05:36:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

АБУЛҲАСАНИ ХАРАҚОНӢ ВА СУЛТОН МАҲМУДИ ҒАЗНАВӢ

sufi 2Абулҳасани Харақонӣ, ки саромади сӯфиёни замони худ буд, дар соли 346-и ҳиҷрии қамарӣ баробар бо соли 954-и мелодӣ дар Харақон, ки аз қасаботи Бӯстони Эрон аст, ба дунё омад. Падараш марди зироатпеша буд. Вай ба таҳсили илм рағбати бисёр дошт. Пайваста бо донишмандону бузургони рӯзгор ба сар мебурд, то ин ки ба мақоми арҷманд расид ва дар донишу парҳезгорӣ баландовоза шуд. Мардум аз ҳар сӯй ба ӯ рӯй оварданд ва аз илму ҳикмати ӯ баҳраманд шуданд.

 Гӯянд Султон Маҳмуди Ғазнавӣ солҳо орзуманди дидори ӯ буд. Соле, ки аз ҷанги Хоразм бармегашт, чун ба наздики Харақон расид, ба хонақоҳи шайх рафт ва бар даре даромаду салом кард. Шайх ҷавоб дод. Султон нишасту аз ҳар дар сухан ронд. Он гоҳ Султон гуфт:

 -Маро панде бидеҳ.

 -Шайх гуфт:

 -Чанд корро некӯ бидор. Аз гуноҳон бипарҳез, поси халқ нигаҳ дор ва босаховат бош.

 Султон гуфт:

  -Маро дуое кун. 

 Шайх гуфт:

 -Ман дар ҳар намоз мӯъминонро дуо мекунам. Коре кун, ки аз ҷумлаи мӯъминон бошӣ.

 Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳамёни зар дар муқобили шайх ниҳод. Шайх низ нони ҷавин назди Султон гузошт ва гуфт:

 -Бихӯр.

 Султон луқмае аз он нон ба даҳон бурд. Чун натавонист фурӯ бибарад, ночор аз даҳон берун андохт. Шайх табассум кард ва гуфт:

 -Ҳамчуноне, ки нони мо гулӯи туро гирифт, зари ту гулӯи моро хоҳад гирифт. Зари худро бардор, ки маро бадон ҳоҷат нест.

 Чун Султон қасди рафтан кард, шайх ба эҳтиром ба пой хост. Султон гуфт:

 -Ҳангоме, ки омадам чандон мулотифат нанамудӣ. Акнун ба эҳтироми ман аз ҷой бархостӣ. Чаро ин корро кардӣ?

 Шайх гуфт:

 -Нахуст бо шукӯҳи подшоҳӣ даромадӣ. Сазовори ҳурмат набудӣ. Вале акнун бо ҳашамати дарвешнавозӣ меравӣ ва шоистаи икромӣ.

 Шайх Абӯлҳасани Харақонӣ дар соли 425-и ҳиҷрии қамарӣ, ки баробар аст бо 1033-и мелодӣ, аз дунё бирафт ва ӯро наздики Харақон ба хок супурданд.

 Аз суханони ҳикматомези ӯст: 

 «Сухани рост он аст, ки аз дил бархезад ва беҳтарини дилҳо дилест, ки андешаи бад дар он роҳ наёбад».

 «Рӯзгор», таҳияи аз барномаи «Меъодгоҳи дил»-и ТВ «Афғонистон Ориёно»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4409-sultan-mahmud-ghaznavi.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi