01:56:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?

Расо як моҳ қабл сомонаи «Рӯзгор» аввалин шуда ба муштариёни худ дар бораи  таваҷҷӯҳи зиёд доштани алоқамандони суруду таронаҳо ба нашри  нахустин албоми сарояндаи ҷавон Наимҷони Сайдалӣ дар вилояти Хатлон хабаре расонда буд. Ҳамон вақт сомона дар чаҳорчӯбаи чандрасонаӣ маъруфтарин таронаи ҳамин албом-суруди «Ғарибӣ»-ро низ пешкаши муштариёни худ карда буд.

hanifa-qurbonova_gharibi_2.jpgДар тӯли як моҳ хонандагон ва тамошобинону шунавандагони сершумори сомонаи «Рӯзгор» ин хабарро хонда, таронаро борҳо дидаву шунидаанд. Дар вокунишҳои худ қариб ҳама ибрози ақида намудаанд, ки ин тарона ва  видеоклипи он хеле моҳирона ва пуртаъсир ба навор гирифта шудааст.

Дар ҳамин даврае, ки бархе аз муҳоҷирини меҳнатии бемасъулият чандин солҳост, ки аз зану фарзанд, падару модари хеш ва дигар наздикони худ фаромӯш карданду кӯмаке ба онҳо намекунанд, рӯйи сафҳаи шабакаи байналмилалии интернет омадани чунин таронаву чунин видеоклип хеле ба маврид ва ба манфиат аст, навиштаанд бархе аз муштариёни сомонаи мо.

Аз ин рӯ ин муштариён аз аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» хоҳиши зиёд кардаанд, ки дар бораи сарояндагони суруди «Ғарибӣ» Наимҷони Сайдалӣ ва Ҳанифа Қурбонова барояшон маълумоти муфассал бидиҳем. Дар ин байн дар дӯконҳои дискфурӯшии вилояти Хатлону шаҳри Душанбе таронаи «Ғарибӣ-2» дар иҷрои ҳамин овозхонҳо дар шакли видеоклип ба фурӯш баромад.

Мушоҳидаҳои нахустини мо аз он далолат медиҳанд, ки диски суруди «Ғарибӣ-2» низ аз серхаридортарин дискҳои ҳафтаи охири дӯконҳои дискфурӯшии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Хоҳиши муштариён ва хабари ба фурӯш баромадани диски суруди «Ғарибӣ-2» моро водор сохт, ки хабарнигори сомонаро барои гирифтани маълумоти бештаре дар бораи ин овозхонҳои ҳанӯз барои бархе ношинос, вале тез ба шӯҳрат расида истода ва таронаи нави онҳо ба вилояти Хатлон ба сафари хидматӣ фиристем.

Хабарнигори мо Субҳиддини Султон бо ҳардуи ин овозхон вохӯрда фикри андешаҳои ҷолиби онҳоро рӯйи навори видео овардааст, ки ҳамакнун бо усули чандрасонаӣ пешкаши шумо муштариёни гиромӣ мегардонем. Шумо дар ин навор маълумот ва фикру андешаҳои хеле ҷолиби ин ду ҳунарпешаро хоҳед фаҳмид. Аз он ҷумла  агар Шумо мехоҳед ба суолҳои «Кай дар куҷо клипи дуввум ба навор гирифта шудааст? Чаро бригадир Ҳанифа Қурбоноваро падарлаънат гуфт?

Кӣ ва барои чӣ Наимҷони Сайдалӣ ва Ҳанифа Қурбоноваро ба Ғарм даъват мекунад? Чанд бародари Наимҷон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст? Он духтараки хурдсоле, ки дар видеоклипҳо ашки шашқатор мерезад, кӣ ҳаст? Чаро Наимҷон нахост, ки бо Райҳона Давлатова дуэт бихонад? Чаро муаллифони видеоклипи «Ғарибӣ-2» дар пайи таҳияи суруд ва  видеоклипи «Ғарибӣ-3» ҳастанд?» ва боз ба саволҳои зиёди дигар посух бигиред, ҳатман маводи бо усули чандрасонаӣ таҳиянамудаи хабарнигори моро тамошо кунед.

Мо, ҳайати эҷодии сомона аз фурсат истифода бурда ба ин овозхонҳо барои рӯйи сафҳаи сомона гузоштани суруди «Ғарибӣ-2» ризоят доданашон ибрози ташаккурӣ намуда ба онҳо ва дигар дастандаркорони ин видеоклипи диданӣ ва шуниданӣ пеш аз ҳама саломатӣ, бахту саодат ва комёбиҳо дар фаъолияти эҷодиашон орзумандем.

«Рӯзгор»

 

Матни таронаи «Ғарибӣ-2»

 

Писар:

Намозаки шом шудасту мо дарбадарем,

Мардум сари болинанду мо пушти дарем.

Мо марди мусофирем, мо раҳгузарем,

Аламҳои ғарибира бо худ мебарем.

 

Модар:

Раҳакои Маскваро тай кард бачаме,

Омадани  хонаҳакма бас кард бачаме.

Чашмум ба раҳут дили очат пураламай,

Эй бачаи ҷон, аз гиря чашмум варамай.

 

Писар:

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир.

 

Писар:

Ман ёд кунум нони танури очаме,

Ҳам қомату абрӯи банури очаме.

Дӯстони азиз, мусофири мушкилае,

Чун кандани кулча аз танӯри очаме.

 

Модар:

Ин беди баланд дар бараки долонуме,

Мардикор шидай бачаҳаки нодонуме.

Эй ҷони ширини оча кай меоие,

Сар дар бағалут монум барояд ҷонуме.

 

Писар:

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир.

 

Хоки Ватанам мушку анбар дораде,

Ҳар қатраи об ширинтар аз қанд дораде.

Эй дӯст қадам ба хокаш оҳиста бимон,

Садқай Ватанам, ки бӯи модар дораде.

 

Модар:

Чиликаки борикаки ма дардмандае

Дарди дили ма барои як фарзандае.

Тоҷикбачаҳой ҷудо аз хонаву дар,

Мо очаи бачаҳои дилдардмандеме

 

Писар:

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир.



Шарҳҳо   

 
+3 #23 RE: ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?Guest 26.03.2012 04:39
салом ба хамаи одамоне, ки дар сайт хастанд. Ин клип хеле хуб ба навор гирифта шуда ва хеле хуб сароида шудааст. Рахмат барои чунин клипу сурудхо, захматхои зиёдатон. Ман мехохам, ки чунин клипу сурудхо зиёд шаванд.
 
 
0 #22 RE: ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?Guest 24.03.2012 19:07
Salam Join this site.
www.ClickAfghan.com
 
 
+1 #21 RE: ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?Guest 29.01.2012 23:40
klipda serial namega brat, suruda hoo tenj xonday makul shid 1umginash , neki mada ya chish naforid ki da kismi 3yumash xoharta monday katort baid bga, i uje ai akl berunay, baroi hami bratanjon luchshe mukobili baxti xohart nasha, vai duxtaroe ki hofizi meknan uje uvo ai shushon bromadagiyan bevahan, ma ham4un barodarvor maslihatt metm, dar panohi Xudo bosh, otvetsha mada roi ku brat
 
 
-2 #20 Guest 08.12.2011 02:36
хамеша сарбаланд боши наймчон ва номбардори милати точик
 
 
+3 #19 Guest 10.08.2011 06:14
Ин хел сурудҳо хело ҳам хуб аст. Чун мардуми ҒАРИбИ ТОҶИКА хушҳол мекунад, аммо БАРОДАРОНИ ҒАРИБИ МАН!!! касонеро, ки боиси ин ҒАРИБИИ мо шидаанд ва худашон дар кишвари азизамон ТОҶИКИСТОН ҳаққи ману шуморо хӯурда истодаандро набояд фаромуш кунем!!!
 
 
+1 #18 Guest 30.07.2011 12:17
ман ба сурудхондани Ханифада ку гап надорам неки аз Наимчон дорам чунк фалш мехонад ба хар хол суруд нагз Наимчон хам сабката иваз кун хам техниката нагз кун фахмо.....
 
 
0 #17 RE: ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?Guest 05.07.2011 02:53
ман хело хурсанд ва шодам аз ин суруд дар шахри гариби аз шунидани чунин суруд мехрат нисбати ватани азизат боз хам зиёд мешавад.
 
 
-2 #16 RE: ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?Guest 19.05.2011 13:44
salom salom barodaroni khelo va khelo giromi man dar egypt hamin klip ro tamoshokardam devonashay 3 kism kay meburoya be sabrona intizorammmmm e nekim klipi zuray mada ganda foridak e zurayyyyyyyy da diga chi bugum hamika gapi tojiki medonam
 
 
+1 #15 RE: ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?Guest 12.05.2011 01:22
Салом ба кули мардуми Точикистони азиз...Рахмат барои як навори таъсирбахш....а з рузе ки хамин навор баромадаст мардуми гариб гирёну нолон мегарданд...... .
 
 
-2 #14 RE: ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?Guest 11.05.2011 19:37
Мо метавонем дар рузгор регистратсия кунем худамонро???
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi