ҶАШНВОРАИ ТЕАТРИИ “НАВРӮЗ-2011”АНҶОМ ЁФТ
Баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъаи 8 апрел дар театри русии ба номи Маяковский маросими расмии анҷоми ҷашнвораи байналмилалии театрии “Наврӯз-2011” баргузор гардид. Дар зарфи се рӯзи ин ҷашнвора ҳафт намошномаи театрҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон пешкаши тамошочиён шуд.
Қабл аз оғози маросими расмӣ, намоишномаи “Ишқи парӣ”-и театри русии Маяковский, ҳамчун охирин намоишномаи ширкаткунандаи ҷашнвораи “Наврӯз-2011” намоиш ёфт. Дар маросими анҷоми ҷашнвора, Мирзошорух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, суханронӣ кард ва аз ширкати театрҳои кишварҳои минтақа дар он тақдир кард. Оқои Асрорӣ ба куллияи театрҳои ширкаткунандагони ҷашнвораи “Наврӯз-2011” армуғонҳои вижаи ҷашнвораро эъто кард ва нақши ин ҷашнвораро дар рушди ҳунари театрӣ дар минтақа созанда хонд.
Мушкилоти ҷашнвора
Намояндагони театрҳои кишварҳои минтақа низ аз ҷашнвора розӣ ба назар менамуданд. Вале ба гуфтаи намояндагони ҷумҳурии Қиғизистон, яке аз мушкилоти умдае, ки онҳо дар ҷашнвораи “Наврӯз-2011” эҳсос карданд, адами тарҷумаи ҳамзамони матнҳои намоишномаҳо ба забонҳои мафҳум буд.
Қубанҷибек Эстебесова, раиси театри Таласи Қирғизистон дар ҷараёни яке аз нишастҳо гуфт: “Мо намошнмаҳоро медидем, вале мутаваҷеҳи забони он намешудем. Ҳамчунин мо бо худ тарҷумаи намоишнмаро ба забони русӣ овардем, вале дар ин ҷо ба мо гуфтанд, ки театрҳо таҷҳизоти фаннӣ барои шунидани тарҷумаро надоштаанд.”
Оқои Эстебесов пешниҳод кард, ки дар ҷашнвораҳои баъдӣ бо таваҷҷӯҳ ба ширкати театрҳои кишварҳои дигари минтақа, зарурати тарҷимаи забонии намоишномаҳо ба назар гирифта шавад. Ҷашнвораи “Наврӯз-2011” баъд аз ду рӯзи ҷашнвораи театрҳои дохилии Тоҷикистон бо номи "Парасту-2011" шурӯъ шуд ва дар рӯзи аввали он намоишномаи “Рӯдакӣ” аз театри ба номи Лоҳутӣ чун намоишномаи пирӯзи “Парасту” ба намоиш даромад.
“Мавзӯъи ҷолиби намошномаҳо”
Қарор буд дар ҷашнвораи “Наврӯз-2011” театрҳои Эрон ва Ӯзбакистон низ ширкат кунад, аммо ба далоили номаълум ин ду кишвар аз ширкат дар ин ҷашнвора худдорӣ кардаанд. Дар ҷашнвораи “Наврӯз-2011” ғолибон эълом нашуда ва ҳамаи театрҳо ҷоизаҳои ҳамгунеро дарёфт карданд.
Бархе аз тамошочиён, ки аз намоишномаҳои ҳамаи театрҳо дидан кардаанд, мегӯянд, ки намоишномаҳои ин ҷашнвора яке беҳтар аз дигаре будааст. Вале бештари онҳо ба ҷолиб будани намошномаи “Дарбанд”-и театри Афғонистон таъкид кардаанд.
Зеро ба гуфтаи онҳо бо вуҷуди мушкилоти ноамнӣ дар он кишвар, ҳунармандон тавонистаанд, ки сарнавишти ҷолиби занони афғон ва мушкилоти онҳоро дар ин намоишнома матраҳ кунанд. Зеро мавзӯъи он, ки ба сарнавишти як зане, ки дар хонаводааш бо хушунат ва зӯроварӣ рӯбарӯ мешавад, бахшида шудааст. Ба гуфтаи онҳо мавзӯъи хушунат дар хонавода барои сокинони Тоҷикистон низ ошно будааст.
Вале иддае аз тамошочиён аз ҷумлаи бонувон бо изҳори таъассуф гуфтаанд, ки мебояд намоишномаи театри афғонӣ ва театрҳои дигари ширкаткунандаи ҷашнвора дар шаҳри Душанбе чандин бор ба намоиш медаромад.
Пешниҳоди ҷашнвораҳои "Наврӯз" ҳануз дар даврони Шӯравӣ аз сӯйи иддае аз ҳунармандон ва коргардонҳои мумтози театрии кишварҳои минтақа ироа шуда буд ва барои бори нахуст ин ҷашнвора дар Тоҷикистон дар соли 1989 доир шуда буд.
Сипас ҷашнвораи "Наврӯз"-ро кишварҳои дигари минтақа низ доир карда буданд ва ҳунаршиносон аз тадорукоти хуб ва кайфияти баланди намоишномаҳои ширкаткунанда дар он ҷашнвораҳо ёдовар мешаванд.
Ҳарчанд дар гузашта баъд аз анҷоми ҷашнвораи театрии "Наврӯз", макони баргузории ҷашнвораи баъдӣ эълом мешуд, вале ин бор дар бораи он, ки кадом кишвари минтақа доиркунандаи баъдии ин ҷашнвора хоҳад буд, муъайян нашудааст.
Би-Би-Си