14:29:35 02-уми Июни 2025 сол

«ҲАФТАИ ФИЛМҲОИ АФҒОНИСТОН» ДАР ДУШАНБЕ БА ОХИР РАСИД

Дирӯз, 30-уми апрел, «Ҳафтаи синамои Афғонистон дар Душанбе» бо намоиши филмҳои «Роҳи бебозгашт»-и Басир Санги ва «Ҷанги тарёк»-и Сиддиқ Бармак ба охир расид.

didor-2011.jpgФилмҳои мазкур, ки аввали соли 2003 ва дуввумӣ соли 2008 ба навор гирифта шудаанд, воқеияти имрӯзи Афғонистони ҳамсояи моро рӯи пардаи синамо ҷилвагар месозад. Коргардони боистеъдод Басир Санги дар зарфи 28 дақиқае, ки филмаш идома меёбад, тавонистааст хатару зиёнеро, ки падидаи номатлуби замони мо- ҳамлаҳои интиҳорӣ имрӯз барои ҷомеаи башарӣ дар тамоми ҷаҳон ба бор овардааанд, дар мисоли як худкуши афғонистонӣ, ки аслан аҷнабӣ ҳаст, бо тамоми паҳлӯҳои манфиаш баён созад.

Мухлисони сершуморе, ки толори кинотеатри «Зебунисо»-ро моломол карда буданд ва асосан ҷавонон буданд, ин филмро бо як таваҷҷӯҳи хеле зиёд тамошо карданд. Ногуфта намонад, ки ин филм дар ҷашнвораи навбатии байналмилалии «Дидор», ки тирамоҳи соли гузашта дар дар Душанбе баргузор гардид, яке аз ҷоизаҳои асосии ин фестивалро бо худ бурда буд.

Филми Сиддиқи Бармак «Ҷанги тарёк», ки дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби чанд ҷоизаи аввал гардидааст, низ пур аз панду андарзу ҳикмат аст. Он дар хусуси ду сарбози амрикоие қисса мекунад, ки баъди суқути чархбол дар яке аз деҳаҳои дурдасти Афғонистон дар зоҳир бо зиндагонии хонаводае, вале дар асл бо воқеияти имрӯзи Афғонистон аз наздик шинос мешаванд ва мебинанд, ки қабл аз онҳо дар ин ҷойҳо сарбозони шӯравӣ, покистонӣ ва толибон низ будаанд, вале ба ҷуз аз гӯрҳои гумноме аз онҳо нишоне намондааст.

didor-2011.jpgМардуми оддии Афғонистон, низ ҷуз дар тонкҳо ва чархболҳои суқуткардаву сӯхтаи ишғолгарон манзил гузидан ва барои наркабаронҳо кишт кардану парвариш додани тарёк дигар илоҷе надоранд. Ин филми Сиддиқи Бармак, ҳамчун филмҳои дигари ӯ, ба хусус филми «Уссома», на танҳо дарди Афғонистон аст, балки дарди башариятро нола мекунад ва аз ояндаи начандон умедворкунандаи он дарак медиҳад.

Дар хатми намоиши филмҳо коргардони маъруфи афғон Сиддиқ Бармак ва коргардони ҷавон, вале маъруфи ин кишвар Басир Санги бо хабарнигорон вохӯрда дар хусуси дирӯзу имрӯз ва фардои синамои Афғонистон, инчунин дар бораи фаъолияти эҷодии хеш дар чанд соли ахир ибрози фикру андеша намуданд.

Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Дидор» бо кӯмаки шӯъбаи Тоҷикистонии Институти «Ҷомеъаи кушода» Бунёди Мадад таҳти унвони «Лаҳзаҳои дидор» ҳафтаи филмҳои кишварҳои ширкаткунанда дар ҷашнвораи байналмилалии синамогарон «Дидор»-ро роҳандозӣ намудааст.

Дар ҳафтае, ки гузашт тақрибан 10 филми синамогарони Афғонистон, ки солҳои қабл дар ҷашнвораи «Дидор» ба намоиш гузошта шуда буданд, пешкаши мухлисони синамои пойтахт гардиданд. Дар нақша ҳаст, ки ҳафтаи оянда филмҳои синамогарони Қирғизистон ба маърази тамошо гузошта шавад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854