзи Балх» ва «Симо ва сухан» низ ба нашр расидаанд. Муҳаммадсодиқи Исён мақолаҳову рисолаҳое низ доир ба масъалаҳои забон ва адабиёт навиштааст, ки як қисми онҳо дар матбуоти даврии Афғонистон мунташир шудаанд.

 

Хонандаи тоҷик аввалин маротиба бо намунаи шеър ва шарҳи ҳоли Муҳаммадсодиқи Исён тавассути тазкираи «Як сарзамин муҳаббат» (2005) ошноӣ пайдо мекунад, ки дар ин китоб танҳо як ғазали шоир бо номи «Дирафши гули сурх» оварда шудааст, вале муаррифии нисбатан бештари ғазалҳои ӯро асосан рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ба роҳ мемонад. Дар ин давра 31 ғазали шоир ба нашр расидаанд, ки хонандагон пас аз мутолиаи онҳо аз маҳорати баланди шоирӣ доштану ғазалсарои хуб будани ӯ огоҳӣ меёбанд.

 

Дар осори Муҳаммадсодиқи Исён мазмунҳои тоза, тасвирҳои шоирона, ибораҳои нодир, манзараҳои табиат, зебоиҳои баҳор, хушиҳои зиндагӣ, сӯзу дард ва ғайра фаровон ба назар мерасанд. Ӯ аксаран шеърҳоро бо ибораҳои зебо унвонгузорӣ мекунад, ки чунин амал худ бозгӯи мазмуну мӯҳтавои ҳамон шеър мебошад. Дар ашъори ӯ ибораҳои нодири шоирона хеле зиёд ба назар мерасанд.

 

Барои мисол чанде аз онҳоро намуна меорем: замзамаи шод, фасли фоҷиа, пилки панҷара, ҳавдаҷи баҳор, милоди лола, иҷлоси сабза, ҷашнвораи борон, зулоли боли рӯъё, болҳои зулолини дил, абзори ваҳшат, кафтори ваҳшат, кӯчаи ошӯб, кӯчаи бунбасти замон, оташи туғёнии Тӯр, бистари гулҳо, бешаи шаб, дашти уфуқ, гули саҳар, ойинаи раҳмат, фаввораи файз, фаввораи нур, офоқи симолуд, тараннуми борон, таровати маҳтоб, лаҳзаҳои асалгун, пардаи хашм, пойи ҳиммат, тамузи фоҷиа. саҳнаи сурхтарини фоҷиа, биҳишти нуру навид, фасли биҳиштии ҳунар, замзамаи ошиқона, нафасафшонӣ, пойи шишаии дард, санглохи дард, рангинкамони хотираҳо, Каҳкашони ёд, Карбалои боғ, гунҷишки бахт, саҳари нуқрафом, гулфасли бахт, қофиласолори нур, шамшери обдидаи маҳ, ғарқи чароғ, нағмаи ҳиҷрон ва ғайра. Ин ҳама навҷӯию навпардозиҳо аз он дарак медиҳанд, ки Исён шоири ҷӯяндаву пӯяндаест ва мехоҳад, ки дар шеъраш сухани тоза ва мазмуни наверо бигӯяд.

               

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854