21:31:00 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МЕРОСИ НИЁГОН: ОЙИШАИ САМАРҚАНДӢ

 

 

Ойишаи СамаркандиОид ба рӯзгор ва осори ин шоира муаллифони тазкира ва дигар сарчашмаҳои адабӣ, аз ҷумла Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» (ХIII), Лутфалибеки Озар «Оташкада» (1760-61), Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), Тоҷӣ Усмон «Бисту се адиба» (1957) маълумоти мухтасар дода, аз эҷодиёти ӯ намунаҳо овардаанд. Аз гуфтаи муаллифони фавқуззикр бармеояд, ки Ойиша дар асри ХII дар Самарқанд ба дунё омада, дар ҳамон ҷо илми адаб омӯхтааст. Дар бораи таърихи таваллуду фавт, ҷараёни зиндагӣ, авлоду аҷдод, миқдору анвои ашъори ӯ  то ҳанӯз маълумоти зиёде дастрас нагаштааст. Боиси таассуф аст, ки аз эҷодиёти ин шоира ба ҷуз ду рубоӣ дигар осоре ба мерос намондааст:

 

Ашке, ки зи чашми ман ба рӯ ғалтидаст,

Дар гӯш кашидаӣ, ки марворид аст.

Аз гӯш бурун ор, ки бадномии туст,

К-онро ба рухам тамоми олам дидаст.

* * *

Бо ман чу шабе васли ту бикшояд роз,

Ногоҳам аз шом кунад субҳ оғоз.

Бо ин ҳама гар иваз кунандам, надиҳам

Кӯтоҳшабе аз он ба сад умри дароз.

 

Шоира дар нахуструбоӣ манзараи ҳузнангезро чун наққоше ба чашми хонанда ҷилва медиҳад. Ӯ дар мисоли аз ашки ба рухсор чакидаи худ, вале ҳамзамон онро чун марворид дар гӯш кашидани маҳбуб мазмуне офаридааст, ки аз шоираи тасвиргари бузург будани ӯ дарак медиҳад. Дар рубоии сонӣ аз шабе ба васли ёр расидану он шом зуд ба субҳ мубаддал шудан ва сад умри дарозро ба кӯтоҳшаби васл иваз накардан сухан рафтааст.

 

Ойишаи Самарқандӣ дар сабки хуросонӣ эҷод карда, шеъраш хеле содда, фаҳмо ва пухтаанд, ки чунин тарзи нигоришро дар илми адабиётшиносӣ саҳли мумтанеъ меноманд. Аз ду порчаи намуна овардашуда маълум мегардад, ки шоира аз забони мардуми маҳал, фаровон истифода карда, шеъри худро бо санъатҳои шеърӣ зинат додааст. Аз ҳамин ду рубоии маҳфузмонда ҳам аён мегардад, ки Ойишаи Самарқандӣ дар эҷоди шеър маҳорати баланде доштааст ва мазмуну мӯҳтавои ашъораш низ аз борикхаёливу хуштабъии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

 

Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4531-merosi-niyogon-oishai-samarkandi.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi