23:51:08 05-уми Июни 2025 сол

ТУҒЁН ДАР ШЕЪРИ ИСЁН

Шоир ба хушиҳои табиат, хусусан ба ҳусни зебои баҳор таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва барои эҳсоси ботинии хешро ба чашми хонанда бештар намоиш додан, мазмунҳои аҷиберо ба қалам додааст:

 

То дар кавири дида дучандон шавад баҳор,

Бояд ниҳод ойинае рӯ ба рӯи боғ.

Бояд ба шавқу шӯри тамом иштирок кард

Дар базми баҳси чилчилаву гуфтугӯи боғ.

                                * * *

Соле, ки бо судури фаромини офтоб,

Баргаштани сапеда ба офоқи тор буд…

Соле, ки кӯҳ баъди аташрез гаштанаш

Ҳамхобаи ҳамешагии чашмасор буд.

Мӯсои абр мӯъҷизаи тоза офарид,

Исои об ҳамнафаси ҷӯйбор буд.

Монии боғ ойинадори шукӯҳи ранг,

Зардушти дашт шӯълавар аз лолазор буд.

 

Муҳаммадсодиқи Исён гарчанде дар шаклҳои суннатӣ шеър гӯяд ҳам, назар ба дигар намудҳои он ба ғазал дилбастагии зиёд дорад ва аксари сурудаҳояш ҳам ғазал мебошанд. Ғазалҳои шоир аксаран дар мавзӯъҳои баҳор, ишқ, орзуву умед, шикоят аз зулму бедодӣ ва бедории миллӣ суруда шудаанд. Ғазалҳоро шоир аксаран дар баҳрҳои ҳазаҷ, рамал, музореъ, муҷтасс офаридааст, ки ғолибан ҳудуди 5 - 8 байтро ташкил медиҳанд ва дар онҳо тахаллуси хешро зикр намекунад. Ӯ дилбастагии хешро нисбат ба ғазал пинҳон надошта, дар байтҳои ҷудогонааш онро ёдрас мешавад:

 

Ватан! Қасида шавад қиссаи ғамангезат,

Магар чаро ба ҳавои хушат ғазал нашавад?!

                               * * *

Тасвири лаҳзаҳои асалгуни ишқро

Бозуи хушлиқои ғазал қоб мешавад.

                               * * *

Чи ошиқона ғазал буд ошно шуданат,

Қасидаи беист кунун қиссаи ҷудо шуданат.

Зи лобалои ғазал-маснавии чашмонат

Нахонда буд дилам байти бевафо шуданат.

                              * * *

Ду нима-нимаи як себ дар ривояти сурх,

Ду байти як ғазали сабзу мондагори ҳамем.

                              * * *

Эй шукӯҳи мавсими фаввораи борону нур,

Дар ҳавоят Каҳкашоне аз ғазал дорам ҳанӯз.

                          

Ӯ бештар барои дарёфти мазмуни тозаву замонавӣ талош менамояд ва ғазалҳояш бештар оҳанги шикваомез доранд, ки ин бесабаб ҳам нест. Дар ватани шоир солҳои зиёдест, ки аҳримани ҷанг ҳукмронӣ мекунад ва намегузорад, ки диле аз файзи шодиву нишот баҳравар гардад ва шоирон, ки фардони ҳассостарини ҷомеаанд, дарду алами мардуми кишвари худро бештар аз дигарон эҳсос менамоянд ва табиист, ки он ҳама ҳиссиёти ботинии хешро ба тасвир мегиранд.

 

Исён мехоҳад бо шӯру талотуми шеъри худ ба дарёи пурталотуми замон туғёне барпо кунад ва барои роҳгумкардагони ин ҳаводис аз нуру навиди шеър машъали дурахшоне барфурӯзад. Инчунин ӯ тавассути сухану хомаи хеш кореро анҷом доданист, ки фирорие боз ба ватан баргардаду ватани маркази шӯру шар шудааш дубора обод гардад, боғҳои яхзада пур аз қанориву гулҳои баҳорӣ бошанду мардуми мотамзада ба шодиву сурур бирасанд.

 

Шоирро лозим аст, ки барои пайдо кардани роҳу равиши наве фаррохназару борикбин ва ҳассос бояд бошад. Хушбахтона ин гуна хусусиятҳо дар шеърҳои Исён фаровон ба назар мерасанд. Ӯ баъзан тавассути санъати талмеҳ бо ашёи табиат дар гуфтугӯ шуда, аз забони онҳо суханҳоеро меорад, ки хонанда аз нуктаҳои ниҳонии дили шоир воқиф мегардад ва ин ҳама навпардозиҳо хоси шеърҳои ӯст. Масалан дар ғазали «Лаҳзаҳои биҳиштӣ» чунин манзара бештар намоён мегардад:

 

Милоди лола, милаи норинҷу настаран,

Иҷлоси сабза, ҷашни ҷаҳонии нозбӯст...

Як сӯ тазарву сарв ҳамовову ҳамдиланд,

Як сӯ чанору чилчила масруфи гуфтугӯст…

 

Муҳаммадсодиқи Исён ҳанӯз ҷанги таҳмилии дар Ватанаш ба амаломадаро аз айёми кӯдакии худ бо чашмони сар дидаву заҳри марговари онро чашидааст Ӯ дар зиндагиномаи хеш он лаҳзаҳоро бо сӯзу дард чунин ёдрас мешавад: «Панҷ сол беш надоштам ва ҳанӯз коми ҳиссу ҳавои кӯдаконаам дар он айём саршор аз ширинии тамошои табиати зебои муҳити перомунам нагашта буд, ки таъми талху таҳаммулношуданӣ таҳвил нохоста ҳафтуми саври 1357/1978, ки паёмаде ҷуз барбодӣ, оворагӣ ва дарбадарӣ барои мардуми мо надошт, тамомати ҷону ҷаҳонамро ба заҳр олуду хобу хаёли оромишро аз ману ҳаммеҳанонам рабуд ва ба дунболи он аждаҳои ҷаҳаннамии ҷанг ҳама чизро дар даҳони оташфишонии хеш фурӯ бурд ва то ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, ин ҳаюлои ҳастисӯз ҳавои он надорад, то соя аз сару сарои мо баргирад».

 

Барои ҳар як эҷодкор дарду сӯзи Ватан низ дардҳои ӯ ба шумор меравад. Муҳаммадсодиқи Исёнро низ дарди Ватан бештар азият медиҳад, оворагиву дарбадарии ҳаммеҳанон, вайрону валангор шудану ба хоку хокистар табдил ёфтани Ватани маҳбубаш ӯро бетараф гузошта наметавонист, бинобар сӯзу дарди дили хешро дар ғазалҳои зерин возеҳан баён намудааст:

 

Дубора маркази ошӯбу шӯру шар шудаӣ,

Ту пойгоҳи ҷаҳонии зӯру зар шудаӣ.

Макони амни замин буд ҳар ваҷаб хокат,

Кунун билоди балохезу пурхатар шудаӣ.

Чӣ кас ба коми ҷаҳаннам супурд рӯҳатро,

Ки то ҳамеша бад-ин шева шӯълавар шудаӣ?...

                                    * * *

Эй ватани азизи ман! Рӯзу шабам азои туст,

Тозатарин суруди ман, марсияе барои туст.

Пайкари пора-пораат, қомати пурситораат,

Ваҳшати бурҷу бораат шоҳиди ранҷҳои туст.

Дарду дареғи миллате дар нафаси ту метапад,

Ҳузни ҳазор насли ғам ҳал шуда дар садои туст…

                                     * * *

Бор - борам бигузоред, каме гиря кунам,

Сӯгворам, бигузоред, каме гиря кунам.

Боғи пажмурдаи ин мавсими дӯзахнафасам,

Бе баҳорам, бигузоред, каме гиря кунам.

Ҳамдами қофилаи сӯгу сиёҳиву сукут,

Раҳсипорам, бигузоред, каме гиря кунам…

 

Раҷабалии Худоёр, шаҳри Қӯрғонтеппа

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4391-tughyon-dar-sheri-isyon.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854