04:15:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АШЪОРИ ШОИРОНИ ТОҶИК ДАР ИҶРОИ ОВОЗХОНҲОИ АФҒОН

Албатта ин садои дилангезу марғуладорро шинохтед? Оре, Аҳмад Зоҳири нотакрор аст ва шояд матни таронаи ӯро низ донед, ки моли кадом шоир аст. Бале, ин ҳамон ғазали машҳури шоири ширинкаломи тоҷик Мирзо Турсунзода аст. Вале чӣ гуна он дастраси овозхони маъруф гардидааст, шояд надонед. Пас гӯш медиҳем ба сухани олим ва овозхони тоҷик Ҷӯрабек Назрӣ, ки миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст:

Ahmad Zahir Меҳмони Шаҳбозҷон будем бо Аҳмад Зоҳир ва як дӯсти Аҳмад Зоҳир бо номи Довуд. То нисфи шаб сурудхонӣ кардем. Ҳини худоҳофизӣ Шаҳбозхон ва завҷаашон Меҳриниссо, китоби «Мушоира»-ро ки дар Тоҷикистон чоп шуда буд, ба Аҳмад Зоҳир тӯҳфа карданд. Ман ба Аҳмад Зоҳир пешниҳод кардам, ки китобро кушояд ва ҳар шеъре, ки аз шоирони тоҷик рост омад, ҳамонро ӯ ба оҳанг дарорад. Аҳмад Зоҳир розӣ шуд. Китобро вақте кушод ҳамин ғазали машҳури устод Мирзо Турсунзода, ки матлаъаш ин аст, рух дод:

Туро садбор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,

Фидои як каломат, як саломат ман,  ҳамин кофист.

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро зиёиёни солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар Афғонистон  хуб мешинохтанд ва барояш нома низ менавиштанд ва ҳатто дар либоси назм:

Гӯ саломам шоири озодаро,

Шоғали Мирзои Турсунзодаро.

Овозхони дар он солҳо хеле маъруфи афғон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Садои тиллоӣ» ва аввалин хонандаи таронаи  машҳуру ҷовид «Ай сорбон, оҳиста рон» Абдуҷалил Залонд як ғазали дигари Мирзо Турсунзодаро, ки матлаъаш

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан,

мебошад, хеле самимӣ мехонад.

Ашъори шоирони тоҷик асосан бо ду роҳ дастраси овозхонҳои афғонӣ мегардид. Нахуст тавассути мутахассисини Тоҷикистон, ки дар Афғонистон кор мекарданд ва баъдан ҳангоми сафарҳои ҳунариашон ба  Тоҷикистон худи овозхонҳои афғонӣ аз шоирони тоҷик хоҳиш мекарданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намоянд ва ё ашъори худро ба онҳо диҳанд.

Масалан солҳои ҳаштодуми асри гузашта байни шоири машҳури тоҷик Бозор Собир ва овозхони шинохтаи афғон Аҳмад Мурид ҳамкории хеле ҷолибе сурат гирифт. Чандин маҳфилҳое бо иштироки Бозор Собир ва Аҳмад Мурид дар Душанбе барпо гардиданд, ки дар онҳо овозхони афғонӣ таронаҳои бар матни ашъори  ин шоири шаҳир эҷодкардаашро месуруд. Устод Бозор Собир дар сӯҳбат бо мо чи гуна оғоз ёфтани ин ҳамкориро чунин шарҳ дод:

 Ман Аҳмад Муридро намешинохтам, намедонистам. Ин мудшиносони мо бо Аҳмади Мурид ба воситаи тарҷумонҳо сурат гирифт. Тарҷумонҳое, ки дар Афғонистон кор мекарданд. Ҳамин тарҷумон бурда дар Афғонистон ба ҳамин Аҳмади Мурид хондаст. Вай ба хатти русӣ буд, Аҳмади Мурид хонда наметавонист. Ва ба Аҳмади Мурид маъқул шудаст, хуш омадаст. Гуфтаст, ки биё ман ҳаминода оҳанг месозум. Баъд ҳамин Аҳмади Мурид аввал як шеърда оҳанг баста буд, ҳамон шеъре, ки:

Номаҳоятро кушодам, дар ҳаво сар додам аз даст,

То шавад абри баҳорӣ, номаҳои ёдгорӣ.

Бар сари танҳо бигирянд, чашмаю дарё бигирянд,

Номаҳо бар мо бигирянд…

Ҳамин хел як сурудак буд, ҳамуна гирифта, оҳанг баста буд, ин мардак.

Абдулло Қодирӣ дар байни шуарои тоҷик ҳамчун шоири таронанавис машҳур аст. Ӯ нахустин таронаи худ «Ай нигори нозанин»-ро дар синни 18 солагиаш дар ҳамкорӣ бо оҳангсоз Амнун Бободӯстов панҷоҳ сол  муқаддам навиштааст. Бояд гуфт, ки ин тарона баъдан дар Афғонистону Эрон хеле машҳур гардид. Соли 1978 дар Теҳрон маҷмӯае бо номи «Панҷсад таронаи беҳтарини Эронзамин» ба табъ мерасад, ки ҳамин шеъри Абдулло Қодирӣ ба он китоб бидуни ном бурдан аз муаллиф дохил карда мешавад. Ин таронаро теъдоди зиёди овозхонҳои шинохтаи афғониву эронӣ хондаанд. Вале ба гуфтаи Абдулло  Қодирӣ он дар иҷрои Абдураҳими Сорбон дилангезтар садо медиҳад.

Суруди Сорбон

Вақтҳои охир бархе аз овозхонҳои афғонӣ ба хондани дубайтӣ ва рубоиҳои шодравон Лоиқ Шералӣ майл кардаанд. Мир Мафтун хонандаи таронаҳои мардумии Бадахшон:

Умрам ба алам зи остони ту гузашт,

Шуд мурғи дилам зи ошёни ту гузашт.

Гӯянд агар гузашт Лоиқ зи ҷаҳон,

Мақсад бидон, ки аз ҷаҳони ту гузашт.

Овозхони ҷавону умедбахш Ҷовид Шариф дар албоми ба наздики нашрнамудаи худ чандин рубоӣ ва дубайтиҳои устод Лоиқро дар таронаҳои тозаи хеш ҷо додааст:

Ногуфта намонад, ки матни чанд таронаам аз шоири бисёр хубу бузурги Тоҷикистон марҳум Лоиқ Шералӣ ҳаст. Бисёр шеърҳои ширин дорад. Албатта дубайтиҳош дилангезтаранд.

Дар хотима ҳаминро метавон гуфт, ки дар оянда ба нашр расидани китоби таронаҳои шуарои тоҷик бо ҳуруфи арабӣ ва онро дастраси ҳунармандони афғон намудан ба манфиати ҷонибҳо ва алоқамандони шеъру мусиқии ин ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

Султони Ҳамад, Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi