01:46:37 03-уми Июни 2025 сол

РОБИТАҲОИ ҲУНАРӢ: ИМШАБ ҚАМАР ИН ҶОСТ

Аз гуфтаи муҳаққиқи эронӣ Ғуломҳусайни Юсуфӣ маълум мегардад, ки Қамарулмулки Вазирӣ яке аз сарояндагони номии кишвар ба ҳисоб рафта, шеърҳои машҳури шоирони эрониро месароидааст. Номи овозхони машҳури эронӣ Қамарулмулки Вазирӣ вирди забони насли калонсоли Эрон будааст ва ҳатто шоирон дар васфи ӯ шеърҳои самимие эҷод карда будаанд. Аз мадракҳои дар дастрасии мо қарор дошта боз маълум аст, ки шоирони забардасти Эрон ба монанди Эраҷ Мирзо ва Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр аз ғояти мухлису ҳаводори овози ӯ будан ба васфаш шеърҳои ҷудогонае низ суруда будаанд. Махсусан, ғазали Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр «Як шаб Қамар ин ҷост» дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон хеле маълуму машҳур аст ва аз забони сарояндагони ин кишварҳо бисёр садо медиҳад.

 

 

Артисти халқии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова дар мусоҳибае ба рӯзноманигори мустақили ҷумҳурӣ Султони Ҳамад дар бораи ин тарона чунин гуфтааст: «Он замон (соли 1957 Р.Х.) маро навакак ба филармонияи давлатӣ қабул карда буданд. Оғои Ҳафизуллоҳи Хаёл (овозхони маъруфи Афғонистон Р.Х.) вақте сурудхонии маро шунид, ба ман пешниҳод кард, ки як таронаи қадимии паштунӣ «Чавел чи моз дидарге»-ро дар консертҳо бихонам. Ман бо хурсандӣ ин пешниҳодро пазируфтам. Бояд бигӯям, ки бо кӯмаки Ҳафизуллоҳи Хаёл ману Ҳоҷатбегим Пиронова, сарояндаи хушовози филармонияи давлатии Тоҷикистон инчунин боз як таронаи машҳури афғонии «Имшаб Қамар ин ҷост»-ро таҳия намуда, аввалин бор дар саҳнаҳои тоҷик онро хондем. Дар радиои Тоҷикистон он суруди мо сабт шуда буд. Вале, мутаассифона, чун баъзе сабтҳои дигари таронаҳои ману бархе овозхонҳои дигар он тарона низ гумном шудааст».

 

Султони Ҳамад дар китоби «Аҳмад Зоҳирсултони қалбҳо» дар бораи чи гуна машҳур шудани ин тарона дахл карда, аз ҷумла овардааст: «Ин таронаро нависандаи ин сатрҳо дар иҷрои Нуқра Раҳматова ва Ҳоҷатбегим Пиронова он солҳо (1960-ум) борҳо шунида буд. Баъдан онро борҳо аз забони овозхонҳои афғонӣ чи марду чи зан шунидааст. Таронаи мазкур он замон хеле машҳур буд. Сабабаш он буд, ки муаллифи матни он тарона шоири эронӣ Шаҳриёр онро дар васфи Қамар ном як зани овозхони дигари дар ҳамон замон машҳури эронӣ навишта буд. Шоири машҳур Эраҷ Мирзо ошиқи он зан будааст. Дар ҳамон шеър ба ин нукта низ ишора кардааст» (Ҳамон ҷо, саҳ. 104).

 

Шоирон дар шеърҳои худ симои сарояндаро то андозае, ки тавонистаанд тасвир намоянд. Зимнан, мо низ ба хотири бештар ба ин сароянда ошно сохтани хонанда воҷиб донистем, ки матни шеъри «Як шаб Қамар ин ҷост»-и Муҳаммадҳусайни Шаҳриёрро чун армуғон пешкаши эшон гардонем.

 

ЯК ШАБ БО ҚАМАР

 

Аз кӯрии чашми фалак имшаб Қамар ин ҷост,

Оре, Қамар имшаб, ба Худо, то саҳар ин ҷост.

Оҳиста ба гӯши фалак аз банда бигӯед,

Чашмат надавад ин ҳама, як шаб Қамар ин ҷост.

Оре, Қамар – он қумрии хушхони табиат,

Он нағмасаро булбули боғи ҳунар ин ҷост.

Шамъе, ки ба сӯяш мани ҷонсӯхта аз шавқ

Парвонасифат боз кунам болу пар, ин ҷост.

Танҳо на ман аз шавқ саропо нашиносам,

Як даста чу ман ошиқи бепову сар ин ҷост.

Ҳар нола, ки дорӣ бикун, эй ошиқи шайдо,

Ҷое, ки кунад нолаи ошиқ асар, ин ҷост.

Меҳмони азизе, ки пайи дидани рӯяш,

Ҳамсоя ҳама сар кашад аз бому дар, ин ҷост.

Сози хушу овози хушу бодаи дилкаш,

Эй бехабар, охир чӣ нишастӣ, хабар ин ҷост.

Осоиши имрӯза шуда дарди сар аммо,

Имшаб дигар осоиши бе дарди сар ин ҷост.

Эй ошиқи рӯи Қамар, эй Эраҷи ноком,

Бархез, ки боз он бути бедодгар ин ҷост.

Он зулф, ки чун ҳола ба рухсори Қамар буд,

Боз омаду чун фитнаи даври қамар ин ҷост.

Эй кош саҳар н-ояду хуршед назояд,

К-имшаб Қамар ин ҷо, Қамар ин ҷо, Қамар ин ҷост.

 

Раҷабалӣ Худоёров, Қӯрғонтеппа, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4541-robitahoi-hunari-imshab-kamar-injost.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854