23:44:08 06-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД

( Қисмати аввал)

 

Мушкили алифбо ва зарурати ислоҳот дар он

Ҷойи хушҳолист, ки имрӯзҳо мавзӯи мушкили забон (бештар мушкили алифбо) бар сари забонҳо уфтодааст ва мардуми кишвар ва фарҳан¬гиён назариёт ва пешниҳодоти худро дар ин робита баён мекунанд. Ман ҳамчун як фарди тоҷик хушбин ҳастам, ки агарчи хеле аз мушкилоти алифбои мо натавонад ҳал шавад, вале бахши зиёди он ислоҳ шуда ва боиси пешрафту рушди забони мо мешавад.

 

Ahmadshoh KomilzodaДар ин авохир пешниҳодоту андешаҳои Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ислоҳоти алифбо ва забон хондам, ки метавон дар ин раҳгузар умедвории бештарро чашмдор шуд. Нахуст, ба сари мақоми чунин як ташкилоти муътабари давлатӣ роҳ ёфтани шахсияти донишманде чун ҷаноби Саймуддинов боиси эътимод буда метавонад. Аз сӯйи дигар, таҳ¬лилу андеша, баррасиву пешниҳоди донишмандони асили кишвар чун: Бобоназари Бобохон, Зафари Мирзоён, Обид Шукурзода, Сайфиддин Назарзода ва шояд ду-се тане дигар воқеан омӯзанда ва маорифпарваронаву ислоҳгарона аст. Ба ин далел, ки дар навиштаҳои онҳо анде¬шаҳои беғаразона, донишмандона ва бо фаросати волои ислоҳпазир хеле рӯшан аст. Аз сӯйи дигар, ин донишмандон дардҳои мушкилоти забони моро беҳ¬тар аз дигарон дарк кардаанд ва дар ислоҳи онҳо дидгоҳи наву ғайрати бештар доранд.

 

Чун шунидем, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷи¬кистон тарҳи ислоҳотеро таҳия кардааст, бовар дорам, ки онро ба барасии мардум во мегузорад ва пешниҳодоти мардумро шунидаву онҳо¬ро мунсифона мавриди корбурд дар лоиҳаи қонун қарор медиҳад.

 

Мушкили алифбо

Бештарин мушкилоти забонии мо бар асари камбуди алифбои сохтаест, ки боиси сар задани мушкилоти ҷиддӣ дар илмҳое чун овошиносӣ – фонетика, сарф – морфология ва то андозае ҷумла – граматика шудааст. Бояд таъкид кард, ки мушкилоти забон бар асари камбудиҳои ҷиддии алифбо дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллии мардуми мо, ки забон яке аз манбаъҳои аслии он аст, нақши манфие бозидааст. Донишмандон борҳо ин нуктаро таъкид кардаанд ва рӯшан аст, ки имрӯз ҳам хеле аз мардуми мо ба далели камбуди ҷиддии надонистани забон ба заъфи андешаи пешрав ва тафаккури созанда рӯбарӯст.

 

Албатта мушкили камтаваҷҷӯҳии мардум ба омӯзиши забон, тадриси заъифи забономӯзӣ дар ҳама сатҳ¬ҳои муассисаҳои омӯзи¬широ, ки низ дар ташаккули тафаккури пешрафтаву созанда нақши боризе ифо накардааст, бояд рӯшану ошкор баён кард. Ҳамчунин низоми фарсуда, бегонаавзоъ ва ноқиси таълиму тадрис дар мактабҳои кишвари мо дар ҷараёни солҳои зиёд низ натавонистааст дар таъмини рушду пешрафти андешаи солор ва дониши мардум нақши бориз касб кунад. Ҳамаи ин мушкилот роҳи ҳалл доранд ва ба назари ман, дар ҳалли ин мушкил пеш аз ҳама зарурати дахолати давлат муҳим аст.

 

Мушкилоти алифбои мо чандин даҳсолаҳост, ки ба рӯзгори мардум ва то ҷойе дар фарҳанги миллати мо таъсири номатлуб доштааст. Ҳамагон медонанд, ки ин мушкилот бар асари зери султаи бегонагон қарор доштани ҷумҳурии мо зӯран ба зиндагии мардум ворид шудааст. Имрӯз, ки қуд¬рати давлат ба дасти мардуми таҳҷо афтодааст, табиист, ки бо дарки дуруст ва равиши миллатдӯстона мавзӯи ислоҳот рӯйи кор оварда шудааст.

 

Бале, алифбои имрӯзии мо ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯст ва ва бар асари мушкилоти алифбои ҳозира оҳангу ово, шеваи гуфтор ва гӯйишу лаҳни хеле аз ҳамдиёрони мо ба тарзи хастакунанда коҳиш дидааст. То ҷойе, ки ҳангоми сӯҳбат бархе аз калимаву вожаҳои ҳамсӯҳбатонамон дуруст фаҳмида намешавад. Дар бораи ҷумлаҳои аз нигоҳи меъёр ғалату сактадор, берабту беназм, ки дар радиёву телевизион ва дар матбуоти даврӣ беамон пахш мешаванд, дар фурсати ҷудогона бояд сӯҳбат кард. Аммо бо таъкид мегӯям, ки ин дағалгуфторӣ бештар аз мушкили алифбо маншаъ гирифтааст.

 

Дар алифбойи имрӯзии мо ҳама ҳарфҳо, амалан барои ифодаи овоҳое, ки ифодагари гуфтори миллати мо – маҷмуан забони миллии мо ҳастанд, эҷод шудаанд. Аммо натиҷаи чандин соли ахири омӯзиш ва тадқиқоти донишмандон аз он хабар медиҳад, ки алифбои мо нуқсони ҷиддӣ дорад ва дар ифодаи овову гӯйиши ҷомеаи кишвар дарҳам барҳамиҳоро ба вуҷуд овардааст. Ба назар мерасад, ки имрӯз мо чанд ҳарфи дигар барои овоз¬ҳое камбуд дорем. Барои мисол, мо се йотбарсар дорем, Я, Ё, Ю ва ҷабран ҳарфи Е-ро йотбарсар ном гузоштаанд, ки амалан вазифаи йотбарсарро ифода намекунад, балки дар забони мо чун дар забони русӣ барои ифодаи овойи Е (дар форсӣ ى ي) корбурд дорад. Барои мисол, мо дар ифодаи калимаҳои (мегӯйем, мегирйем, меойем) йотбарсари ЙЕ надорем.

 

Мо йотбарсари ЙИ низ надорем, ки ин нуқс воқеан забони гуфтори мардуми моро хеле ғализ кардааст. Солҳо дар телевизион кор мекардам ва ҳамеша шоҳиди камбуди ифодаи ин ҳарф аз сӯйи гӯяндаҳо мешудам. Бо таъкид аз гӯянда¬гони телевизион дархост мекардем, ки масалан ба ҷойи «хонаи мо» «хонайи мо» бигӯянд, вале чун дар навиштор вуҷуд надошт, боз ҳамон камбуд рух медод ва имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ин мушкил ба як ғалати омм ва ҳамагир табдил шудааст. Албатта, мутахассисини азизи мо медонанд, ки манзури ман ҳамон йотбарсари ЙИ мебошад, ки амалан дар охири калимаҳо ва пас аз овозҳои садодор ифода мешавад. Назар ба мушоҳидаҳо, камбуди ду йотбарсари дигар – ҳарфҳойи ифодакунандаи овоҳои ЙИ ва ЙЕ сабаби пайдо шудани нуқсони зиёд дар гуфтори мардум шудааст.

 

Ба ҳамин асос, ҳоло дастандаркорони алифборо зарур аст йотбарсарҳоро ё мукаммал кунанд ё ҳарфи дигареро барои ифодаи ин овоҳо мушаххас кунанд. Тарзи дигари ҳалли ин масъала ҳамоно пешниҳоди Сайфиддин Назарзода – райиси муҳта¬рами Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони кишвар аст. Ба ин донишманд, осонтарин роҳи ҳалл ҳамоно истифодаи ҳарфи Й – йот, пеш аз ҳарфҳои а (йа) = ба ҷойи Я, у (йу)= ба ҷойи Ю, о (йо)= ба ҷойи Ё, ҳамчунин пеш аз и (йи, йӣ)= ба ҷойи йотбарсари ЙИ, е (йе)= ба ҷойи йотбарсари ЙЕ мебошад. Аз сӯи дигар, ин тарзи ҳалли мушкил, яъне ифодаи овои  панҷ йотбарсар бо ифодаи ду ҳарф дар маҷмуъ навиштани ҳуруфи зиёдро талаб мекунад. Ҳоло ин мушкил амалан дар рӯбарӯйи ислоҳгарон истодааст ва мунтазири ҳалл мебошад. 

 

Мушкили умдаи дигари мо овоз ва ҳарфи Ӯ, яъне вови маҷҳул (ӯ-йи дароз низ гӯянд) аст, ки имрӯз низ боиси баҳсу гуфтугузори ҷиддӣ шудааст. Маълум нест, ки чаро олимони пешини мо дар навишти вожаҳои арабие, чун (муҳтарам, муътабар, муъҷиза, туҳфа ва амсоли инҳо) навишти ҳарфи ӯ-ро ҷорӣ кардаанд, чунки ин гурӯҳи калимаҳо дар алифбойи аслии мо – форсӣ бо у-йи кӯтоҳ навишта мешаванд. Бинобар ин роҳи осони навишти ӯ-йи дароз ва у-йи кӯтоҳ, агар бар пояи алифбойи пешини мо сурат бигирад, дигар ҷойи баҳс намемонад. Ҳарчанд, ки ба гуфтаи забоншиносон, мо дар илми овошиносӣ садоҳои дигаре чун У-и миёна, И-и миёна дорем, ки баҳси ифодаи ин овоҳо низ идома дорад, вале ба далели наздик буданашон ба садоҳои ҳаммонанди Ӯ,У ва ӢИ ба ин шакл навишта мешаванд.

 

Ҳамчунин талаффузи Ӯ-и маҷҳул низ баҳсбарангез шудааст. Назар ба навиштаи пажӯҳишгарони лаҳҷаҳои тоҷикӣ, дар бархе аз манотиқи кишвар чанд навъи талаффузи Ӯ вуҷуд дорад, ки сарчашмаи пайдоиши он чандон рӯ¬шан нест. Баройи мисол, агар талаффузи ин ово бар пояи алифбои пешин пайдо шудааст, пас набояд дар ҳар мавриди лозиму нолозим ин амал сурат бигирад (масалан, ончуноне дар гуфтори бархе аз мардум ба гӯш мерасад, вожаҳои мӯҳтарам, мӯътабар, мӯъҷиза, ангӯр, панҷӯм, нӯҳӯм – зарурат ба ин ғализии талаффуз надоранд). Имрӯз кор ба ҷойе кашидааст, ки дар гуфтори бархе аз ҳамватанони мо ин навъи талаффуз ба ифрот баробар шудааст. Гоҳе ба назар мерасад, ки ин гуна одамон ба ҷойи рӯзнома – резнома, имрӯз – имрез… мегӯянд. Гӯяндагон дар баробари ин навъи талаффузи хос, ҳарфи Ӯ-ро хеле кӯтоҳ баён мекунанд. Ба назарам, ислоҳи ин камбудӣ яке ба муқарар кардани ҷойгоҳ ва тарзи ифодаи ин ҳарф марбут аст ва пас аз ин ба таъкиду омӯзиши дурусти ин ово ба падару модарон, кӯдакистон, мактаб ва ниҳоят ҷомеа марбут мешавад.

 

Боз ҳам дар мавзӯйи алифбо як масъалаи печидае дорем. Ҳангоми омӯзиш ба мо ёд медиҳанд, ки Е – ин ҳарфи ЙЕ ё йотбарсари ЙЕ аст. Дар боло гуфтем, ки ин ҳарф вазифаи йотбарсар буданашро дар алифбои имрӯз иҷро намекунад. Аз сӯйи дигар, ин ҳарф дар навиштор амалан вазифаи ҳарфи Э-ро иҷро мекунад. Барои мисол, вожаҳои меравам, мегӯям, рег, бекор ва садҳо калимаҳои дигар бо ҳарфи Е навишта мешаванд. Ба ҳамин далел аст, ки мардуми мо ин ҳарф Е (номаш дар алифбо ЙЕ аст)-ро ҳамчун ҳарфи Е мешиносанд ва ҳамин тавр талаффуз мекунанд. Пас мушкили алифбо чӣ мешавад? Чаро мо Э талаффуз мекунем, вале Е (йе) менависем. Маълум аст, ки ин шакл баргирифта аз забони русист. Мо ба забони русӣ коре надорем, аммо чун имкони ислоҳи ин мушкил пеш омадааст, бояд, ки ислоҳ шавад.

 

Тавре аз навиштаҳои матбуот бармеояд, дар пешнависи имлои ҷади¬ди забони тоҷикӣ аз сӯйи Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳу¬рии Тоҷикистон ҷойгоҳи ҳуруфи арабӣ, ба мисли “айн”, аломати сакта ва шояд ҳамза низ мушаххас шуда бошад. Мо дар мавриди истифодаи ин ҳарфу аломат ва талаффузи вожаҳои арабӣ низ сардаргумиҳои зиёде дорем, ки воқеан ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз доранд.

 

Мо дар пешниҳоди андешаҳоямон ба хонандаи гиромӣ танҳо дар мавриди масъалаҳои, ба назарамон умда суҳбат кардаем, дар ҳоле ки ҳам дар мавриди овофонетика ва ҳам дар мавриди алифбо дар соҳаи забоншиносии тоҷик печидагиҳои зиёде ба мушоҳида мерасад ва донишмандон дар тӯли солҳо борҳо ин мавзӯъҳоро ба баҳсу барасӣ кашидаанд. Аммо тавре мушоҳида мешавад, хеле аз масъалаҳои нозуки овойӣ ва имлойии забони мо то ҳадде  баҳсбарангезанд, ки дар ҳалли онҳо натиҷаи ҳамгун ва қарори мушаххаси истифодаи нормативӣ ҳосил нашудааст. Ҳоло намехоҳам дар ин робита суханро ба дарозо бикашам, чун бо умеворӣ пас аз пешниҳоди лоиҳаи имлойи ҷадиди забони тоҷикӣ мешавад дар ин маврид низ муфассал сухан гуфт.

 

(идома дорад)

 

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4439-mushkili-zabon-dar-tojikiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854